Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Инчунин пухтаковҳоеро [ба кор баранд], ки андар боби сар ёд шудаанд. Андар офтоба [оби ҷӯшон] рехта, бухори онро баробари гӯш бидоранд, то он андар гӯш бидарояд. Истифроғе, ки аз барои тарш (гаронгӯшӣ) кунанд, беҳтар он аст, ки шумораи он зиёд буда, ҳар боре миқдори дарозии онро кӯтоҳтар кунанд, то ки қувват нигоҳ дошта шавад ва пазиш пурра ба анҷом расад.
Аммо гарониеро, ки ба сабаби омосҳои чи гарм ва чи сард ба амал омадааст, бо чизе муолаҷа кунанд, ки худ ҳамедонӣ ва моро ҳоҷати шарҳ додани он нест.
Фасли чаҳорум андар баёни дарди гӯш

Дарди гӯш ё аз бадмизоҷӣ, ё ба сабаби омос ва ё табише ва ё ба сабаби гусастагии пайвастагӣ падид ояд.
Бадмизоҷӣ ё гарми бе модда бувад ва гузашта аз ин чунон бошад, ки ба сабаби ҳавои гарм ва боди гарм, хусусан ҳангоми якбора аз сардӣ ба гармӣ гузаштан, ё ба сабаби ҳангоми бо оби гарм ғусл кардан, ба гӯш даромадани об ва ё [ба сабаби] яке аз обҳое, ки бар вай қувваи гарм ғолиб аст, падид ояд; ё гарми бо моддаи хунӣ ва ё сафровӣ бошад; ё сарди бе модда буда, гузашта аз ин ба яке аз сабабҳои зидди сабабҳои ёдшуда, яъне ба ҳавоҳову боди сард, хусусан агар аз гармӣ якбора ба сӯи онҳо гузашта бошанд ва ё ба оби сард ва ё ба обе вобаста бошад, ки бар вай чизи сард ғолиб омадааст; ва ё сарди бо моддаи бодии сард ва ё [моддаи] хилтии часпон бувад.
Гӯшдарде, ки ба сабаби омос ва табишҳо падид ояд, ин омосу табишҳо ё гарм буванд ва ё сард.
Гӯшдарде, ки ба сабаби гусастагии пайвастагӣ ба амал ояд, ин масалан, боде бошад, ки аз ҳам кашад, ё решҳо ва ё хуроҷҳо бувад. Аз ҷумлаи сабабҳои гӯшдард, ки боиси аз ҳам гусастани пайвастагӣ бигарданд, ин бодест, ки андар гӯш падид ояд, ё обест, ки андар он бидарояд, ё ҷонварест, ки ба сӯрохи он роҳ ёбад ва ё кирмест, ки андар он зода шавад. Гоҳе [чунин гӯшдард] мумкин аст бар асари афтидагӣ ва кӯфт хӯрдан ба амал ояд.
Сахттарини дардҳои гӯш дардест, ки аз омоси гарми бисёр амиқ ҷойгирифта бархезад. Хусусан агар [омос] боиси парешонии ақл шуда бошад, ин гуна дардро таб ҳамроҳӣ кунад. Аммо ҳангоми он омосе, ки аз куркуракҳои берунӣ падид омадааст, на дарди сахт ба амал ояд ва на хатари бузурге бошад, вале [омоси] нахуст ёдкарда гоҳе мумкин аст мисли сакта ногаҳон бикушад. Ин нисбат ба пирон бештар ва зудтар барноёнро бикушад.
Гоҳе мумкин аст андар рӯзи ҳафтум ба ҳалокат бирасонад. Аммо андар бештари пирон ин омос рим кунад, (153) вале барноёнро аксар вақт пеш аз рим кардан бикушад. Агар рим кунад ва ба изофаи он нишонаҳои хуб мавҷуд бошанд, умеди раҳоист.
Гӯшдард гоҳе бо хориш ва гоҳе бе хориш ба амал ояд.
Мо аз барои хориши гӯш андар ҷои муносиби он як боб овардаем.
Нишонаҳо: Нишонаҳои [гӯшдард] мисли он нишонаҳоест, ки андар боби карӣ ёд шуданд.
Муолаҷа: Бояд қонуни чаконидани он чиро, ки боистӣ андар гӯш чаконида шавад, риоя кард, яъне дору набояд бисёр гарму сард бошад. Агар сабаб пурии тан ва ё сар бошад, бояд ноҳияи сар аз ҷинси он пурӣ холӣ карда шавад. Агар гарм бошад, раг задан ва истифроғро ба кор баранд, ки чунонки медонӣ, бо доруҳои сарро аз модда поккунанда ба амал оварда шавад. Агар хилт хилти часпаки устувор бошад, бояд бо ҳаббҳои шабёри маъруф ва доруҳои ғарғарашаванда [чунин кард]. Агар [хилт] устувори андар ноҳияи гӯш ҷойгирифта бошад, бояд аз паси исҳол низ ба истеъмоли бухорҳои нармкунанда ва доруҳои чаконидании нармкунанда пардохта шавад. Сипас бори дигар оҳанги чизе бикунанд, ки [хилтро] аз андом ба истифроғ берун орад.
Агар сабаб гармии беандоза бошад, бояд мағзро бо доруҳои маъруфи хомӯшкунандаи гармӣ, ки андар боби мағз ёд шудаанд, сард намуд ва андар гӯш равғани нимгарми гул ва ё сафедии хояи мурғ бичаконанд. Агар дард сахт бошад, бо инҳо кофур ҳамроҳ кунанд. Гоҳе равғани бунафша бо кофур ба сабаби сустиоварии худ бештар аз равғани гул дардро ором кунад. Инчунин андар гӯш шиёфҳои дарди чашм фурӯнишонандаро бо сафедии хоя ва ғайра чаконанд. Ба ростӣ, сафедии хояи мурғ ба танҳоӣ ва ё шир бо оби ангури сагак [79] ва оби кашниз хосияти аҷибе доранд. Беҳтарини ширҳо шири тоза аз пистон дӯшида аст. Он ниҳоят судманд бувад. Ё харотинро андар равғани гул ҷӯшонида, андар гӯш бичаконанд. Ё лесакро андар равғани гул пухта, аз он [ба гӯш] бичаконанд. Ё равғани гулро андар сечанди худ аз сиркои хамрӣ то замоне биҷӯшонанд, ки сирко нест шуда, равғани гул бимонад ва инро ба тариқи чаконидан ба кор баранд. Ин аз [дарди] гарм ва тапишнок сахт судманд аст.
Равғани донаи каду, равғани нилуфар, равғани бед ва амсоли инҳо низ ҳамчунинанд. Инчунин фишурдаҳое ба монанди фишурдаи каду чи аз ҷирми он бошад ва чи аз барги он ва низ зимодҳои сардифизой, ки аз берун ба кор баранд, [фоиданоканд]. Бархе аз [пизишкон] чунин ёд кардаанд, ки оби печак андар мисли ин гуна ҳолат ниҳоят хуб аст ва фишурдаи шаҳдонаи тар [низ чунин бувад]. Агар тапишу дард шиддат ёбад ва аз он бими падид омадани ташаннуҷ бошад, аз кор фармудани доруҳои нармкунанда чора нест ва ҳеҷ чиз ба андозаи равғани куҳани гов нест. Гоҳе зиёни гӯшдардро мумкин аст андар гӯш даровардани найчае кифоят кунад, ки бар офтобаи пури оби гарм пайваст карда бошанд, то ки бухори об ба гӯш бидарояд. Ин кор бисёр бошад, ки дардро фурӯ нишонад ва аз [истеъмоли] дигар [доруҳо] бениёз гардонад.
Хусусан агар андар ин об чизҳои ба оҳистагӣ нармиоваранда ҷӯшонида бошанд ва инчунин бо ягон чизи карахтиоваранда омехта бошад, аз доруҳои карахткунанда [низ] бениёз хоҳад кард. Ҳар гоҳ ба истеъмоли доруи карахткунанда зарурат падид ояд, беосебтари он шиёфи момисо бо мояе аз афюн аст, ки онро бисованд ва бо шири занон сиришта, андар гӯш бичаконанд.
Агар сабаби гӯшдард андаромадани об ба [гӯш] бошад, бо чизҳое, ки андар ин бобат ёд шудаанд, боистӣ муолаҷа кард. Агар сабаб сардии андар умқи [гӯш] ҷойгирифта ва ё [сардии] аз берун расида бувад, пас, бояд доруҳои чакониданиро аз равғанҳои гарм бигиранд. Масалан, рав ғани судоб, равғани шибит, равғани сунбули румӣ, равғани даҳмаст, равғани бобунаи говчашм, равғани баласон, равғани беданҷир ва монанди инҳоро [бичаконанд].

пешина
аз 1215
навбатӣ