Қонуни тиб

Аз ин ҳам қавитар рими оҳани шуста ва як чанд бор бар тоба бирёнкардаест, ки онро андар сирко ҷӯшонида, ба кор баранд.
Агар баробари [реши] римдори дерина дард ҳам ҷой дошта бошад, андар гӯш набизи қавиеро бирезанд, ки бо равғани гул, ё оби гандано ва ё оби моҳии шӯр шикаста бошанд. Гоҳе ин дард мумкин аст эҳтиёҷ ба истеъмоли сабр, афюн ва заъфароне пайдо кунад, ки онҳоро бо ангубин сиришта, андар гӯш кунанд.
Ҳар гоҳ рутубатеро бибинӣ, ки ба сабаби доруҳои боздорандаи хушкифизой банд гардидааст, андар гӯш равғани гул бирез, то хушкрешаро бибарад ва сипас андар он чизе бирез, ки гӯшт бирӯёнад. Умуман, бояд, ки рим банд нагардад, балки афзоиши онро бояд пешгирӣ намуда, реши онро хушконид. Бисёре аз дармонкунандагони бомаҳорат андаруни гӯши римкардаро бо пораҳо пур карда, аз гӯш омадани римро боз доранд ва беморро бар он сӯй хобидан нагузоранд, то ки рими он берун зада набарояд. Бинобар ин, вай ночор ба сӯи гӯшти нарме рӯй оварад, ки андар буни гӯш ҷой дорад ва омос падид ояд. Онро баъд аз пухтан шикофта, муолаҷа кунанд ва бо ҳамин аз гӯш омадани рим шифо ёбад.
Фасли ҳафтум андар баёни аз гӯш рехтани хун
Гоҳе бархе аз он аз ҷиҳати буҳронӣ будан ба равиши хуни бинӣ ба амал ояд. Гоҳе (158) аз сабаби пурхуние ба амал омада бошад, ки боиси кафидан, кушода шудан ва бурида гардидани рагҳо бигардад. Гоҳе мумкин аст аз сабаби садма ва кӯфтагие падид омада бошад.
Илоҷ: Навъи буҳронӣ агар боиси беҳушӣ ва нотавонӣ намешуда бошад, раво нест, ки нигоҳ дошта шавад.
Аммо навъҳои дигари онро ё бо доруҳои гиранда, ё бо доруҳои доғниҳанда ва ё бо доруҳои сардиоваранда бибанданд. Аз доруҳои гиранда, масалан, ҷӯшонидаи мозуро бо об ва ё сирко ва ҷӯшонидаи авсаҷро гоҳе мурр ҳамроҳ карда, бо хамри куҳан ва ё сирко [ба кор баранд].
Инчунин шиёфи момисо, ҳузаз, ҷӯшонидаи барги дарахти мастако ва ё фишурдаи анореро боистӣ ба кор бурд, ки он анорро андар сирко пухта, оби онро фишурда бошанд. Аз доруҳои сардифизой, масалан, фишурдаи садпайванд ва «забони барра»-ро бо хамр ва ё шиёфи момисо ва афюнро [ба кор баранд]. Аз доруҳои доғниҳанда, масалан, фишурдаи бодруҷро [ба кор баранд]. Яке аз доруҳои ниҳоят аҷиб ба кор бурдани панирмояи харгӯшӣ бо сирко ва ё фишурдаи гандано бо сирко бувад.
Он чи ки аз барои ин ғараз санҷидашуда аст, доруи зерин аст: ҳар ду гурдаи барзагов ва каме пиҳи онро гирифта, намак зананд ва сипас нимбирён карда, оби онро андар гӯш бифишоранд.
Фасли ҳаштум андар муолаҷаи чирки гӯш ва суддае, ки аз он бархезад
Муолаҷаи сабуки он ин аст, ки хусусан шаб андар гӯш
равғани бодоми кӯҳии талх бичаконанд. Ба гармоба даромада, гӯшро бар замини тафсони он биниҳанд, то чирк
гудохта шавад. Гоҳе мумкин аст аз барои ин андар гӯш
дамидани зог нофеъ бошад. Инчунин як мисқол қардамоно, ним мисқол бураи арманӣ ва гили231 сафедро ба андозаи сиришта шудан гирифта, аз онҳо фатила созанд. Ё андар гӯш заҳраи бузро бо равған, ё фаросиюни суда ва ё оби фаросиюн бирезанд. Ё бураро бо сирко гудохта бигузоранд, то ҷӯшишаш фурӯ монад ва онро бо равғани гул омехта, андар гӯш бичаконанд. Ё бураро бо анҷири донааш гирифта биомезанд, аз он ҳаббҳои хурд бисозанд ва андар гӯш ниҳода, чун рӯзи севвум бигиранд, [ҳабб] чирки зиёдеро бо худ берун орад ва пас аз он сабукии маълуме ҳис карда шавад. Гоҳе андар [гӯш] қардамоно ва газна бигузоранд. Яке аз доруҳои аз ҳама қавӣ фишурдаи барги ҳанзал аст, ки ба таври чаконидан ба кор баранд.
Ё бура ва зирнихро баробар бигиранд ва бо ангубин сиришта, бо сирко гудозанд ва андар гӯш бичаконанд. Як соат сабр кунанд ва сипас он мавзеъро бо оби ангубин ва ё бо оби гарм бишӯянд.
Фатилаҳои қавиро танҳо баъд аз истифроғ ба кор баранд. Яке аз онҳо фатилаест, ки андар равғани зайтун, ё равғани бобуна ва ё равғани нордин оғушта бошанд.
Гурӯҳе чунин тасдиқ кунанд, ки кофур аз карӣ (тарш) ниҳоят судманд аст, вале ин шояд барои карии зардагӣ нофеъ бошад. Яке аз доруҳои санҷидашуда равғани зайтунии каждум аст, ки он карии мутлақро (самим) шифо бахшад. Яке аз чизҳое, ки суддаи аз чирк падидомадаро судманд аст, фатилаест, ки аз тухми сипандон ва бура бисозанд ва се рӯз андар гӯш кунанд. Сипас чун онро берун оранд, чирки зиёде низ берун ояд. Фатилаи бо ангубин ба кор бурдашаванда низ ҳамчунин бувад.
Фасли нуҳум андар баёни суддае, ки андар гӯш падид ояд
Ин судда мумкин аст ба сабаби пардае бошад, ки андар офариниш падид омада бошад, чунонки пардаи бар шикофтагии [чашм] офаридашударо чунин бошад. Гоҳе мумкин аст ба сабаби хуни басташуда, гоҳе ба сабаби гӯшти зиёдатӣ ва ё озах ва гоҳе ба сабаби сангреза ва ё донае, ки андар гӯш биафтанд ва ё ба сабаби ҷонваре, ки андар он даромада мурда бошад, падид ояд. Гоҳе ба сабаби хилти часпаке ба амал ояд, ки сӯрохӣ ва ё маҷрои асабро гирифта бошад ва бар асари он одам чунин пиндорад, ки гӯшаш пайваста гирифтагист. Гоҳе ин баъд аз боди сахте ба амал ояд.
Илоҷ: Агар судда аз сабаби парда ва ё гӯште падид омада бошад, ки андар асли офариниш пеши маҷроро баста бошад, чунин аст, ки муолаҷаи навъи амиқтари он душвор ва рӯяки он осонтар бувад. Ҳангоми суддаи дарунӣ бояд ҳила ба кор бурда, онро бо афзори дақиқе бибуранд ва сипас онро ба тариқае, ки ба наздикӣ баён хоҳем кард, нагузоранд, ки фароҳам ояд. Агар судда рӯяк бошад, бояд онро бо корди нешдоре пора кунанд, ки бо он бавосири биниро гирд бибуранд. Сипас андаруни он фатилаеро ниҳанд, ки бар вай аз доруҳои монеи рӯидани гӯшт қалқатор ва монанди онро пошида бошанд.
Агар судда аз чизи андар гӯш дармонда падид ояд, бояд андар гӯш равғанҳое аз қабили равғани гул, ё савсан ва ё хайрӣ бичаконанд. Агар чизи андар гӯш дармонда ҷонвари мурда бошад, андар гӯш равғанҳоеро бирезанд, ки онро бикушоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор