Қонуни тиб

Бояд [бемор] аз шароб, ҷимоъ ва гармоба парҳез кунад. Бо вуҷуди ҳамаи ин танҳо вақте бояд ба кушодани об пардохт, ки об истода гардад, ҳар чи ки аз он фуруд омаданист, фуруд ояд ва қивомаш андаке ситабр бигардад. Инро «истикмол» гӯянд ва аз барои он аст, ки то об андар мавзее аз поёни чашм қарор бигирад, ки неши миқдаҳаро бад-он сӯй биронанд. Бинобар он об кушоданро аз аввал ба таъхир гузоранд.
Ҳар гоҳ бихоҳӣ, ки об кушоӣ, худованди онро бифармой то моҳии тоза ва ғизоҳое бихӯрад, ки тарифизой буда, обро гаронӣ оваранд. Нахуст чизе истеъмол кунанд, ки зиёни обро қавӣ созад ва сипас об кушоянд. Умуман, агар об ниҳоят тунук ва ё ниҳоят ситабр бошад, кушоишпазир нест. Ҳар гоҳ бихоҳанд, ки об кушоянд, беморро бифармоянд то ба сӯи гӯшаи дарунии чашм, яъне ба сӯи бинӣ, нигарад ва бад-ин шакл худро нигоҳ дорад. Ӯ набояд андар баробари равзан ва андар маҳалли ниҳоят нуронӣ қарор бигирад. Сипас ба обкушоӣ пардохта, нахуст бо миқдаҳа шикофта кунанд ва онро андар миёни ду табақа то ҷое бидавонанд, ки баробари шикофтагии [чашм] бувад ва андар он ҷой [миқдаҳа] маҳалле чун фазо ва тиҳигӣ дарёбад.
Баъд бархе аз устокорон миқдаҳаро берун кашида, думчаи миҳаттро, ки он калид аст, андар он дароварда, то охири шикофтагӣ биронанд, то барои сари тези миҳатт маҷоле ба амал ояд. Бояд беморро ба шикебоӣ талқин кард. Сипас миҳаттро то ба ҳадди муайян шуда дароварда, бар фарози об бардоранд ва обро то пок шудани чашм ба зер фурӯ нишонанд ва он аз паси табақаи шохгун гузашта, ба зер фурӯ равад. Сипас миҳаттро андар ҷояш як муддати муносибе нигоҳ доранд, то об андар он ҷой қарор бигирад. Баъд миҳаттро аз он берун оранд ва бибинанд, ки оё об дубора боз меояд, ё не. Агар дубора боз ояд, ин тадбирро боз то эминӣ ҳосил кардан такрор кунанд. Агар об ба сӯе, ки фурӯ менишонанд, наравад, аз он сӯй майлаш диҳанд, балки онро ба ноҳияи дигар, ба он ноҳияе биронанд, ки майлаш бад-он сӯй бошад ва андар он ҷой парешонаш кунанд. Агар бибинӣ, ки об андар рӯзгори муолаҷаи чашм боз ояд, миҳаттро дубора андар худи ҳамон шикофтагӣ андаровар, зеро вай [76] ҳанӯз фароҳам наомада бошад. Агар ба ин шикофтагӣ хун ҷорӣ шавад, онро низ бояд фурӯ нишонд ва нагузошт, ки андар он ҷой боқӣ бимонад, зеро баста бигардад ва онро ҳеҷ илоҷе набошад.
Ҳар гоҳ, ки об кушодӣ, бар чашми мавриди обкушоӣ қароргирифта бо порае аз пунба зардии хояе бинеҳ, ки бо равғани бунафша шикаста шуда бошад. Чашми дурустро низ боистӣ баст, то бо ҷунбидани он чашми бемор низ наҷунбад. Беморро бифармой то се рӯз бар пушт ва андар торикӣ бихобад. Гоҳе эҳтиёҷ бад-он афтад, ки якчанд бор зимод аз нав дигар карда шавад ва то як ҳафта ҳолати оромии чашм ва бар пушт хобидан давом кунад.
Ин ҳангоме бошад, ки агар омосе, ё сардарде ва ё ғайри он ҷой дошта бошад. Лекин ҳангоми омос воҷиб аст бастагии сахт кушодатар ва сусттар карда шавад. Умуман, беҳтар он аст, ки бемор ҳолати оромии хешро то вақти
аз байн рафтани дард нигоҳ дорад. Бастагиро танҳо ҳар се рӯз як бор кушоянд ва доруро дигар кунанд. Равост, ки ҳангоми кушодан бо оби гул, ё оби бед, ё каду, ё оби садпайванд ва монанди он гармибандӣ карда шавад.
Мардумонро андар кушодани об роҳҳои гуногун аст.
Ҳатто бархеҳо буни табақаи шохгунро шикофта, обро аз он берун оранд.
Вале андар ин хатар аст, зеро агар об ситабртар бошад, ҳамроҳи он рутубати сафедигун низ берун ояд.
Фасли нуҳум андар баёни бекор шудани биноӣ
Бекор шудани биноӣ гоҳе аз сабабҳои нотавонии биниш ва ҳангоми ниҳоят қавӣ будани онҳо биафтад. Андар ин хусус мебоист бад-он ҷой муроҷаат кард,226 вале мо онҳоро аз нав такрор мекунем ва чизҳои ба анбозии мағз ва дигар андомҳо бударо бар меандозем, зеро инҳо (148) аз он ҷой маълуманд. Бекор гардидани биноӣ ё ҳангоме ба амал ояд, ки бахшҳои зоҳирии чашм андар гавҳари хеш солиманд ва ё ҳангоме ба амал ояд, ки онҳоро офати сӯзонанда, ё сайлоноваранда ва дигар чизи ба ҳамин равиш буда расида бошад.
Гуфтори мо андар баёни бахши якум чунин аст: Агарчи бахшҳои чашм зоҳиран андар гавҳари худ солиманд, лекин онҳоро мумкин аст аз ҷиҳати дигаре, ки барои умуми пизишкон ва оммаи мардум маълум нест, офате расида бошад. [Андар ин ҳолат] шикофтагӣ ё ба ҳоли дурустии хеш бошад ва ё набошад. Агар шикофтагӣ ба ҳоли дурустии худ бошад, пас, андар он ҷой ё суддаи обӣ бошад ва ё судда на андар он ҷой, балки андар асаби дарунтиҳӣ ҷой дошта, ё ба иллати чизе ба амал омада бошад, ки андар нойчаи он истодааст ва ё ӯро аз сабаби хушкӣ, ё истирхо, ё омоси андар он буда ва ё омоси андар мушакҳои он ҷой доштае, ки бар [асаб] фишор оварад, пӯшида шудан ориз гардида бошад. Ё вобаста ба фишоре бошад, ки чунонки пеш аз ин баён кардем, бахши пешини мағзро ориз гардида бошад, ё [асаби дарунтиҳиро] кандашавие ориз гардида бошад, ё рутубати ҷалидияро аз маҳалли баробари шикофтагӣ буда ба як сӯ рафтан ориз гардида бошад ва ё мумкин аст мизоҷи он табаҳ шуда, дар натиҷа ҳамчун афзори биноӣ дигар кор наояд. Аксар вақт ин ба сабаби рутубате ориз гардад, ки бар вай ниҳоят ғолиб бошад ва ё аз сабаби хушкие ориз гардад, ки бар вай ғолиб омада, боиси андар хеш печидану хушк шудани он гардида бошад. Ин иллатро «ғалуқумо»227 номанд ва онро ҳеҷ давое нест. Чашм ба сабаби он фурӯрафтаи шаҳло бигардад. Аммо солим набудани шикофтагӣ бад-он сабаб аст, ки ё фарохии он ба ғояти охирин расида бошад ва ё тангияш ба ҳадди пӯшида шудан.
Нишонаҳо: Нишонаҳои об, фарох шудану танг шудани [шикофтагии чашм] ва дигар чизҳо ҳар кадом андар боби худ гуфта омад. Аммо он сабаби [бекор шудани биноӣ], ки ба асаби дарунтиҳӣ вобаста аст, аз қабили чизест, ки онро бо ёрии нишонаҳои андар боби об ёдшуда ба таври ҳамагонӣ донистан осон аст. Аммо тафсили ҳоли он душвор ва қариб донистанашаванда аст. Агар андар он ҷой тапиш ва сурхӣ ҷой дошта бошад, аз он чунин ҳадс бизананд, ки андар асаби [дарунтиҳӣ] омоси гарм аст. Агар гаронию кам ҳароратӣ ҷой дошта бошад, чунин ҳадс бизананд, ки андар он ҷой варами сард аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор