Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Нишонаҳои инҳо: Нишонаи реши ғӯзаи чашм ин аст, ки агар ба сиёҳии чашм биафтад, чун нуқтаи сафед ва агар бар табақаи пайвасткунанда [ва ё бар иклил]168 биафтад, чун нуқтаи сурх бинамояд ва ҳамроҳи он дарди сахт ва дил задани чашм ба амал оянд.
Агар хунобае, ки бар рифода часпида мегардад, сафедтоб бошад, ин бар дарди кам ва дилзании қавӣ далолат кунад, агар зард, ё тираранг ва ё тунук бошад, [ҳолатҳои мазкур] сабуктаранд, вале агар сурх бошад, дард ниҳоят сабук бувад [ва агар хокиранг бошад, дард сахт хоҳад буд].169 Илоҷ: Ҳар гоҳ реш андар чашми рост бошад, бемор бояд бар паҳлуи чап ва агар андар чашми чап бошад, бар паҳлуи рост бихобад. Нахуст бояд ғизои ӯро латиф сохт, вале агар реш кафида бошад, тадбири ғизоро тағйир дода, [хӯрдани] каллапочаи гӯспанд ва мурғчӯҷа фармоянд, то ки қувваташ суст шуда, боиси фароҳам наомадани реш ва афзудани фазлаҳои хун нагардад. Бояд бемор пур нахӯрад, доду фиғон накунад, агар битавонад, атса назанад ва пеш аз пухтани иллат ба гармоба надарояд, вале агар бидарояд, набояд ки андар он дер бимонад. Илоҷи асосӣ бо доруҳои истифроғии [моддаро] ба фурӯсӯ кашанда истифроғ овардан аст. Инчунин ба ҳангоми [решҳо] бар соқи пой бисёр ниҳодани миҳҷама, задани раги софин ва пайваста ҳар чаҳор рӯз як бор бо доруҳое исҳол овардан нофеъ аст, ки аз қабили чизҳои ҷӯшонидаву таркарда буда, фазлаи гарми тунукро берун оранд. Агар андар ин ҳангом омоси чашм ҷой дошта бошад, онро нахуст бо истифроғе, ки андар боби он ёд шудааст, бо доруҳое аз қабили шиёфи нашостагӣ, [шиёфи] кундурӣ ва сафеда, ки ҳам хосияти фурӯнишондани дард ва ҳам фароҳам овардани решро доранд ва бо чаконидани шири занон андар чашм муолаҷа кунанд. Агар сайлони хилт ҷой дошта бошад, бо ин [доруҳо] чизе биомезанд, ки дорои қувваи боздоранда бувад.
Умуман, қонуни ихтиёри доруҳо [ҳангоми муолаҷаи реш] ин аст, ки бояд ҳамаи он чизҳоеро интихоб намуд, ки бидуни сӯзиш хушкӣ оваранд. Ҳар гоҳ гармӣ шиддат ёбад ва агар шиёфи нарми шодана ва шиёфи кундурӣ ба кор бибарӣ, сахт суд бахшанд. Баъзе аз шиёфҳои нофеъ шиёфи сафониён ва фунис170 мебошад. Агар сайлон ҷой дошта бошад, шиёфи диюрис171 ва амолун васадӣ172 [суд доранд]. Агар [моддаи] сайлон тез бошад, бояд шиёфи сортобун173 [ба кор бурд] ва агар тез набошад, шиёфҳое ба кор бояд бурд, ки андар таркиби онҳо мурр ва нордин бидароянд. Агар андар реш чирк бошад, ӯро бо шароби ангубин, ё бо луоби тухми катон ва ё бо шири занон пок кунанд.
Агар реш бисёр хӯрда шуда бошад, ночор бояд трахумотиқун ба кор барӣ. Ҳар гоҳ реш пок гардад, ба истеъмоли доруҳои хушкифизое бипардоз, ки сӯзанда набошанд, масалан, аз қабили инҳо: шиёфи кундур, худи кундур, нашоста, сафеда, арзизи сӯхтаи шуста, шиёфи сафед ва хусусан шиёфи сурб. Инчунин хокистари шустаи садаф бо сафедии хоя ва ё хокистари шустаи садафи бузургро бо якчанди он аз шодана [ба кор бибаранд].
Нусхаи шиёфи лубонис174, ки он қавӣ бошад: шонздаҳ мисқол иқлимиё, як уқия сафедаи шуста ва ду мисқолӣ

аз нашоста, афюн ва касиро гирифта, ҳамаро бо оби борон совида, орд кунанд ва бо сафедии хояи мурғ бисириштанд.
Нусхаи дигар ба ҳамин ном, ки аз аввала қавитар аст: Ҳашт [мисқолӣ] иқлимиёи сӯхтаи шуста ва сафедаи шуста, шаш [мисқол] мурр, як [мисқол] сурмаи сӯхтаи шуста, чаҳор [мисқолӣ] аз нашоста, арзизи сӯхтаи шуста ва талк ва ҳашт [мисқол] касироро бо об суда, бо сафедии хоя бисириштанд. Дурустии инро Худо медонад.
Фасли севвум андар баёни шикофтагиҳои табақаи шохгун

[Шикофтагӣ] гоҳе мумкин аст аз сабаби реше падид ояд, ки нуфуз карда бошад ва гоҳе мумкин аст аз сабаби берунае аз қабили ногаҳон кӯфтан ва ё ба ҳам бархӯрдан падид омада, бар асари он табақаи ангурмонанд намудор бигардад. Агар бахши аз он намудоршуда ба андозаи ночиз бошад, онро ба ҳасби бузургию хурдӣ [баромадагии] «мӯрчамонанд», «мӯрсарак» ва ё «магасмонанд» номанд. Агар беш аз он буда, ҳамчун донаи (122) ангур бинамояд, онро [баромадагии] «ангурмонанд» номанд. Агар аз ин ҳам бузургтар бошад, «ҳубобӣ» гӯянд.
Агар инабия ниҳоят берун баромада, миёни ду пилкро бигирад ва онҳоро пӯшидан нагузорад, инро баромадагии «мехмонанд» номанд. Агар инабия сафед бигардад, шифо нахоҳад ёфт.
Бидон, ки ҳар гоҳ инабия ба дарозо шикофта шавад, сафедӣ дида нахоҳад шуд, балки шикофтагӣ дида шавад ва чунин бинамояд, ки мардумаки [чашм] ба дарозо кашида шудааст. Инро мумкин аст аз ин ҳам возеҳтар баён намуд ва гуфт: шикофтагӣ мумкин аст андар ҳамаи бахшҳо ва қишрҳои табақаи шохгун ба амал омада, [63] чизи беруноянда аз гавҳари инабия бошад ва мумкин аст андар баъзе аз бахшҳо ва қишрҳои он падидомада чизи берун баромада ҷузъе аз худи ин [табақа] бошад. Ин ба ҳангоми хӯрда шудани баъзе аз қишрҳои он ба амал омада, шабеҳ ба обилаи обист, вале аз обилаҳои обию бодӣ бо он фарқ кунад, ки ҳамроҳи ин обилаҳои обию бодӣ андар сафедии чашм сурхӣ, ашк ва тапиш ба амал омада, худи онҳо андар зери мил пахш шаванд, вале [баромадагии аз шикофтагӣ баамаломада] чунин нест. [Агар баромадагӣ аз ҷиҳати қарния, яъне аз худи он бошад, сахти матин буда, андар зери мил пахш нахоҳад шуд]175.
Аммо баромадагие, ки ба сабаби шикофта шудани ҳамаи қишрҳои қарния ва баромадани ҳама ва ё бахше аз инабия ба амал ояд, бар чаҳор намуд аст: [якум] хурди магасмонанд ва ё мӯрчамонанд, ки гоҳе агар хурд бошад, ба обилаи обӣ ва бодӣ монанд аст, вале аз онҳо бо он фарқ кунад, ки вай андар сиёҳӣ, кабудӣ ва маллагӣ ба ранги табақаи ангурмонанд аст. Агар ранги он аз ранги инабия фарқ кунад, пас, вай обилаи обист. Гоҳе тахмини андар ҳоли он падидомада бад-ин гуна ба таҳқиқ бирасад, ки агар андар буни он ягон чизи сафедеро ба мисли шероза печида дарёбанд. Ин гирдогирди шикофтагии қарния аст, ки ҳангоми фароҳам омадан, сафед гардидааст. Дуввум ҳамон [баромадагиест], ки ёд кардем ва онро «ангурмонанд» номидем. Севвум [баромадагии] аз он бузургтар буда, пилкҳоро пӯшидан нагузорад ва онро «ҳубобӣ»176 ва «мехмонанд» номанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ