Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Бонгзаниеро, ки аз сабаби чирк хезад, бо илоҷи омос ва чирк муолаҷа кунанд. Ҳангоми бонгзание, ки касони шифоёбанда ва касони хушкмизоҷро ба амал ояд, бояд нигарист, агар сабаб хушкӣ бошад, ғизо [хуб] бидиҳанд ва бо равғанҳои муътадили моил ба сардӣ ва ё моил ба гармӣ ба ҳасби ҳоҷат тарифизоӣ кунанд. Агар сабаб нотавонӣ бувад, он доруҳои чакониданиеро ба кор баранд, ки ёд шудаанд ва мизоҷи аразиро муътадил бигардонанд.
Бонгзаниеро, ки ба сабаби моддаи ҳангоми сарсом ба сӯи [гӯш] рондашуда ва ё ба сабаби хилти ситабри часпак ба амал омадааст, бо ҳамаи он чизҳое муолаҷа кунанд, ки андар боби карӣ ва гӯшдард ёд шудаанд. Яке аз илоҷи хосси [бонгзание], ки баъди сарсом ва хусусан баъди табҳо ба амал ояд, ин аст, ки фишурдаи афсинтин бо равғани гул ва ё бо сирко ва равғани савсан [ба кор бурда шавад]. Ин ба ростӣ муолаҷаи хубест. Аммо бонгзаниеро, ки аз хилти часпаки сард падид ояд, қурсе хос аст, ки санҷидашуда бошад ва он чунин аст: се дирам харбақи сафед, панҷ дирам заъфарон ва даҳ дирам натрунро гирифта, аз онҳо қурс бисозанд ва ба кор баранд.
Яке аз доруҳои муштараки серманфаате, ки аз барои бонгзании ба сабаби нотавонӣ, ё ба сабаби судда ва ё хилтбуда санҷидашуда аст, ба таври зерин бувад: аз қаранфул ва тухми гандано ним дирамӣ ва аз мушк як донг гирифта, бо оби марзангӯш ва судоб ва ё бо шароб андар гӯш бичаконанд. Ҷӯшонидаи барги санавбар, ҷӯшонидаи барги шамшод ва ҷӯшонидаи барги даҳмаст низ ҳамчунинанд. Ҳангоми [ба кор бурдани] ҳамаи инҳо бояд аз таоми шомгоҳӣ парҳез кард.
Баъзе донишмандони пешин гуфтааст: «Ҳеҷ чиз аз барои бонг задани гӯш судмандтар аз доруи пудинае нест, ки аз барои хотира тавсифаш кардаанд». Ба ростӣ, ин яке аз судмандтарини чизҳоест, ки Худои бузургу тавоно онҳоро аз барои ин ғараз офаридааст. Аз ин [беморӣ] доруи чаконидание нофеъ аст, ки аз зуфо, бура, санавбар ва донаи даҳмаст сохта шудааст. Бояд он муолаҷаҳои муштарак ва хусусан сардеро тааммул кард, ки андар боби карӣ ва гӯшдард гуфта шудаанд.
Фасли шашум андар илоҷи чирк, хуноба ва решҳои гӯш

Нахустин чизе, ки бояд пеш аз ҳама ба он пардохт, латиф сохтани ғизо, истеъмоли он тараҳову гӯштҳое, ки аз онҳо хилти хуб, хуш ва сутуда зода шавад ва майл додани тадбири [ғизо] ба сӯи он кайфияти муътадилест, ки воҷиб бувад. Агар мизоҷ ошомидани оби ҷав ва монанди инро тақозо кунад, бояд чунин кард. Варзишро сабук кунанд ва моддаро бо ёрии доруҳои атсаоваранда ва доруҳои ғарғаракунанда ба сӯи бинӣ ва даҳон бигардонанд.
Сипас решҳо холӣ аз он нест, ки ё ба ҳис зоҳир бошанд ва ё амиқ буда, ҳис то бад-онҳо расидан натавонад. Намудори онҳоро бо сирко ва об, ё бо сикангубину об, ё бо ангубину об, ё бо хамр ва ё бо ҷӯшонидаи ангубин бо гул ва мӯрд бишӯянд. Баъд аз он андар гӯш чизҳои хушккунандае аз қабили (157) зоги сӯхта ва монанди онро бидаманд. Гоҳе мумкин аст [реши] зардобнок ва чиркро равғани шаҳдона судманд бошад. Беҳтар он аст, ки то ба ифрот нарасад, на пас гардонда шавад ва на боздошта, балки бояд онро бо оби мурр барин дору якҷоя бо равғани гул бишӯянд ва бизудоянд. Инчунин фишурдаи барги зайтунро бо ангубин ба тариқи чаконидан ба кор баранд.
Аммо аз миёни решҳои амиқ бархе нав падидомада ва бархе дерина буванд. Нав падидаомадаро, масалан, бо шиёфи момисо ва сирко, ё бо шиёфи гул, мурр ва сабри андар ангубин ва ё шароб афканда муолаҷа кунанд ва инҳоро андар гӯш бичаконанд. Гоҳе чаконидани оби ғӯра андар гӯш, хусусан агар бо ангубин ҳамроҳ карда шавад, суд бахшад. Инчунин аз фишурдаи барги бед, ё ҷӯшонидаи он ва ё аз замчи ямании сӯхта ва мурр як дирамӣ гирифта, бо ангубин бисованд ва андар пашминае карда ба кор баранд.
Ё аз хуни сиёвушон, кафки дарё, анзарут, бураи арманӣ, мурр, лабон ва шиёфи момисо [81] бахшҳои баробар гирифта, бар фатилаи бар болои мил печида ва андар ангубин оғушта бипошанд ва андар гӯш кунанд.
Агар [гӯшро] дард бошад, онро бо рими оҳане муолаҷа кунанд, ки андар вай касирои совида афканда бошанд ва онро бо чизҳои хушкифизой ва оромкунандаи дард омехта бошанд. Мисоли ин ба кор бурдани равғани бодом бо мурр, сабр ва заъфарон аст. Гоҳе чунин зарурат биафтад, ки бо вай каме афюн биомезанд. Ба кор бурдани «доруи сарӣ» низ судманд аст, зеро вайро ба изофаи як миқдор хушкиоварӣ доштан, қуввае ҳамроҳӣ кунад, ки оромкунандаи дард аст. Аз барои [дард] доруҳои мураккабе [низ] суд бахшанд, ки андар Қарободин ёд шудаанд. Гоҳе мумкин аст онро қурсҳои андарун нофеъ бошанд ва [низ] доруи зерин судманд аст: донаҳои ҳалилаву мозуро гирифта, бисӯзанд ва бо равғани хайрӣ ва дурди [равғани] тухми [катон] ба ҳам омехта, андар гӯш бичаконанд. Аз барои [дард] чаконидани марҳами сафеда ва марҳами босалиқун, ки ба ҳам омехта бошанд, судманд аст.
Аммо [решҳои] деринаи амиқ сахт баданд ва гоҳе боиси бараҳна шудани устухон бигарданд. Фарохии маҷро ва фаровонии рими гандида аз он гувоҳӣ диҳанд. Андар ин ҳангом эҳтиёҷ бад-он аст, ки масалан, қатронро омехта бо ангубин, заҳраи зоғ ва сангпуштро бо шири зан ва ё қардамоно ва натрунро якҷоя бо анҷири донааш гирифта ба кор баранд. Яъне аз ин [маҷмӯъ] фатилаҳо сохта, баъд аз пок кардани чирк онҳоро ба кор баранд. Ҳангоми [истеъмоли] дигар доруҳо низ чунин кунанд.
Яке аз доруҳои андар ин бобат қавӣ ин аст, ки туполи мисро бо зирних, ангубин ва сирко, ё занги рими оҳан ва ё худи рими оҳанро баъд аз якчанд бор думодум сурх кардан бо сиркои хамр чун гард суда намуда, ба ҳадде бирасонанд, ки ба сони ангубин бигардад ва онро андар гӯш бичаконанд. Гоҳе мумкин аст эҳтиёҷ ба марҳами зангор биафтад. Ин ҳангоме бошад, ки реш куҳану чиркнок бигардад. Яке аз доруҳои андар ин бобат миёна ин аст, ки замчи сӯхтаро бо якчанди худ аз ангубин [омехта, ба кор баранд] ва гоҳе андар он хурмо низ биафзоянд. Аз ин ҳам қавитар таркибест, ки ба сифати зерин бувад: аз ҳар кадоми зангор ва пӯстҳои мис чаҳор дирамӣ, аз фишурдаи гандано як уқия ва аз ангубини мозӣ (ангубини сафед) як уқия гирифта, онҳоро ба кор баранд.
Агар рим ниҳоят зиёд ояд, ночор боистӣ фатилае ба кор бурда шавад, ки онро андар заҳраи барзагов оғушта бошанд ва ё пешоби кӯдакро бояд чаконид.

пешина
аз 1215
навбатӣ