Қонуни тиб

Ҳангоми он барҷастагие, ки аз сабаби истирхои мушак ба амал ояд, ҳадақа бузург нагардад ва азҳамкашидагии сахт аз сӯи андарун ҳис карда нашавад. Ҳангоми он ҳадақа ноором бошад.
Илоҷ: Барҷастагии сабукро банди ба андарун фишордиҳанда бастан, бар пушт хобидан, ғизоро сабук сохтан, кам ҷунбидан ва чашмро пайваста хобонида доштан кифоят кунад. Агар ба тақвияти доруҳо ниёзмандӣ падид ояд, бояд шиёфи тутумро ба кор бурд. Агар ҳангоми барҷастагии қавӣ модда вуҷуд дошта бошад, эҳтиёҷ ба пок сохтани тан ва сар аз он биафтад ва бояд ин кор бо ёрии василаҳои бароят маълум, аз қабили доруҳои исҳоловаранда, раг задан, бар ахдаайн миҳҷама ниҳодан ва ҳуқнаҳои тез рехтан анҷом дода шавад. Умуман, исҳол барои ҳамаи гунаҳои он яке аз нофеътарин василаҳост ва гузоштани миҳҷама бар паси сар низ чунин бувад. Андар оғози [беморӣ] боистӣ пайваста бо пашминаи андар сирко оғушта зимод ниҳод, рӯйро бо оби сард, ё намакоби сард ва хусусан бо обе шуст, ки андар он доруҳои қабзкунандае аз қабили пӯсти анор, марвиҷон, хашхош, коснӣ ва садпайванд ҷӯшонида бошанд. Агар [барҷастагӣ] аз сабаби пурӣ набошад, ин тадбир ҳамаро ва ҳар вақте суд бахшад. Агар андар ин миён пурӣ ҷой дошта бошад, бояд баъд аз [марҳалаи] оғоз моддаро ҳал бикунанд. Агар [барҷастагӣ] аз сабаби истирхо бошад, бояд [нахуст] ёраҳои бузург, доруҳои ғарғаравӣ, доруҳои бӯиданӣ ва бахурҳои маъруфро ба кор бибаранд ва баъд аз он аз доруҳои қабзкунандаи мустаҳкамкунанда истифода кунанд.
Он [барҷастагие], ки ҳангоми дарди зодан кашидан ба амал ояд ва агар аз сабаби кам ҷорӣ шудани нифос ва ё табаҳ шудани ҷанин бошад, пас, хуни ҳайзро битозонанд ва ё ҷанинро берун кунанд. Вале агар фақат аз фишурдан вобаста бошад, доруҳои қабзкунанда ба кор бибаранд. Яке аз доруҳои ба ҳангоми баромадагӣ ва барҷастагии чашм судманд ин орди боқилӣ бо гул, кундур ва сафедии хоя аст, ки ҳамаи онҳоро зимод созанд. Инчунин донаҳои сӯхтаи хурмо бо сунбул аз барои баромадагӣ ва барҷастагӣ ниҳоят нофеъ аст.
Фасли шонздаҳум андар баёни фурӯрафтагӣ ва хурдии чашм
Ин [ҳолат] ҳангоми табҳо ва хусусан ҳангоми табҳои
бехобӣ, баъд аз истифроғҳо, бехобӣ кашидан ва андӯҳу
ғам ба амал ояд. Ҳангоми намуди аз бехобӣ баамаломадаи [фурӯрафтагӣ] чашм хоболуди гарон бигардад ва пилкҳо, на ҳадака, ба душворӣ ҳаракат кунанд. Ҳангоми андӯҳ ҳадақа беҳаракат монад. Чунин ҳикоят кардаанд, ки
баъзе касонро ҳангоми сармои сахт ва гармои шадид
ҳоли ду нима гуногун гардидааст ва чашме, ки андар нимаи сард будааст, фурӯ нишаста хурд шудааст. [Ҳамаи
инро ба ҷумлагӣ бидон].197
Фасли ҳафтдаҳум
андар баёни кабудӣ
Кабудӣ ё ба сабабе ориз бигардад, ки андар табақҳои
чашм аст ва ё ба сабабе, ки андар рутубатҳои он ҷой дорад. Сабаби андар рутубатҳо буда бад-ин гуна аст, ки агар
[рутубати] ҷалидӣ миқдоран зиёд, [рутубати] сафедимонанд соф, (131) аз ҷиҳати ниҳод моил ба берун ва аз ҷиҳати миқдор мӯътадил ва ё кам бошад ва агар табақа халал нарасонад, бинобар ин сабаб чашм кабуд хоҳад шуд. Агар рутубатҳо тира, [рутубати] ҷалидӣ кам ва сафедимонанд зиёд бошанд, чашм чун тирагии оби жарф тираранг бигардад. Агар рутубати ҷалидӣ сахт фурӯ ҷойгир шуда бошад, чашм сурмагун бувад.
Сабаби андар табақаҳо буда инабия аст. Агар он сиёҳ бошад, чашм ба сабаби он сурмагун бувад ва агар кабуд бошад, чашм низ кабуд бигардад. Инабия ё ба сабаби норасидагӣ кабуд бигардад, чунонки растанӣ ҳар гоҳ бирӯяд, рангаш маълум набошад, балки ба сафедӣ бигарояд ва сипас баробари расидан сабз бигардад. Бинобар ин, сабаб чашмони кӯдакон кабуд ва шаҳло буванд. Ва ин кабудӣ аз сабаби рутубати зиёд ба амал ояд. Ё ин ки ба сабаби ҳал шудани рутубате [кабуд бигардад], ки баъди он ҳангоми расидани пурра рангинӣ падид ояд, чунончи ҳар гоҳ рутубати растанӣ ҳал гардад, ба сафед шудан оғоз кунад. Ин кабудӣ аз сабаби хушкии зиёд бувад ва бад-ин сабаб чашмони беморон ва пирон шаҳло бигарданд, аз баҳри он ки андар пирон [ҳарчанд] рутубати бегона зиёд аст, вале рутубати модарзодӣ рӯ ба ҳал шудан дорад.
[Инабия] ё бад-он сабаб кабуд бошад, ки ин ранг андар офариниш падид омада бошад, на аз он сабаб, ки ин табақа баъд аз набудани ин ранг онро ҳосил карда бошад.
Гоҳе мумкин аст [кабудӣ] аз софии рутубате ба амал ояд, ки ин [табақа] аз он офарида шудааст. Ё агар ба сабабе андар оғози офариниш ориз шуда бошад, мумкин аст ба яке аз ин ду офат вобаста бошад ва инро бо ёрии хубии биниш ва бадии он метавон донист. Пас, бархе аз кабудӣ табиӣ ва бархе аразист. Шаҳлоӣ аз ба ҳам ҷамъоии сабабҳои сурмагунӣ ва кабудӣ бихезад ва аз онҳо чизе таркиб ёбад, ки миёни сурмагунию кабудӣ бошад. Ин [чизи миёна] шаҳлоист. Агар шаҳлоӣ ба [унсури] оташӣ вобаста бошад, чунонки Эмбозиқулус пиндорад, бояд чашми кабуд ба сабаби гум кардани бахши оташӣ,198 ки афзори биниш аст, гирифтори зиён мегардид. Баъзе чашмони сурмагун аз ҷиҳати биноӣ камқувваттар аз чашмони кабуд буванд, ба шарте ки кабудӣ ба сабаби ягон офате набошад. Сабаби ин чунин аст, ки сурмагунии ба тирагии [рутубати] сафедигун вобастабуда ба сабаби зидди шаффофӣ будани худ шабаҳҳои рангҳоро ба таври возеҳ гузаштан намонад ва мисли он [сурмагуние] бошад, ки аз тирагии рутубат падид ояд. Агар сабаб зиёдии рутубат бошад, низ ҳамин гуна бувад, зеро агар рутубат бисёр бошад, ба як нуқта чашм дӯхтан ва ба сӯи пеш баромаданро на чандоне фармон бардорад, ки қобили эътибор бошад. Агар чашм ба сабаби камии рутубати сафедигун кабуд бошад, шабона ва ҳангоми торикӣ хубтар аз рӯз бинад, зеро рӯшноӣ моддаи камро ба ҳаракат оварда, хуб дидан нагузорад. Ин гуна ҳаракат намегузорад, ки шабаҳҳо равшан дида шаванд, чунонки имконият намедиҳад чизи андар торикӣ аз паси нур ҷойгирифта равшан дида шавад.
Аммо чашми сурмагун ба сабаби рутубат шабона кам бинад, аз баҳри он ки вай эҳтиёҷ ба нигоҳи тез ва ҳаракат додани модда ба сӯи берун дорад ва моддаи бисёр беш аз кам саркаш аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор