Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Илоҷ: Бар он шухи ошёни магаси ангубин ва ғайра бимоланд. Гоҳе ба ин равғани гул, самғи хинҷак ва анзарут изофа кунанд. Ё онро бо ушае тило кунанд, ки бо сирко, борзад ва ё ангужад совида бошанд. Ё бар [жолача] тилои Урибосиюсро бимоланд, (134) ки андар боби муолаҷаи ҷавак ёд шудааст.
Фасли ёздаҳум андар баёни ҷавак

Омоси дарозрӯяест, ки бар бораи пилкҳо падид ояд ва шаклаш ҷавро монад. Аксар вақт моддаи он хуни ғолибомада бувад.
Илоҷ: [Ҷавакро] бо раг задану истифроғ овардан бо ёрии ёра, чунонки ҳамедонӣ, муолаҷа кунанд. Баъд агар андаке аз сакбина гирифта, бо об ҳал кунанд ва бар маҳалли [ҷавак] бимоланд, сахт хуб бувад. Бо пиҳи гудохта, ё орди ҷав ва борзад ва ё бо нони тафсон гармибандӣ кардан судманд бошад ва ин корро якчанд бор такрор кунанд. [Инчунин] гармибандӣ кардан бо равғани магас, магаси сарканда, ё бо обе, ки андар он ҷав ҷӯшонида бошанд, ё бо хуни кабӯтар ва ё бо хуни бутемору кабӯтари даштӣ [нофеъ бувад]. Ё андак бураро бо борзади зиёд гирифта, ҳар дуро ҷамъ созанд ва бар ҷавак биниҳанд. Тилои Урибосиюс [низ хуб буда], ба таври зерин аст: як бахшӣ аз кундур ва мурр, чаҳоряки як бахш аз лозан, нимбахшӣ аз мум, замч ва бураи арманӣ гирифта, ҳамаро бо дурди равғани савсан бисириштанд ва тило кунанд.
Фасли дувоздаҳум андар баёни шарноқ

Ин фузуниест аз моддаи пиҳӣ, ки андар пилки барсӯвин падид ояд ва пилкро ҳангоми боз шудан гаронӣ оварад ва мисли гирифтори истирхо бигардонадаш. Вай сахт нишаста аст ва на мисли думмал ҳаракат бикунад. Аксар вақт ин кӯдакон, шахсони тармизоҷ ва касонеро ориз бигардад, ки эшонро зуд-зуд ашкравию омоси чашм руй диҳад.
Аз нишонаҳои ӯ ин аст, ки агар бо ду ангушт маҳалли дамишовардаро зер карда, сипас ангуштонро бардорӣ, андар миёни паи ду ангушт баромадагӣ падид ояд.
Илоҷ: Илоҷи он даст буда,203 бад-ин сифат бошад, ки беморро нишонанд, сарашро ба пас кашида бидоранд, пӯсти пешонияшро аз наздики чашм таранг бикашанд, то пилк бардошта шавад, каси муолаҷагар онро бо нарангушту ангушти миёнгин бидорад ва камкам бифишорад, то модда андар миёни ду ангушт фишурда шуда, ҷамъ ояд. Шахси сарро доранда аз миёнҷои абрӯ бикашад ва агар баромадагӣ зоҳир бигардад, пӯстро ба таври кофӣ рӯяк, на сахт фурӯрафта, бибуранд, зеро эҳтиёт кардан андар ин кор воҷиб аст ва буридани рӯякии пайдарпай беосебтар аз якбораи фурӯрафта бувад. Агар ба буридани якум [шарноқ] зоҳир гардад, бо он кифоят кунанд ва хуб бошад ва агар не, буриданро то зоҳир шудани он биафзоянд. Ҳар гоҳ онро дарёфтанд, бар даст пораи катонро печида, шарноқро аз чапу рост раҳонида бигиранд. Агар бақияе аз он ба ҷой бимонад, бояд бар вай андаке намак пошид, то ӯро бихӯрад. Агар [шарноқ] андар ғилоф ва ё сахт часпида бошад, бахши озоди онро бигиранд ва дигарашро даст накофта, ба ҷой бигузоранд ва кори онро ба ҳал

созии намаке ҳавола кунанд, ки бар вай пошида шавад.
Сипас бар он пораи андар сирко оғуштаро биниҳанд. Чун бомдоди рӯзи дигар бирасад ва [чашм] аз омос эмин бошад, пас, бо доруҳои часпонанда муолаҷа кунанд ва андар таркиби онҳо ҳузаз, шиёфи момисо ва заъфарон бидароянд.
Гоҳе каси ба шарноқ гирифтореро, ки аз тариқи кандану пӯст кардан шифо наёбад, бо мӯйҳое чора кунанд, ки бо ёрии сардукҳо аз зери [шарноқ] бигузаронанд ва онҳоро то канда шудани [шарноқ] ба чапу рост биҷунбонанд.
Ё ин корро бо ёрии буни пар иҷро кунанд. Ҳангоми буридан лозим аст, ки эҳтиёт карда шавад, то фурӯтар бурида нагардад. Агар каси буранда пилкро сахт бикашад ва буриданро давом дода, бо як захм задан пӯст ва пардаи зери онро бибурад, аз маҳалли буридагӣ пиҳ барояд.
Агар онро бо ангуштоне фишор диҳанд, ки гирди пӯсти кашидаро гирифтаанд, он гоҳ дарди сахт ва омоси гарме падид ояд ва боқимондаи он ба таври сахту халалрасонанда ба ҷой монда, аз худи шарноқ ҳам бадтар бувад.
Гоҳе мумкин аст бахши дурусте аз мушаки чашмро бардоранда бурида гардад ва пилк боз шудан натавонад.
Аммо намуди нав ва сусти [шарноқ] бисёр вақт аз ғайри дасткорӣ бо доруҳои ҳалкунанда шифо хоҳад ёфт.
Фасли сездаҳум андар баёни тута

Ин гӯшти ковокест, ки андаруни пилк падид ояд ва
пайваста аз он хуни сурх, сиёҳ ва сабз бирезад. Илоҷи он
аз тариқи доруҳои хушкифизояндаи хӯранда ва шиёфҳои тез пок сохтан аст. Ҳар гоҳ тута хӯра шавад, доруҳои
хока ва шиёфҳоеро ба кор бибар, ки рӯёнандаи гӯшт буда, андар зимни решҳои пилкҳо ёд карда шудаанд. Умуман, [илоҷи он] илоҷҳои хориши қавӣ ва гари қавӣ бувад. (135)
Фасли чаҳордаҳум
андар баёни санг шудан

Ин омоси хурдест, ки хуншор шуда, сангча бигардад.
Гоҳе аз он аз тариқи дасткорӣ раҳоӣ ёбанд. Сипас доруҳои барои решҳои пилкҳо бударо ба кор бибаранд.
Фасли понздаҳум андар баёни решҳои пилк ва даридани он

Бар ин [решҳо] зимоди наск, писта ва пӯсти анорро андар сирко ҷӯшонида биниҳанд. Ҳар гоҳ хушкреша рехта, хӯрашавӣ бекор бигардад, зардии хояи мурғро бо заъфарон бар он бинеҳ, зеро ин решро фароҳам хоҳад овард. Агар бихоҳӣ, аз болои он шиёфи кундур, шиёфи сурб, шиёфи сурхи нарм ва шиёфи истифтиқонро ба кор бар. Аммо даридагии пилк фароҳам хоҳад омад ва бо он илоҷи шикофтагии пӯсте муолаҷа хоҳад шуд, ки андар боби худ ёд шудааст.
Фасли шонздаҳум андар баёни гар204 ва хориши пилкҳо

Сабаби ин моддаи шӯри бурагиест, ки аз хуни тез ва ё хилти дигари тез падид ояд ва боиси хориш ва сипас гар бигардад. Бештари он аз паси решҳои чашм ба амал ояд.

пешина
аз 1215
навбатӣ