Қонуни тиб

Оне, ки аз сабаби андар рутубати сафедигун ҷойдошта бихезад, муддаташ дароз буда, вале боиси осеби бузурге нагардад. Вай ё аз паси омоси гарм, (143) ё аз паси сабаби сардифизой ва ё гармифизой ба амал ояд ва ин яке аз ҳолатҳоест, ки ба тахмин дониста шавад, хусусан агар табақаи шохгунро ҳамвору софӣ ва бидуни ягон дуруштие дарёбӣ. Баъд ин як зайл собит буда, на афзоиш ёбад ва на боиси зиёни бузурге бигардад.
Аммо оне, ки сабабаш бухорҳои меъдавӣ ва баданист, бадин сабаб шинохта шавад, ки он баробари [истеъмоли доруҳои] бухорангез, ҳангоми пурии шикам ва гувориш, ҳангоми ҳаракатҳо, гижа ва садар ангехта шавад ва бар як ҳолат наистад, баръакс, фузунию коҳиш ёфта, махсуси на як чашм, балки ҳар ду чашм бошад. Агар ба изофаи ин маниши гаштан ҷой дошта бошад, далолат бар ин, ки аз сабаби бухорҳои меъдавист, дуруст барояд. Агар қай ва истифроғ овардан бо ёра, латиф сохтани ғизо ва парвои гувориш кардан онро нест кунад ва ё коҳиш диҳад, пас, далели он, ки ин андар меъда аст, тамомият хоҳад ёфт.
Андар боби нотавонии биниш нишонаҳои онеро донистӣ, ки сабабаш хушкии [рутубати] сафедигун ва ё ғайра бувад. Агар дурустии чашм ва саломатии худованди хаёлҳо шаш моҳ давом ёбад, ба аксари ҳолатҳо андар амон хоҳад буд.
Он бахш аз хаёлҳо, ки муқаддимаи фуруд омадани об аст, ба тадриҷ то фуруд омадани об чашмро тира кунад ва ё баъди падид омадани он об якбора фуруд ояд. Бисёр кам бошад, ки ин ҳолат аз шаш моҳ зиёд давом кунад. Ҳар гоҳ бибинӣ, ки хаёлҳо бираванду дубора боз оянд ва афзоишу коҳиш ёбанд, бидон, ки онҳо обӣ нестанд, вале агар бибинӣ, ки устуворанд, муддаташон дароз бикашад ва биноиро заиф кардан нагиранд, пас чунин ҳукм кун, ки инҳо [низ] обовар намебошанд.
Муолаҷаи хаёлҳо ва оғози фуруд омадани об: Нахуст ба муолаҷаи хаёлҳое бояд пардохт, ки аз фуруд омадани об огоҳӣ диҳанд. Аммо аз миёни дигар анвоъи онҳо онеро, ки аз хушкӣ ба амал омада бошад, мумкин аст доруҳои тариоварандаи маълум суд бахшанд. Аммо агар аз рутубат ва аз дигар чизҳое падид омада бошад, ки ғайри хушкиянд, он сурмаҳое вайро нафъ кунанд, ки зудоянда буванд. Ҳангоми навъи [хаёлоте], ки аз фуруд омадани об огоҳӣ диҳад, бояд нахуст аз пок кардани тан ва хусусан меъда оғоз карда, сипас аз тариқи ба кор бурдани доруҳои ғарғарашаванда, доруҳои андар бинӣ афкандашаванда ва доруҳои хоиданӣ ба пок сохтани сар бипардозанд. Аз доруҳои атсаоваранда аз он ҷиҳат умеди поксозист, ки онҳо ковоккунанда ва поксозандаанд, вале поксозии онҳо аз ҷиҳати ҳаракати сахт ба амал овардан бувад. Бинобар ин аз онҳо, хусусан ҳангоме ки ба фурӯсӯи асаб ва ё ба наздики он биафтанд, бими ба ҳаракат омадани об бувад.
Бидон, ки ёраи фиқро аз барои ин [беморӣ] суди бузург дорад. Инчунин ҳабби зар ва он доруҳое аз қабили қантуриюн, хиёри даштӣ ва мурр, ки андар таркиби он бидароянд, [ҳама судманданд]. Аз бобҳои муолаҷаи сар [74] ва пок сохтани он худ медонӣ, ки бояд ба чи диққат
дод. Бояд поксозӣ бо ёрии ёраи фиқро ва ҳабби зар бар тариқи шабёр ниҳоят думодум бошад. Доруҳои ба чашм кашидании латифкунандаю зудояндаро танҳо баъд аз поксозӣ бояд ба кор бурд. Ҳангоми оғози фуруд омадани об боз кардани шараёни паси гӯш нофеъ аст ва бояд аз истеъмоли доруҳои нармкунандаи мисли бодиён218 бо ангубин ва равғани зайтун оғоз намуд. Гӯё гуфтаанд, ки бӯидани марзангӯш барои касе, ки бими фуруд омадани об ба сӯи чашмро дорад, судманд аст. Бар бинӣ кашидани равғани [марзангӯш] низ ҳамчунин бувад. Гуфтаанд, ки бар ҳар ду гижгоҳӣ гузоштани девча ҳангоми оғози фуруд омадани об судманд аст. Бар чашм кашидани тухми катамро сутудаанд ва чунин ёд кардаанд, ки он обро дур сохта, ҳал кунад ва ин ба ғоят хуб бошад. Сипас тадриҷан ба доруҳое гузаранд, ки аз сакбина ва амсоли он таркиб ёфтаанд. Аз ҷумла се қутулӣ сакбина, аз ангужад ва харбақи сафед даҳ қутулигӣ ва ҳашт қутулӣ ангубинро [гирифта ба кор баранд]. Аз ҷумлаи доруҳое, ки ниҳоят санҷидашудаанд, ба чашм кашидани сари сӯхтаи парасту бо ангубин, шиёфи истифтиқон ва ҳамаи он заҳраҳое буванд, ки андар боби нотавонии нерӯи биниш ёд шудаанд. Созгортарини онҳо шиёфи мористонии заҳраҳо, шиёфи умилос ва сурмаест, ки андар Қарободин ёд шудааст ва аз заҳраи сангпушт бисозанд. Ё ба кор бурдани доруи Урибосиюс бо оби бодиён ва ё шиёфи марзангӯш, саборус, марухумун ва равғани баласон [низ] нофеъ бошанд. Яке аз доруҳое, ки ҳангоми оғози фуруд омадани об нофеъ бошад, ин аст, ки заҳраи ҷавонаи тандурустро гирифта, андар зарфи мисин кунанд ва қариб аз даҳ рӯз то ду ҳафта бад-ин ҳол бигузоранд. Сипас аз мурри суда, заъфарони суда, заҳраи сангпушти даштӣ ва равғани баласон ду дирамӣ гирифта, ҳамаро хуб омехта, фароҳам созанд ва андар чашм бикашанд. Аз харбақ як бахш, аз ангужад як бахш ва аз сакбина панҷяк ва даҳяки як бахшро бигиранд, ки аз даҳ се ҳисса бошад. (144) Аз ҳамаи инҳо шиёф сохта, бар чашм бикашанд. Инчунин аз харбақи сафед ва мурч як бахш ва аз уша сеяки як бахш гирифта, аз онҳо бо фишурдаи турб шиёф бисозанд ва ба кор баранд. Бояд аз моҳӣ, ғизоҳои ситабриоварандаю бухорангез, бисёр ошомидани об ва инчунин шароб ва аз пайдарпай раг задану ҳиҷомат кардан парҳез карда шавад. Балки [раг задану ҳиҷоматро] ҳар қадар, ки битавонанд, ба охир ба кор баранд, магар эҳтиёҷи сахте бад-он ҳис карда шавад ва бовар бошад, ки хун гарм ва зиёд аст.
Фасли шашум андар баёни интишор
Интишор ин аст, ки шикофтагии табақаи ангурмонанд фарохтар аз ҳадди табиӣ бигардад. Гоҳе ин пас аз
сардард ва ё ба ягон сабаби берунае аз қабили кӯфтан ва
ё ба ҳам задан падид ояд. Гоҳе ба сабабҳое вобаста бошад,
ки андар худи сиёҳии чашм, ё андар рутубати сафедигун
ва ё андар табақаи ангурмонанд ҷой дошта бошанд, зеро
ҳар гоҳ рутубати сафедигун тар гардида бузург шавад,
табақаи ангурмонандро тангӣ оварда, ба фарох шудан
маҷбур кунад. Аммо хушкии рутубати сафедигун на зотан, балки аразан ва бад-ин гуна муҷиби фарох шудан бигардад, ки аз паси он хушкидани табақаи ангурмонанд ба амал ояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор