Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ё се дирам донаи сӯхтаи хурмо ва ду дирам нординро гирифта, аз ҳар ду сурма бисозанд. Яке аз доруҳои санҷидашуда ин аст, ки сунбули сиёҳро мисли сурма суда кунанд ва бо мил ба кор баранд. Инчунин саргини сӯхтаи муш ва ғайри сӯхтаи онро бо ангубин, хусусан ба ҳангоми [рехтани мижа ба иллати] сулоқ, ба чашм бикашанд. Ё аз хоки замини токзор ва аз заъфарони румӣ, ки иқлитист, бахшҳои баробар гирифта, аз он ҳамчун сурма ба кор бибаранд. Яке аз доруҳои санҷидашуда ба ҳангоми он мижарезие, ки бо хориш, сурхӣ ва хӯра ҷой дорад, ин аст, ки анорро пурра ва бо ҳамаи бахшҳояш андар сирко то ҳал шудан биҷӯшонанд ва бар маҳалли [беморӣ] бибанданд.
Ҳамаи доруҳои часпониданӣ судманданд. Инчунин ба ҳамин мақсад аз иқлимиё, қалқатор ва зог бахшҳои баробар гирифта, ҳамаро бисованд ва ба кор баранд. Низ яке аз доруҳои санҷидашуда ин аст, ки ҳашт дирамсанг саргини сӯхтаи харгӯш ва се дирамсанг саргини нарбузро гирифта, аз ҳар ду сурма созанд [ва ба чашм бикашанд].
Ё аз магасҳои саркандаи хушконида сурма созанд. Ё фундуқро сӯхта бисованд ва бо пиҳи буз ва ё пиҳи хирс сиришта, бо он маҳалли [бемориро] тило кунанд. Ин ба ҳақиқат мӯй бирӯёнад ва ба изофаи он мӯйро сиёҳ созад. Инчунин як бахш аз сурмаи бирёнкарда, як бахш аз мурч, чаҳор бахш аз арзизи сӯхтаи шусташуда, чаҳор бахш аз заъфарон, се бахш аз нордин ва ду бахш аз донаҳои сӯхтаи хурморо гирифта, сурма бисозанд.
Фасли бистум андар баёни мӯи бозгуна рӯида

Умуман, илоҷи ин гуна мижа бар яке аз панҷ ваҷҳ аст:
часпонидан; доғ ниҳодан; бо сӯзан рост кардан; аз тариқи буридан кӯтоҳ сохтани пилк; ва баркандане, ки монеи он бигардад. Аммо часпонидан бад-ин гуна аст, ки мӯйро бардошта, (137) бо мастако, ротинаҷ, самғ, мавизаки асалӣ, уша, сирешме, ки аз шиками садаф берун ояд, бо сабр, анзарут, касиро ва кундури андар сафедии хоя ҳал кардашуда ҳамвор созанд. Яке аз тариқаи хуби часпонидан ин аст, ки бо равғани чинӣ [мижа] часпонида шавад. Аз он ҳам беҳтар сирешми панир аст, ки мо онро андар Қарободин ёд кардаем.
Аммо муолаҷа бо сӯзан бад-ин гуна аст, ки сӯзанро аз сӯи андаруни пилк аз паҳлуи мижа ба сӯи берун бигузаронанд, сипас мижаро андар сӯрохи сӯзан дароварда, аз сӯи дигар кашида бароранд ва бибанданд. Агар мижа андар сӯрохи сӯзан ба душворӣ бидарояд, андар сӯрохи он ду сари мӯи занро гузаронда аз тарафи дигар бароваранд ва мӯйро чандоне бикашанд, ки аз сӯи андарун мисли гиреҳе аз он боқӣ бимонад. Пас, андар он гиреҳ мижаро гузаронида ба берун бароранд. Агар ба дубора сӯзан задан эҳтиёҷ пайдо кунӣ, аз маҳалли дигар сӯзан бизан, зеро аз як ҷой ду бор сӯзан задан боиси фарох шудани шикофтагӣ бигардад ва мижа нигоҳ дошта нашавад.
Аммо буридан бад-ин гуна бувад, ки маҳалли растани мижаро андар пилк бибуранд. Бархе аз [пизишкон] фармудаанд, ки маҳалли бо номи «иҷҷона» маъруфро, ки ба

наздики бораи пилк аст, пора кунанд, то дубора фароҳам ояд, зеро ночор бар вай гӯшти зиёдатӣ раста, мижаро рост бидорад ва нагузорад, ки бозгуна шавад.
Беҳтарин доғниҳӣ онест, ки бо каҷсӯзан доғ ниҳода шавад. Сари [сӯзанро] сурх карда, пилкро бикашанд ва бо ин [сӯзан] маҳалли растани мижаро доғ ниҳанд. Мижа дигар бор нарӯяд. Гоҳе мумкин аст ба ду ё се бор доғ ниҳодан эҳтиёҷ афтад ва баъди он дигар мижа нарӯяд.
Аммо баркандане, ки монеи мижа шавад, ин тавр аст:
мижаро баркананд ва сипас бар маҳалли он доруҳоеро бимоланд, ки мӯйро хусусан бар пилк растан нагузоранд ва ин доруҳо андар лавҳҳои доруҳои сода ёд шудаанд ва андар боби мӯи зиёдатӣ низ ёд хоҳем кард.
Фасли бисту якум андар баёни мӯи зиёдатӣ

[Мӯи зиёдатӣ] аз сабаби зиёд будани рутубати гандидае бирӯяд, ки андар пилкҳои чашм фароҳам омада бошад.
Илоҷ: Илоҷи он пок сохтани тан, сар ва чашм бо ёрии доруҳоест, ки худ ҳамедонӣ. Сипас, хусусан агар ашкравӣ ва яке аз аразҳои хилтҳо ҷой дошта бошанд, бояд сурмаҳои тези пилкҳоро поккунандае ба монанди босалиқун, рӯшноӣ, [сурмаи] сурхи тез, сабзи тез ва шиёфи ҳалилагӣ ба кор бибаранд. Агар ин суд набахшад, ба баркандан пардохта, мӯйро бикананд ва бар маҳалли рӯидани он хун ва заҳраи хорпушт, заҳраи офтобпараст, заҳраи каргас ва заҳраи буз бимоланд. Гоҳе ин заҳраҳову хунҳоро бо гунди бедастар омехта, аз он чун пулакчаи моҳӣ шиёф бисозанд ва ба ҳангоми зарурат онро бо оби даҳони одамӣ ҳал сохта, ба кор бибаранд ва [бемор] бадин ҳол ним соат сабр кунад. Яке аз муолаҷаҳои хуб ин аст, ки аз заҳраи хорпушт, заҳраи офтобпараст ва гунди бедастар миқдори баробар гирифта, онҳоро бо хуни кабӯтар ба ҳам ҷамъ кунанд ва қурсҳо созанд. Яке аз доруҳое, ки сифат кардаанд, хуни кана, хусусан канаи саг ва хуни ғук аст, лекин ин бо таҷриба ба таҳқиқ нарасидааст. Дурусташ ин аст, ки чунонки баъзеҳо пиндоштаанд, онҳоро бо қатрон биомезанд. Яке аз доруҳое, ки низ тавсиф шудааст, ин аст, ки заҳраи каргас бо хокистар, ё бо навшодир ва ё бо фишурдаи гандано гирифта, хусусан бар тоба ниҳода, то омехта шудану қариб ҷӯш омадан бар оташ бидоранд ва сипас ба кор бибаранд. Агар хокистари садаф бошад, боз ҳам беҳтар аст. Судаи оҳани зангзада бо оби даҳони инсон ба ғоят хуб аст, вале дардовар бувад. Яке аз чизҳои санҷидашуда мӯрчаи сафед бо навшодир ва хусусан ҳамроҳи суми сӯхтаи хар [71] бо сиркои тез мебошад. Кафки дарё бо оби исфарза низ аз ин қабил бувад, зеро агар маҳалли мӯи карахтшуда сард бигардад, мӯй нахоҳад рӯид.
Фасли бисту дуввум андар баёни баҳам часпидани мижгон

Ин ҳолат аксар вақт баъд аз омоси чашм рӯй диҳад.
Бинобар ин бояд аз анзарут ва шакари табарзад бахшҳои баробар ва аз кафки дарё чаҳоряки як бахш гирифта, ҳамаро бисованд ва бар маҳалли [часпидагии мижаҳо] бипошанд. Ин судманд бувад.

пешина
аз 1215
навбатӣ