Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

оромсозандаи дард ва ислоҳкунандаи хилти газанда
аст. Гоҳе бо он афюн биомезанд ва он гоҳ дардро бештар фурӯ нишонад, лекин мумкин аст, ки он ба сабаби
карахтӣ ва хомӣ овардан чашмро зиён расонад ва муддати иллатро дарозтар кунад. Чизи дигаре, ки ба равиши ин аст, қурси гулист. Ин ба ҳақиқат ҳангоми афрӯхтагӣ ва сӯзиши [беморӣ] манфаати бузург дорад. Ин
[қурс] ҳам ба намуди бузург аст ва ҳам хурд. Андар Қарободин қурсҳо ва шиёфҳои дигаре аз ҳамин қабил
хоҳӣ ёфт ва андар ҷадвалҳои [махсуси] чашм аз қабили
доруҳои содаи пасгардонандаи модда мисли мурдосанг,
касиро, ҳузаз, гул, (120) санги сурмаи исфаҳонӣ, ақоқиё, момисо, сандал, мозу, гили набишта, фишурдаҳои
гуногун, самғ ва дигар чизҳоро метавон пайдо кард. Доруҳои содае, ки хосси моддаҳои ситабранд, масалан, ин

ҳост: мурр; заъфарон; кундур; сунбул; [62] гунди бедастар; андаке аз миси сурх; сабр ба таври махсус; ҳамомо; ва шохи сӯхтаи гавазн.
Аммо андозагирӣ ва омехтани доруҳо бад-ин гуна, ки сардтар ва ё гармтар бошанд, ба тахмини тиббие вобастааст, ки ҳангоми ҷузъиёт ба кор бурда шавад. Аммо дигар омехтаҳои санҷидашуда бошанд, мо онҳоро андар Қарободин ёд хоҳем кард. Яке аз доруҳои пасгардонандаи карахткунандае, ки аз барои шиддати дард ва моддаи ситабр санҷида шудааст, сиёҳии кафшгарон аст, ки бо ангубини холис ва оби шанбалит ба ёрии мил ба ҳар ду кунҷи чашм бикашанд.
Аммо аз миёни доруҳои мураккаб шиёфи истифтиқон, шиёфи сурхи нарм, шиёфи шоданаи бузург ва қурсҳои гул сахт судманданд.

Мақолаи дуввум

АНДАР БАЁНИ БЕМОРИҲОИ БОҚИМОНДАИ ҒӮЗАИ ЧАШМ, КИ БЕШТАРИ ОН
АНДАР БАЁНИ ИЛЛАТҲОИ ТАРКИБӢ ВА ГУСАСТАГИИ ПАЙВАСТАГИСТ

Фасли нахустин
андар баёни обилаҳои чашм

Андар бархе аз қишрҳои қарния, ки аз чаҳор табақа иборат аст, обилаҳои обӣ падид омада, андар миёни ду қишри ин чаҳор [табақа] банд шуда бимонанд ва ночор маҳалҳои онҳо гуногун буванд. Бадтарини онҳо ҳамонест, ки дарунтар ҷойгир бошад. Онҳо ба ҳасби бешию камии миқдор гуногун буванд. Мумкин аст аз ҷиҳати рангу қивом ва мумкин аст аз ҷиҳати хушию тезӣ ва хӯрандагӣ гуногун бошанд. Оне, ки ба қишри якум наздик аст, сиёҳ ба назар бирасад, аз баҳри он ки вай биноиро аз дидани табақаи ангурмонанд боз надорад. Аммо [обилаҳои] амиқ ҷойгиршуда монеи дидани он бигарданд, зеро онҳо аз [маҳалли] расидани шуоъ дуртар ҷойгир шудаанд ва бинобар ин, сафед бинамоянд.
Бахши бисёри обии тез бад аст, зеро он бо азҳамкашидану хӯрандагии худ боиси дард бигардад. Он ҳар андоза, ки фурӯтар бошад, ҳамон андоза бештар азҳамкашидагӣ орад ва хӯрандагияш бештар густариш ёбад.
Он қисм аз он, ки баробари шикофтагии [чашм] биафтад ва хусусан агар хӯрандаю решкунанда бошад, биноиро зиён хоҳад расонд.
Илоҷ: То вақте ки [обилаҳои обӣ] ҳанӯз хурд ҳастанд, онҳоро бо доруҳои сабуке аз қабили доруи гили Шомус муолаҷа кунанд. Ин дору бад-ин гуна аст, ки се уқия гили Шомуси бирёнкарда, як уқия тӯтиё, ду уқиягӣ аз иқлимиёи шуста ва сурмаи шуста, ба ҳасби як нусха чаҳор уқия ва ба ҳасби баъзе нусхаҳои дигар як уқия аз туполи шустаи мис, се уқия афюн ва чаҳор уқия самғ гирифта, ҳамаро бо оби борон сиришта, аз онҳо шиёфҳо бисозанд ва бо оби шанбалит ба кор баранд. Агар [обилаҳои обӣ] бузург бигарданд, онҳоро бо оҳан [яъне аз тариқи буридан бо нештар муолаҷа кунанд. Шахсеро, ки ба чунин иллат гирифтор буд, бо нештар муолаҷа кардам ва бахши обии андар зери қарния ҷамъшуда берун омада, сатҳи қарния ҳамвор шуд. Сипас чун ӯро бо шир ва шиёфи ёра дармон кардам, шифо ёфт]164.
Фасли дуввум андар баёни решҳои чашм ва шикофтагиҳои қарния

Решҳои чашм аксар вақт аз хилтҳои тези сӯхта падид оянд. Онҳо ҳафт навъ буда, чаҳортои он андар рӯи қарния ба амал оянд, ки инҳоро Ҷолинус «реш» ва бархеи пеш аз ӯ гузаштагон «дуруштӣ» хондаанд.
Нахустини онҳо решест, ки дудгун буда, бар сиёҳии чашм биафтад ва андар он густариш ёфта, ҷои бисёреро бигирад. Инро «[реши] пинҳон» хонанд ва гоҳе мумкин аст «қатом» (гарди сиёҳ) гӯянд. Баъд синфи дигаре ҳаст, ки он амиқтар ҷойгир шуда, бештар сафед ва ҳаҷмаш хурдтар аст. Инро «саҳоб» (абр) ва гоҳе низ «қатом» (гарди сиёҳ) гӯянд. Севвум реши иклилист, ки бар иклили сиёҳии [чашм] биафтад. Гоҳе мумкин аст як бахш аз сафедии табақаи пайвасткунандаро фаро гирифта, бахши бар фарози сиёҳии чашм буда сафед ва бахши бар фарози табақаи пайвасткунанда будаи он сурх бинамояд. [Реши] чаҳорумро «сӯзон»
ва гоҳе «пашмӣ» номанд ва бар зоҳири ҳадақа чун пашми хурде бинамояд. Сеи дигар андарун ҷой гирифтаанд. Якеро «лусубун»,165 яъне «мағокии амиқ» номанд. Ин реши дур фурӯрафта, танг ва покиза бувад. [Дуввум решест], ки онро «лулумо»,166 яъне «мағоккунанда» хонанд ва ин камтар фурӯрафта (121) ва бештар густаришёфта аст. Севвумиро «афиқумо»,167 яъне «сӯзон» низ номанд. Ин чиркест, ки дорои хушкреша буда, пок сохтани он хатарнок аст, зеро рутубат ҷорӣ шуда, пардаҳоро бихӯрад ва баробари он чашм табаҳ бигардад.
Решҳо андар чашм ё баъд аз омоси чашм, ё баъд аз табишҳо ва ё ба сабаби кӯфтагие падид оянд. Бисёр бошад, ки сарчашмаи реш аз дарун буда, сипас ба берун ҷӯш зада барояд ва гоҳе мумкин аст баръакс бошад.

пешина
аз 1215
навбатӣ