Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Сурмагунии ба сабаби табақа бошад, бинишро [ба як нуқта] бештар ҷамъ кунад.
Илоҷ: Кашидани банги хушке санҷидашуда аст, ки онро андар об то ангубин гардидан ҷӯшонида бошанд ва баъд аз он ба чашм бикашанд. Ё се дирамсанг санги сурмаи исфаҳонӣ, як дирам марворид, як донгӣ аз мушк ва кофур, ду дирам дудаи чароғи равғани зайтунӣ ва ё занбақӣ ва як дирам заъфаронро гирифта, ҳамаро бо совидан ба ҳам ҷамъ созанд ва ба кор баранд. Худи заъфарон ва равғани он яке аз доруҳоест, ки ҳадақаро сиёҳ кунад. Фишурдаи ангури сагак низ чунин бувад. Ё ду дирам фишурдаи хори хасак, як дирам мозуи суда ва аз ҳар кадом равғани донаҳои [68] бар шохи дарахт сиёҳгардидаи зайтун ва равға

ни кунҷиди пӯстноканда як дирамӣ гирифта, онҳоро бар
оташи кунд то сиёҳ шудан биҷӯшонанд ва бар чашм бикашанд. Яке аз чизҳое, ки санҷидашуда аст, ин аст: фундуқро сӯхта, бо равғани зайтун бисириштанд ва бар нармаи сари кӯдаки чашмкабуд бимоланд. Инчунин милро андар
ҳанзали тар бизананд ва бар чашм бикашанд. [Таъсири ин
ба ҷоест], ки ба гуфтаи мардум ҳатто чашми гурбаро сиёҳ
созад. Ба шакли суда [ба кор бурдани] пӯсти гавз низ чунин бошад. Ё як бахш ақоқиёро бо шашяки як бахш мозу
гирифта, онҳоро бо оби лола ва фишурдаи он бисириштанд
ва аз он бар чашм бичаконанд. Фишурдаи банг ва фишурдаи пӯсти анор низ чунин бувад. [Ҳамчунин агар дояи зангӣ ва ё ҳабашӣ буда, бачаро шир бидиҳад, кабудӣ биравад].199

(132) Мақолаи севвум

АНДАР БАЁНИ ҲОЛАТҲОИ ПИЛКҲО ВА
БАХШҲОИ БАД-ОНҲО ПАЙВАСТ

Фасли нахустин
андар баёни шупуши пилкҳо

Моддаи шупуш рутубати гандидаест, ки табиат онро ба сӯи пӯст ронда бошад ва қувваи барои зода шудани он омода гармии ғайри табиист. Аксарияти касоне, ки эшонро [шупуши пилк] ориз гардад, касоне буванд, ки таомҳои гуногун зиёд бихӯранд, варзиш кам кунанд ва нопок буда, гармоба накунанд.
Илоҷ: Нахуст аз ноҳияи чашм оғоз карда, ба пок сохтани сару тан бо ёрии доруҳое, ки онҳоро ҳамедонӣ ва хусусан бо доруҳои ғарғарашавандае пардозанд, ки аз сирко ва хардал омода шудаанд. Сипас, ба шустани чашм машғул шуда, онро бо оби дарё, обҳои шӯр ва оби гӯгирд бишӯянд. Лабҳои пилкҳоро доруе бимоланд, ки аз замч сохтаанд ва нимаш иборат аз мавизак аст. Гоҳе бар он нимҷузъӣ сабру бура биафзоянд ва беҳтарин чизе, ки бояд бо он бисириштанд, сиркои пиёзи унсул аст. Аммо мавизак бо бура доруи хубе бувад.
Фасли дуввум андар баёни сулоқ, ки ба юнонӣ онро «анбусимо» гӯянд

Сулоқ ситабриест, ки аз моддаи ситабри бади хӯрандаи бурагӣ андар пилкҳо ориз гардад ва ба иллати он пилкҳо сурх шаванд, мижгон бирезанд ва боиси реш шудани лабҳои пилкҳо бигардад. Гоҳе аз паси он чашм табоҳ шавад. Аксар вақт [сулоқ] баъди омоси чашм падид ояд. Гунае аз он нав ва гунае куҳани бад бувад.
Илоҷ: Гунаи нави онро зимоди наск, ки бо гулоб пухта бошанд ва ё зимоди хурфа ва ё коснӣ бо равғани гул ва сафедии хоя фоида дошта, онро шаб ба кор баранд ва баъди он гармоба кунанд. Ё наски муқашшар, тутум, дилаи анор ва гулро гирифта, бо майпухта бисириштанд ва шаб ба кор бурда, пагоҳаш гармоба кунанд. Пайваста гармоба кардан яке аз судмандтарини муолаҷаҳост.
Аммо ҳангоми [сулоқи] куҳани доманадор бояд аз соқ

ҳиҷомат кунанд, раги пешонӣ бикушоянд ва пайваста гармоба ба кор бибаранд. Яке аз доруҳои ба маҳалли [беморӣ] гузошташаванда ин аст, ки ним дирам миси сӯхта, се дирам зог ва як дирамӣ аз заъфарону мурч гирифта, ҳамаро бо шароби тунд то ба сони ангубини тунук гардидан бисованд ва баъд бар пушти пилкҳо бимоланд.
Барои [сулоқе], ки аз паси омоси чашм падид ояд, шиёферо санҷидаанд, ки бад-ин гуна сифат бувад: аз ҳар яки зог, сиёҳии сӯхта, заъфарон ва сунбул якбахшӣ ва аз шодана даҳ бахш гирифта, шиёф бисозанд ва бо он пилкҳоро бисоянд.
Фасли севвум андар баёни дуруштии пилкҳо

Ин чунин иллатест, ки ҳангоми он пилкҳо аз ҳоли кушодагӣ ба душворӣ пӯшида гарданд ва ё аз ҳоли пӯшидагӣ ба сахтӣ кушода шаванд. Ҳамроҳи он дард ва сурхӣ ҷой дошта, аксар вақт бидуни рутубат бошад. Бисёр бошад, ки ҳангоми ин [беморӣ] чун аз хоб бедор шаванд, пилкҳо аз кушода шудан рӯй битобанд. Аксар вақт ин [беморӣ] аз гоҳ-гоҳе падид омадани рими хушки сахт холӣ набошад. Ҳамроҳи он обравӣ ҷуз ба араз рӯй надиҳад, аз баҳри он ки вай аз хушкӣ ва ё хилти часпакест, ки ба хушкӣ ниҳоят майл дорад. Лекин гоҳе сӯзиш ва сурхӣ ба амал оянд. Агар хориш бидуни моддае, ки ба сӯи [пилк] бишорад, ҷой дошта бошад, ин ҳолатро «хушкии чашм» хонанд.
Бисёр бошад, ки андар ин ҳол мизоҷи гарм ва моддаи зиёди ситабре ҷой дошта бошанд, ки ниёзманди истифроғ бувад.
Илоҷ: Бояд чашмро пайваста бо исфанҷе гармибандӣ намуд, ки андар оби нимгарм тар карда бошанд, бояд ҳамеша бо оби хуши муътадил гармоба кунанд, ҳангоми хоб бар чашм сафедии хояи бо равғани гул шикаста биниҳанд ва сарро пайваста бо доруҳои тариоваранда, равғанҳо, пухтаковҳо ва бо доруҳои андар бинӣ афкандашавандаи тарифизой, аз қабили равғани бунафша, ни луфар ва ғайра оғушта кунанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ