Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Мақолаи чаҳорум
АНДАР ҲОЛАТҲОИ НЕРӮИ БИНИШ ВА КОРҲОИ ОН
Фасли нахустин
андар баёни нотавонии биниш

Нотавонии биниш ва офати он мумкин аст ба муҷиби мизоҷи ҳамагонии тан, ё ба сабаби хушкии ғолиб ва ё рутубати ғолибе, ки ҳар ду ё хилтӣ, ё мизоҷии бемодда ва бухорӣ буда, аз тан ва хусусан (138) аз меъда бархезанд, ё ба сабаби сардии чи дорои модда ва чи бемодда ва ё ба сабаби ғалабаи гармии чи моддӣ ва чи ғайри моддӣ ба амал оянд. Ё мумкин аст вобаста ба ягон сабабе бошад, ки андар худи мағз ҷой дорад [ва ин сабаб] аз ҷумлаи бемориҳои маъруфи мағзие бувад, ки андар гавҳари мағз, ё андар тамоми шиками пешини он ҷой дошта, масалан, аз қабили зарбаи фишордиҳандае бошад, ки ба мағз ориз гардад ва бар асари он чашм чизеро дидан натавонад ва ё андар бахши пешини мағз ҷой дошта бошанд. Аксар вақт [нотавонии биниш] аз сабаби рутубати ғолиб ва ё хушкие рӯй диҳад, ки натиҷаи бемориҳо, ҳаракатҳои беандозаи баданию нафсонӣ ва истифроғҳои ифротиеанд, ки ба иллати онҳо қувват биафтад ва модда бихушкад.
[Нотавонии биниш] мумкин аст ба ягон ҳолате вобаста бошад, ки ба худи рӯҳи бино ва андомҳои бад-он пайваста, аз қабили асаби дарунтиҳӣ, рутубатҳо ва табақаҳои [чашм] хос аст. Рӯҳи биноро гоҳе зич шудан, гоҳе тунук шудан, гоҳе ситабр гардидан ва гоҳе костан ориз бигардад. Аммо афзоиши он [барои биноӣ] беҳтарин ва судмандтарин чиз аст. Аксари тунукие, ки рӯй бидиҳад, аз сабаби хушкист ва гоҳе мумкин аст аз сабаби ниҳоят парокандагие ба амал ояд, ки ҳангоми нигаристан ба офтоб ва дигар чизҳои тобишноки мисли он буда ориз бигардад. Гоҳе фароҳамоии ниҳоят ба ифрот мумкин аст боиси бандгардии таҳлилфизой гардида, бинобар он рӯҳ нахуст зич ва сипас ниҳоят тунук бигардад. Ин мисли он аст, ки ҳангоми муддати дароз андар торикӣ нишастан чунин ҳолат ба амал ояд. Ситабрии [рӯҳ] ба сабаби рутубат ва аз фароҳамоии зиёд ба амал ояд, вале ин [фароҳамоӣ] на ба андозае бирасад, ки боиси афрӯхтагии мизоҷи тунукифизой бигардад. Мумкин аст сабаби ҳар дуи ин [ҳолатҳо] андар асли офариниш ҷой дошта бошад. Камии [рӯҳ] мумкин аст андар асли офариниш ҷой дошта бошад ва мумкин аст аз сабаби шиддат ёфтани хушкӣ, бисёрии истифроғҳо, ё ниҳоят суст шудани бахши пешини мағз, душвор афтидани бемориҳо ва фаро расидани марг, ки ҳангоми он рӯҳ ба таҳлил биравад, ба амал ояд.
Аммо нотавонию офате, ки ба сабаби табақаҳои берунӣ, на табақаҳои андарунӣ вобастагӣ дорад, ё ба сабаби гавҳари табақа ба амал ояд ва ё ба сабаби гузаргоҳе, ки андар [табақа] ҷой дорад. [Нотавонии] ба худи табақа вобаста ё ба иллати мизоҷи бад падид омада, бештари ин [бадмизоҷӣ] аз банд гардидани бухор андар [табақа], ё бо он омехта гардидани рутубати зиёдатӣ, ё аз хушкидану хушкӣ ва аз камғизоию фарсӯдагие бархезад, ки [табақаи мазкур] ва хусусан [табақаи] ангурмонанд ва шох

гунро ориз гардида бошанд; ё ин гуна [нотавонӣ] бад-он сабаб бошад, ки сатҳи [табақа] аз осори чи ошкоро ва чи ниҳони решҳо табаҳ бигардад, ё ранҷҳои аз омоси зиёд расида онро шаффоф карда бошанд, ё ранги бегонае андар таркиби он даромада бошад, чунонки табақаи шохгунро ҳангоми ярақон зардӣ ва ё ҳангоми хунпечидагӣ сурхӣ ориз бигардад ва ё ранги табиӣ аз байн рафта бошад, чунонки табақаи ангурмонандро чунин ориз бигардад ва бар асари он шаффофтар шуда, ба рӯшноӣ имконият диҳад, ки бар [нерӯи] биниш ғолиб омада, рӯҳи биноиро пароканда кунад; ё мумкин аст [ин нотавонӣ] аз сабаби хушкшавию гармшавие ба амал ояд, ки натиҷаи ба рутубатҳо роҳ ёфтани ҳаво ва рӯшноист; ё бад-он сабаб падид ояд, ки [табақаи шохгун] аз хӯраи ӯро ориз шуда тунук бигардад ва бинобар он рӯшноӣ андар он на ба тадриҷ, балки якбора зада, бар рутубати ҷалидӣ ҳуҷум кунад; ё мумкин аст ба сабаби рӯидани пардае бар [табақаи пайвасткунанда] вобаста бошад, чунонки ҳангоми нохуна чунин рӯй диҳад; ва ё [ин нотавонӣ] мумкин аст ба сабаби дамиш ва ситабрии рагҳои [табақа] ба амал ояд, чунонки ҳангоми сабал ҳамин гуна бувад.
Аммо [нотавонии] ба сабаби шикофтагию гузаргоҳ баамалоянда бад-ин гуна бошад, ки гузаргоҳ ба сабабҳое, ки андар боби худашон мо онҳоро ёд хоҳем кард беш аз ҳадди табиӣ ё танг ва ё фарох бигардад ва ё ин ки ба таври пурра ва ё нопурра баста шавад, чунонки ба ҳангоми фуруд омадани об ҳамин гуна бувад [ва ё ҳангоми реши чиркине ҳамин гуна бувад, ки қарнияро ориз гардида, сӯрохи онро аз чирк пур карда бошад].209 Мо ҳамаи инҳоро боб ба боб баён хоҳем кард.
Аммо [нотавонии] ба сабаби рутубатҳо баамалоянда бад-ин гуна аст: 1) аз ҷумла рутубати ҷалидӣ аз қивоми муътадили худ гардида ё ситабр шавад ва210 ё тунукияш афзоиш ёфта, дар натиҷа аз ҳуҷуми рӯшноӣ ва рангҳои равшан ранҷ бинад; 2) рутубати сафедигун ниҳоят зиёд ва ё ситабр гардад211 ва ин боиси кам шудани шаффофии ӯ бигардад ва ё ин ки рутубатҳо ва бухорҳое бо вай биомезанд ва шаффофияташро бигардонанд, зеро дар сурате ки бухорҳову дудҳои бегона аз берун ӯро ранҷ медиҳанд, агар аз дарун бошанд, чӣ гуна ранҷ наоваранд?
Ҳамаи донагиҳои бодангезу бухоровар барои нерӯи биниш гаронӣ ҳам меоваранд; 3) зиёни рутубати обгинамонанд барои биноӣ аввалӣ нест, балки вай биноиро аз он ҷиҳат зиён оварад, ки ба рутубати ҷалидӣ зиён бирасонад ва аз тариқи расонидани ғизои номуътадил қивоми онро аз ҳадди иътидол бигардонад.
[Зиёни табақаи тӯрмонанд (139) барои биноӣ порашавии пайвастагии он бувад, ки он ё андар бархе аз бахшҳои ин [табақа] биафтад ва дар натиҷа биноӣ коҳиш ёбад, ё андар ҳамаи [бахшҳои] он биафтад, ки онгоҳ биноӣ нест шавад]212.
Аммо офати ба сабаби асаби [дарунтиҳӣ] баамалоянда аз ин тариқ бошад, ки [асабро] судда, ё омос ва ё порашавие рӯй бидиҳад.

пешина
аз 1215
навбатӣ