Қонуни тиб

Агар ба ҳангоми он танҳо ҳарорат ҷой дошта бошад, пас, боистӣ бо чизҳои сардифизое аз қабили равғанҳо ва дигар чизҳо муолаҷа карда шавад. Ё оби як дона анорро фишурда, дубора онро бо каме сирко, кундур ва равғани гул андар пӯсташ бирезанд ва то қивом ёфтан ҷӯшонида, андар гӯш бичаконанд. Ё андар гӯш оби коҳу ва ё оби ангури сагак бичаконанд.
Ба ҳангоми он [гароние], ки аз сардӣ ва моддаи сард бархеста бошад, ба кор бурдани ҳамаи равғанҳои гарм, равғане, ки андар он гунди бедастар гудохта бошанд, хусусан равғани баласон ва қуст, ё равғани бодоми талх, фишурдаи афсинтин, равғани бобуна бо пиҳи гов ва заҳраи барзагов ва ё равғани сиркое, ки андар он дилаи ҳанзал ва ё бехи онро ҷӯшонида бошанд, судманд бувад.
Ҳангоми ин гуна [гӯшдард] агар андар пешоби барзагов мурр афканда, аз он доруи чакониданӣ бисозанд ва ё агар фишурдаи хиёри даштиро ба кор баранд, мумкин аст суд бахшад. Ҳамаи ин [доруҳои мазкурро] бояд ҳангоме ба кор бурд, ки пеш аз он моддаи сарди бандгардидаро бо ёрии воситаҳои истифроғи ҳамагонии тан ва хосси ноҳияи сар, ки онҳоро худ ҳамедонӣ, ба истифроғ берун карда бошанд ва пухтаковҳои бароят маъруф, хусусан он пухтаковеро ба кор бурда бошанд, ки андар таркиби он баргу донаи даҳмаст бидарояд.
Варзиш кардан, инчунин андар гӯш сахт садо додан ва буқ ва монанди инҳоро навохтан аз барои ин гуна [гаронӣ] сахт судманд аст. Гоҳе андар гӯш кулоҳак гузоранд, то ки бухори доруҳои ҷӯшонидашавандаи ҳалкунанда ба воситаи он андаруни гӯш биравад. Аз барои ҳамаи ин фишурдаи судоб бо ангубин ва ё гунди бедастар, равғани шибит, пешоб ва заҳраи буз, хусусан бо борзад, судманд аст. Яке аз доруҳое, ки андар ин бобат санҷидашуда аст, [доруи зерин бувад]: се дирамсанг гунди бедастар, якуним дирам натрун ва якуним дирам харбақро гирифта, аз онҳо мисли қурсҳо дору созанд ва ба тариқи чаконидан ба кор баранд. Нусхаи дигар чунин аст: се чаҳоряки як дирам харбақ ва сеяки як дирам натрунро [гирифта, дору созанд]. Инчунин аз кундуша, заъфарон ва гунди бедастар [78] бахшҳои баробар ва аз бура ва харбақ чаҳор бахшӣ гирифта, андар шароб бигудозанд ва ба кор баранд. Ё сабр, гунди бедастар, дилаи ҳанзал ва фурбиюнро бо заҳраи гов [бигиранд]. Равғани турб ва равғани мавизакро чун санҷидаанд, бисёр судманд дарёфтанд. Фишурдаи афсинтин ва ё ҷӯшонидаи он, ё фишурдаи турб бо намак, хусусан агар намию судда ҷой дошта бошанд, низ [нофеъанд].
Аз барои [гаронӣ] инчунин доруи зеринро санҷидаанд:
аз хардали бо анҷир кӯфташуда фатила бисозанд ва гоҳе бар вай натрун биафзоянд. Андар гӯш чаконидани оби гарми дарё судманд аст. Инчунин харбақи сиёҳ, заҳраҳо ва хусусан заҳраи буз бо равғани гул судманданд. Бархе аз [пизишкон] гуфтаанд, ки агар абҳалро андар равғани қунҷид андар кафлез ба андозаи сиёҳ шудани абҳал би
ҷӯшонанд, чаконидани [он андар гӯш] аз карии мутлақ нофеъ бувад. Дигар чизе, ки онро суд дорад, равғани шибит, ё даҳмаст, ё савсан, ё нордин бо гунди бедастар, ё кафки афсинтин ва ё фишурдаи судоб бувад.
Илоҷи [офате], ки ба сабаби хушкист, ин аст, ки ба [бемор] гармоба кардан, хӯрдани ғизову шароби тарифизой, бар сар рехтани равғани муътадил ва оби нимгарм, андар бинӣ афкандани, масалан, равғани нилуфар, бед, донаи каду ва ғайра бифармоянд. Оне, ки ба сабаби судда бувад, бо доруҳое муолаҷа кунанд, ки андар боби судда ёд шудаанд. [Инчунин] аз барои он фишурдаи донаи шаҳдона ва фишурдаи ҳанзали тар манфаати хуб доранд. Аммо [осеби] ба сабаби омосҳо расидаро, чи гарм бошад, чи сард, бо чизе муолаҷа кунанд, ки худ ҳамедонӣ.
Агар тарш (гаронгӯшӣ) якбора воқеъ шуда бошад, онро мумкин аст оби афсинтини ҷӯшонида, ё фишурдаи афсинтине, ки бо он заҳраи барзагов, заҳраи моҳии шаббут ва заҳраи сангпушт омехта бошанд, ё заҳраи барзагов бо равған, ё харбақ бо сирко ва ё пӯсти мор бо сирко суд бахшад.
[Офати] баъд аз сардард падидомадаро оби турб, равғани гул ва ё гунди бедастар бо донаи даҳмаст ва ҳамроҳи равғани гул суд дорад. Ҳангоми [офате], ки аз паси сарсом хезад, бояд аз истифроғ овардан бо ёраи фиқро оғоз кард, баъд андар гӯш гунди бедастарро бо равғани қуст, ё равғани қустро ба танҳоӣ, ё равғани бодоми ширин, ё оби турб ва равғани гул ва ё гунди бедастару даҳмастро бо равғани гул бичаконанд. (152) Яке аз ҳаббҳои аз барои [офате] санҷидашуда, ки аз судда, ё хилт ва ё боде падид омада бошад, ин аст, ки бист дирам турбид, даҳ дирам ҳанзал, дуним дирам анзарут, ҳафт дирам касиро ва даҳ дирам ҳалиларо гирифта, аз онҳо ҳабби шабёр созанд.
Як ошомидании он ба қадри як дирам бувад. Мо ба оғози гуфтор баргашта бигӯем: Барои ҳамаи он чи аз қабили гаронии гӯш, дардҳо, бодҳо, садо ва бонг задани он, ки аз сабаби моддаи сард ва сардӣ падид омадааст, яке аз доруҳои муштарак баъд аз поксозии сар ин аст, ки андар гӯш бура бо сиркову ангубин, заҳраи барра бо равғани зайтун, бо шароб ва ё бо равғани бодоми талх, ё оби гандано ва оби пиёз бо ангубин ва ё шири зан бичаконанд. [Инчунин] доруҳои муштараки андар боби дардҳо ёдшуда, ду қатра қатрон пагоҳию бегоҳӣ, ё харбақаи сиёҳ ва сафед бо бархе аз равғанҳо, хусусан бо равғани савсан, ё оби афсинтин ва оби пӯсти турбро [метавон ба кор бурд]. Низ равғане, ки андар он пӯсти мор ҷӯшонида бошанд, ё донаи даҳмаст, ё фурбиюн ва гунди бедастар бо равғани баласон ва ё нафт [нофеъ аст]. Ё як уқия сақизи набатӣ, ду уқия равғани хайрӣ ва ним уқия равғани бодоми талхро гирифта, ҳамаро якҷоя биҷӯшонанд ва аз он се қатра бомдод ва се қатра шабонгоҳ ба кор баранд. Ангубини лабанӣ бо равғани хайрӣ низ чунин бувад. Ҳамчунин оби барги ҳанзали тар, фишурдаи филгӯш ва ҳазоргашон сахт қавист. Низ доруҳои муштаракеро [ба кор баранд], ки андар боби дардҳо ёд шудаанд.
Агар ин гуна [гаронӣ] кӯдаконро ориз бигардад, равғани додие, ки андар он судоб ва марзангӯш ҷӯшонида бошанд, ё танҳо оби даҳони каси саътар хоида бо намаки андаронӣ эшонро суд дорад. Аз миёни гармибандиҳои судманд гармибандиҳоеро ба кор баранд, ки бо ҷӯшонидаи бобуна, шибит, барги даҳмаст, марзангӯш, бӯстонафрӯзи хушк ва оқирқарҳо ба амал оварда шаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор