Қонуни тиб

Гоҳе мумкин аст, ки ин доруҳоро ҳангоми бар оташ доштани он бипошанд. [73] Худро бар бухори он доштан ва гӯшти кабобкардаи онро хӯрдан ҳар кадоми ин [корҳо ба танҳоӣ] ниҳоят судманд аст. Гоҳе онро ба пораҳои паҳн поракарда як қабат аз онҳо ва як қабат аз дорфилфил болоиҳам гузоранд ва қабатҳои зерину забаринро аз ҷигар гузошта, ҳамаро андар танӯр кабоб кунанд, вале начандон зиёд. Сипас онро берун оварда, бахши обии онро битарованд ва онро ба чашм бикашанд. Бо ҷигари харгӯш низ чунин кунанд.
Шиёфе, ки аз дорфилфил ва ба нусхаи зерин бисозанд, низ [судманд аст]: бахшҳои баробаре аз дорфилфил, мурч ва қанбилро гирифта, ба чашм бикашанд. Заҳраҳо ва хусусан заҳраи нарбуз ва меши кӯҳӣ низ сахт судманданд.
Инчунин ба чашм кашидани равғани баласоне, ки бо андак афюн шикаста бошанд, кашидани се намуди мурчи чун ғубор орд карда шуда ва низ кашидани замчи мисрӣ ниҳоят судманданд. Ба чашм кашидани ангубин ва оби бодиён ва баъди он муддати дароз чашмро пӯшида доштан низ ниҳоят хуб бувад ва аз ин ҳам қавитар ба кор бурдани ангубин бо об аст, ба шарте ки бо он замч ва ё навшодир афзуда бошанд. Ба чашм кашидани хунҳои ҷонварони гарммизоҷ ҳама нофеъ аст. Кашидани фишурдаи хиёри даштие, ки онро бо донаи хурфа шикаста бошанд, низ хуб аст. Инчунин аз шиёфи ишхори ушнон ва шиёфи зангор ва инчунин аз саргини варал ва сақанқур фоида бигиранд. Ё ин ки як бахш аз заҳраи бузғола, ду бахш аз мурч (142) ва се бахш аз уша бигиранд ва ҳамаро бо ангубин сиришта, ба кор баранд. Задани раги гӯшаҳои дарунии чашм аз ин [беморӣ] шифо бахшад. [Ба шарте ки ягон монеае ба ҳасби он чи ки медонӣ, андар миён набошад]217.
Фасли чаҳорум андар баёни рӯзкӯрӣ
[Рӯзкӯрӣ] ин аст, ки рӯзона дида нашавад. Сабабаш тунукии рӯҳ ва ниҳоят кам будани он аст ва бинобар он [рӯҳ] дар баробари нури офтоб ҳал шуда, ҳангоми торикӣ боз фароҳам ояд. Гоҳе мумкин аст сабаби рӯзкӯрӣ ночиз буда, [бемор] чи шаб ва чи рӯз андар торикӣ ва соя дидан тавонад, вале ҳангоми равшанӣ натавонад.
Илоҷ: Илоҷи ин бештар тарӣ афзудан ва ситабр гардонидани хун аст.
Фасли панҷум андар баёни хаёлот
Хаёлҳо рангҳоеанд, ки ба шакли пароканда андар ҳаво пеши назар оянд. Сабаби ин андар миёни рутубати ҷалидия ва чизҳои дидашаванда афтидани чизест, ки ғайри шаффоф бувад. Ин гуна чиз ё аз қабили чизҳоест, ки мисли онҳоро бо чашми одӣ аслан дидан мумкин нест, балки қувваҳои биноии фавқулодае онҳоро то андозае дидан битавонанд ва ё аз қабили чизҳоест, ки онҳоро чашмони миёнаҳоли на чандон тез, балки муқаррарӣ, дидан битавонанд.
Маънои якумӣ ин аст, ки ҳар гоҳ биноӣ қавӣ бошад, чизҳои хурди ноаёнеро, ки андар ҳаво пеши чашм гардиш дошта, аз ҷумлаи ҳайъатҳоеанд, ки ҳаво аз онҳо холӣ нест
ва дигар чизҳоеро дарёбад, ки пеши назар битобанд, вале ба сабаби наздикӣ ва ё рӯшноияшон онҳоро фарқ кардан натавонад. Низ агар андаруни [чашм] осори бухорҳои каме, ки на мизоҷ ва на табъ, албатта, аз онҳо холӣ нест, мавҷуд бошанд, ҳамин гуна бувад. Вале ин ду [гурӯҳ чизҳо] аз чашмоне, ки ба ғоят тез нестанд, пинҳон хоҳанд монд ва онҳо танҳо касеро ба хаёл оянд, ки чашмаш ниҳоят тез бошад.
Ин ҳолат аз ҳолатҳоест, ки ба зиёнварӣ мансуб нестанд.
Аммо бахши дигари [чизҳои шабаҳнамо] ё андар табақаҳои чашм ва ё андар рутубатҳои он ҷой доранд. Бахши андар табақаҳо ҷойдошта бад-ин гуна бувад, ки бар фарози табақаи шохгун пайҳои ниҳоят ноаёне мавҷуд бошанд, ки аз обила ва ё аз омос, табиш ва ғайра боқӣ монда, чашмро аз берун зоҳир набошанд, вале аз дарун зоҳир шаванд, аз баҳри он ки маҳалли ҷойгирифтаи онҳо шаффоф нест ва бинобар он андар зери он бахшҳое аз чизҳои ҳисшаванда ва ҳавои шаффоф пинҳон монда, [ин бахшҳои пинҳонмонда] ба андозае бузург бинамоянд, ки агар инҳо ба ҳақиқат аз берун мебуданд, он бахши хурд ба наздики шикофтагии инабия ба қадри шабаҳи онҳо мебуд.
Он бахш [аз чизҳои шабаҳнамо], ки андар рутубатҳо ҷой дорад, бар ду қисм аст, аз баҳри он ки ё худи гавҳари рутубат ба он табдил ёфтааст ва ё аз чизе бар гавҳари рутубат расида бошад, ки берун аз он [рутубат] ҷой дорад. Он қисм [аз ин чиз], ки аз худи гавҳари рутубат падид омадааст, бад-ин гуна падид ояд, ки бахше аз рутубатро бадмизоҷие ориз шуда, ранги онро гардонида ва шаффофияшро бурда бошад. Бинобар он ин бахши [гавҳари рутубат] ба сабаби сардӣ, ё тарӣ ва ё гармие, ки бахши [мазкурро] ба ҷӯш оварда, [қисми] бодии онро бишӯронад, шаффофияти худро гум хоҳад кард. Хусусияти [қисми] бодӣ ин аст, ки агар бо [рутубати] тунуки шаффоф биомезад, онро ранги касифи кафкии ғайри шаффоф бидиҳад. Ё [бахши ёдшуда] ба сабаби хушкии ниҳоят фишурдакунандаи фароҳамоваранда [шаффофияти худро гум хоҳад кард]. Он қисм [аз чизҳои шабаҳнамо], ки аз ғайри [рутубат] бар вай ворид шудааст, шубҳае нест, ки ё аразии ғайри ҷойгиршуда буда, аз ҷинси бухорҳоест, ки аз тамоми тан, ё аз меъда ва ё аз мағз бархезанд ва ба шарте ки онҳо латифӣ ҳосил карда, ҳал бишаванд, чунонки ин гуна ҳолат ҳангоми буҳронҳо, баъд аз қай овардан ва баъди хашмгин гардидан падид ояд ва ё ин ки андар он [рутубат] ҷойгир шуда, аз фуруд омадани об огоҳӣ бидиҳад.
Мумкин аст ин чизҳои шабаҳнамо аз ҷиҳати андоза гуногун буда, хурду бузург бишаванд, ё мумкин аст андар қивом гуногун буда, фишурда ва тунуки сабук бошанд, ё мумкин аст андар ниҳод гуногун буда, ковок ва ё зичи меғмонанд буванд, ё мумкин аст аз ҷиҳати шакл гуногун буда, донашакл, пашшамонанд ва магасмонанд ва аз ҷиҳати тӯл ришташаклу мӯймонанд бошанд.
Фарқҳо ва нишонаҳо: Нишонаи он чи ки аз сабаби тезии ҳис аст, он бошад, ки ин [чизҳои шабаҳнамо] ноаён ва ба як тарзу ба як намуд набошанд. Онҳо инсонро ҳангоми дуруст будани биноияш ва аз ғайри расидани халале минбаъд ба вай ҳамроҳӣ кунанд. Он [чизҳои шабаҳнамо], ки ба сабаби табақаи шохгун падид оянд, сабабҳои ёдшуда бар онҳо далолат кунанд ва бояд муддате биистанд, вале на зиёд шаванд ва на ба биноӣ ва на ғайри он зиёне наоваранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор