Қонуни тиб

Иллат нахуст бо хоридани андак сахт оғоз ёфта, сипас дуруштӣ ба амал омада, пилк сурх бигардад. Баъд аз он ба хушкии решшаванда табдил ёфта, сипас баробари шиддат ёфтани кафидагӣ андар [маҳалли] хоришу варам доначаи сахте падид ояд.
Илоҷ: Агар гар бо омоси чашм ёр бошад, нахуст омосро бидуни фурӯ мондан аз тадбири гар муолаҷа кунанд ва сипас ба муолаҷаи гар бипардозанд. Агар бо бемории дигаре ёр бошад, ҳол ва ҳукми он низ чунин бувад, зеро воҷиб аст, ки ба қавитари онҳо диққат дода шавад. Агар бибинӣ, ки реше ва ё омосе вуҷуд дорад, то агар имконияти ба оҳистагӣ тарошидани онро пайдо накунӣ, зинҳор доруҳои тез ва монанди онро ба кор набар, зеро ба воситаи ин доруҳо дарди шадиде ба амал хоҳӣ овард. Аммо ҳангоми навъҳои дуввум ва севвуми ёдшудаи он аз тарошидан ё бо оҳан ва ё бо доруҳое чора нест, ки аз қабили кафки дарё ва хусусан ҷинси бо номи «қайшур» маъруфи он ва ё барги анҷир резонандаи гаранд. Ё аз шодана, заъфарон ва санги рӯшноӣ шиёф сохта, бо он [гарро] бирезонанд.
Аммо он навъе, ки аз тариқи доруҳо муолаҷашаванда аст ва ба дараҷаи навъҳои дуввуму севвум намерасад, нахустин илоҷи вай ин аст, ки пайваста истифроғ оваранд, агарчи андар як моҳ ду бор бошад ҳам, раг бизананд, аз ҳар ду гӯшаи чашм баъд аз рагзадани ҳамагонӣ хун бигиранд, пайваста гармоба кунанд, аз ғубор, дуд ва дод задан дурӣ ҷӯянд, аз сахт бастани тукмаҳо, танг кушодани гиребон, аз хашму ғазаб, сухани зиёд, паст ниҳодани болин, дароз саҷда кардан ва аз ҳар чизе, ки моддаҳоро ба барсӯ бароварад ва ба сӯи рӯй бикашад, ҳазар кунанд. Андар оғоз ба кор бурдани шиёфи сурхи нарм ва баъд шиёфи сабзи нарм судманд аст. Агар [беморӣ] аз ин ҳам қавитар бигардад, навъи тези ин ду шиёф, трахумотиқун, сурмаи Ирасистротис ва шиёфи заъфарон бояд ба кор бурд.
Гоҳе мумкин аст аз тариқи чи якҷоя ва чи танҳо-танҳо ба кор бурдани заҳраи буз, заҳраи хук, навшодир, миси сӯхта ва қалқадис муолаҷа карда шавад. Босалиқун ва шиёфи хокистарӣ хуб ва доруи Истаротис205 аз он ҳам хубтар аст.
Яке аз доруҳои судманд доруест, ки бад-ин сифат бувад: як бахш каҳрабо ва ду бахш пӯсти мисро бо ангубин сиришта, ба кор бибаранд. Низ як бахш сабр ва ним бахш навшодирро гирифта, бо ангубин бисириштанд ва ба кор баранд. [Доруи] дигар ин аст, ки шонздаҳ мисқол миси сӯхта,206 ҳашт мисқол мурч, чаҳор мисқол иқлимиё, ду мисқол мурр, [70] ду мисқол заъфарон, панҷ мисқол зангор ва бист мисқол самғро гирифта, ҳамаро кӯфта ва чунонки ҳамедонӣ, бо оби борон сиришта кунанд.
Фасли ҳафтдаҳум андар баёни дамиш207
Дамиш омоси сарди хоришнок буда, гоҳе бод, гоҳе фазлаи балғамии тунук, гоҳе фазлаи обӣ ва гоҳи дигар фазлаи савдовӣ бар вай ғолиб бувад.
Нишонаҳо: Дамиши бодӣ якбора падид ояд ва майл ба сӯи гӯшаи дарунии чашм дошта бошад. Худованди он мисли касе бошад, ки он мавзеи [чашмашро] магас газида, якбора падид ояд ва майл ба сӯи гӯшаи дарунии чашм дошта бошад. Ин [намуд] андар тобистон ва пиронро ориз
бигардад ва ҳангоми он гаронӣ ба амал наояд. Намуди балғамӣ сардтару гаронтар буда, паи фишурдагиро соате андар хеш нигоҳ дорад. Гунаи обии он чунин аст, ки (136) паи фишурдагӣ андар вай боқӣ намонад ва бесӯзиш бувад. Гунаи савдовӣ аксар вақт тамоми пилк ва чашмро фаро бигирад ва ҳамроҳи сахтӣ ва азҳамкашидагӣ буда, то абрӯвон ва рухсораҳо густариш ёбад. Вале ӯро сӯзиши қобили эътиборе нахоҳад буд. Рангаш тираранг буда, аксар вақт баъди омоси чашм ва обила (ҷударӣ) падид ояд.
Илоҷ: Бояд нахуст аз истифроғи тан оғоз намуда, сарро пок кунанд. Ҳангоми намуде аз он, ки бештар ба сӯи балғамӣ моил аст, бо хитмӣ зимод ниҳоданро ба кор бибар. Аз он ҳам қавитар барги беданҷир аст, ки онро кӯфта ва бо замч208 бисириштанд. Гармибандӣ бо исфанҷе [хуб аст], ки андар сирко ва оби гарм оғушта карда бошанд.
Низ аз сабр, филзаҳра, шиёфи момисо, фуфил ва заъфарон бо оби рӯбоҳразак доруи олуданӣ бисозанд, ки он судманд бувад.
Фасли ҳаждаҳум андар баёни бисёр мижа задан
Бисёр мижа задане, ки аз афтидани гард андар чашм падид ояд, сабук аст ва гоҳе аз табиш ба амал ояд. Гоҳе ин ҳолат худованди азҳамкашидагӣ ва касони пазирои онро рӯй диҳад. Ин ба ҳангоми бемориҳои тез аз тамаддуд ва ташаннуҷ огоҳӣ диҳад.
Фасли нуздаҳум андар баёни рехтани мижгон
Мижгон ё ба сабаби модда бирезанд ва ё ба сабаби ҷойгоҳи хеш. Сабаби модда бад-ин гуна бувад, ки ё [модда] кам бигардад, чунонки ҳангоми поён ёфтани бемориҳои тези душвор чунин бошад ва ё модда бо чизе табаҳ бигардад, ки ба ҳангоми рӯидани [мижа] бо он омехта шуда бошад, чунонки ба ҳангоми «бемории рӯбоҳ» ҳамин гуна бувад. [Афтидани мижа] бад-ин гуна рӯй диҳад, ки андаруни пилк рутубати тез ё шӯр ва ё бурагие ҷой дошта бошад ва он андар пилк газанди намоёне ба амал наоварад, валекин ба мижа зиён бирасонад. Аммо [рехтане], ки ба ҷойгоҳ вобаста аст, бад-ин гуна аст, ки андар он ҷой ягон газанди намоёне ҷой дорад: ё сахтию ситабрие, ки бар асари он бухори мӯй падидоваранда роҳи гузар наёбад; ё омосе ва ё хӯрагие, ки сурхию сӯзиши сахт аз он гувоҳӣ бидиҳанд.
Илоҷ: Ҳангоми он чи ки аз он ба сабаби ҷойгоҳ аст, офати андар ҷойгоҳ буда ба ҳасби он илоҷи ҳар бобе муолаҷа карда шавад, ки андар ҷойгоҳи хеш ёд шуд. Ҳангоми он бахш аз [рехтан], ки ба сабаби нарасидани модда падид ояд, танро аз тариқи ҷоннок кардани ғизодиҳӣ муолаҷа кунанд ва доруҳоеро ба кор бибаранд, ки моддаи мижаро ба сӯи пилкҳо бикашад. Ин [доруҳое], ки ёд мекунем, аз ҷумлаи он чизҳоеанд, ки андар Қарободин ва андар лавҳҳои доруҳои сода ёд шудаанд. Ба ҳангоми он бахш аз рехтан, ки ба сабаби рутубати табаҳкор падид ояд, бояд ба пок сохтани сар ва пок сохтани андом бипардозӣ ва баъд аз он илоҷи барои мӯй бударо ба кор бибарӣ. Аммо аз сурмаҳои судбахш, масалан, санги арманӣ ва лоҷувард [ба кор бибаранд] ва аз доруҳои мураккаби [судбахш], масалан, сурмаи донаи хурмо бо лозан [истеъмол кунанд], ки он андар Қарободин ёд шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор