Қонуни тиб

Агар гаронӣ сахт ва ё чашм ниҳоят тар бошад, пас, модда тар аст. Агар чашм хушк бошад, пас, модда савдовист. Ҳар гоҳ бар сар кӯфтагие бирасад ва ё афтидане ориз гардида, чашм нахуст берун биҷаҳад, сипас фурӯ нишинад ва аз кор монад, пас, чунин ҳадс зананд, ки асаби [дарунтиҳӣ] канда шудааст.
Фасли даҳум андар баёни аз рӯшноӣ рамидани чашм
Ин яке аз нишонаҳоест, ки бар гармии рӯҳ, афрӯхтагӣ ва тунукии он далолат кунад ва бисёр бошад, ки аз падид омадани фаронитус огоҳӣ диҳад, ба шарте ки сабабаш гари пилкҳо набошад. Илоҷи онро худ ҳамедонӣ.
Фасли ёздаҳум
андар баёни бурда шудани чашм
Ин гоҳе аз равшании зиёд ва сафедии ғолиб ба амал ояд, чунонки ҳар гоҳ ба барф дер нигариста бошад, чунин ҳол ориз шуда, кас ба сабаби заиф шудани рӯҳ чизҳоро набинад ва ё аз наздик бинаду аз дур не. Агар ба рангҳо нигарад, онҳоро сафед хаёл кунад.
Илоҷ: Ба [бемор] бифармоянд, ки пайваста ба рангҳои сабз ва осмонгун нигарад, бар пеши назараш чизҳои сиёҳранг биовезад. Агар ба офати аз сафедии барф расида офати сардии он низ изофа шуда бошад, оберо, ки андар он коҳи гандум ҷӯшонида бошанд, ба таври нимгарм ва ғайрисӯзон андар чашм бичаконанд. Мумкин аст ангубин ва фишурдаи сирро бар чашм кашид. Инчунин гоҳе чашмро кушода, бар бухори набизе бидоранд, ки онро бар осиёсанги тофта чаконида бошанд. Ё бо набизи қавӣ чашмро гармибандӣ кунанд. Ё чашмро бар бухори обе бидоранд, ки андар он гиёҳҳои ҳалкунандаи латифифизойи маъруферо аз қабили зуфо, шоҳафсар, бобуна ва монанди он ҷӯшонида бошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор