Қонуни тиб

Бахши севвум, ки он бахши хурд нест, андар тиҳигии новашакли андар устухони рухсора сохташуда фуруд ояд ва бар ду фаръ ҷудо шавад. Як фаръи он ба андаруни даҳон ояд ва андар дандонҳо пароканда шавад. Аммо қисме аз он, ки бахши курсиҳост, зоҳир аст ва қисме аз он, ки бахши дигар дандонҳост, аз дида пинҳон бувад. Ин низ андар гӯштҳои буни дандонҳои барсӯвин пароканда шавад. Фаръи дигар андар рӯи андомҳое аз қабили пӯсти рухсора, сари бинӣ ва лаби барсӯвин пароканда гардад.
Ин буд бахшҳои шохаи севвуми ҷуфти севвум.
4) Аммо шохаи чаҳоруми ҷуфти севвум бошад, андар гузаргоҳи андар манаҳи забарин ҷойдошта фуруд омада, ба забон бипайвандад ва андар табақаи барсӯвини он густариш ёфта, ҳисси хосси онро, ки чашидан аст, бар вай бирасонад. Боқии он андар буни дандонҳои зерин, андар гӯшти буни дандонҳо ва андар лаби зерин пароканда шавад. Бахше, ки ба сӯи забон омада бирасад, бориктар аз асаби чашм аст, зеро сахтии ину нармии он муодили ситабрии вай ва борикии ин буванд.
Саргаҳи ҷуфти чаҳорум, чунонки гуфтем, аз паси ҷуфти севвум ва гароидатар ба сӯи пойгоҳи мағз буда, бо ҷуфти севвум биомезад, сипас аз он ҷудо шавад ва ба сӯи ком фуруд омада, бад-он ҳис бирасонад. Ин ҷуфт хурд аст, вале аз ҷуфти севвум сахттар бошад, зеро он ба сӯи ком ояд ва пӯсти ком аз пӯсти забон сахттар бувад.
Аммо ҷуфти панҷум бошад, ҳар фарде аз он бар ҳайъати дучандӣ ба ду ним шавад, балки ба наздики бештари касон ҳар фарде аз он як ҷуфт аст. Саргаҳи он аз ду бари мағз бувад. Бахши якуми ҳар як ҷуфти он рӯ ба остари гӯш оварда, андар саросари он пароканда шавад. Саргаҳи ростинии ин бахш аз бахши пасини мағз аст ва ҳисси шунидан бад-он бувад. Бахши дуввуми [ҳар ҷуфт] аз якумӣ хурдтар аст ва аз сӯрохе берун ояд, ки андар устухони сангӣ канда шудааст ва аз шидати печидагӣ онро «аъвар» ва «аъмо» гӯянд. Печидани роҳаш аз баҳри он аст, ки то масофа дароз ва охираш аз саргаҳ дур бошад, то ки асаб пеш аз берун омадан аз он аз дурии саргаҳ истифода бурда, сахтӣ ба худ бигирад.
Чун [асабҳои ин ҷуфт] берун оянд, бо асабҳои ҷуфти севвум омехта шаванд ва бештари онҳо ба сӯи рухсора ва мушаки паҳн ояд. Боқии ин ҷуфт ба сӯи мушакҳои ҳар ду гиҷгоҳӣ равад. [Ҳисси] чашидан андар асаби чаҳорум ва [ҳисси] шунидан андар [асаби] панҷум аз баҳри он офарида шудаанд, ки афзори шунавоӣ ниёзманди он аст, то кушода бошад ва роҳи ҳаво ба сӯи он баста набошад ва афзори чашиданро воҷиб аст, ки паноҳ бошад. Аз ин ҷо воҷиб омад, ки асаби шунидан сахттар бошад ва бад-ин сабаб саргаҳи он наздиктар ба бахши бозпасини мағз бувад. Аз баҳри он андар асабҳои чашм ба як асаб иктифо шудааст ва асабҳои мушакҳои ду гиҷгоҳӣ бисёранд, ки косахонаи чашм ниёзманд ба фарохии бештар аст, зеро асабе, ки қувваи биниш бирасонад, ба ситабрии бештаре муҳтоҷ буда, [ва ин ба навбати худ] ниёзманди тиҳигӣ бошад ва [изофа ба ин] устухоне, ки барои нигоҳ доштани ғӯзаи чашм фурӯрафта аст, таҳаммули хоначаҳои бисёрро надорад.
Асабҳои ҳар ду гиҷгоҳӣ бошанд, (56) ба сахтии бештар эҳтиёҷ дошта, вале ба ситабрии зиёд ниёзманд нестанд, балки ситабрӣ барои ҳаракат кардани онҳо гаронӣ оварад. Ба ғайр аз ин баромадгоҳе, ки андар устухони сангӣ барои он
ҳост, сахт буда, сӯрохиҳои бешуморро таҳаммул дорад.
Ҷуфти шашум аз [бахши] бозпасини мағз растааст ва ба ҷуфти панҷум пайваст буда, бо пардаҳову [39] пайвандҳо ба он чунон бастааст, ки гӯӣ онҳо як асаб бошанд. Сипас аз вай ҷудо гардида, аз сӯрохе бадар шавад, ки дарзи ломӣ бад-он ҷой поён пазируфтааст ва пеш аз бадар шудан бар се бахш гашта, ҳар се якҷоя аз он сӯрохӣ берун оянд. Як бахши он ба сӯи мушакҳои гулӯ ва буни забон роҳ пеш бигирад, то андар ҷунбонидани забон бо ҷуфти ҳафтум ёр бошад. Бахши дуввум ба сӯи мушакҳои шона ва чизҳои бад-онҳо наздик фуруд омада, бештари он андар мушаки паҳне, ки бар рӯи шона аст, пароканда шавад. Ин бахш миқдоран дуруст буда, то расидан ба ҷои зарур овезон гузар кунад.
Бахши севвум бузургтарини се бахш буда, аз даруни роҳи ба барсӯ равандаи раги хоб ба сӯи андомҳои дарунӣ фуруд ояд ва бо [раги хоб] сахт баста бошад. Чун баробари ҳанҷара ояд, аз вай чанд шоха бархезанд ва онҳо ба мушакҳои ҳанҷара, ки сар сӯи забар дошта, ҳанҷараро бо куркуракҳои он бармедоранд, пайваст бигарданд. Чун аз ҳанҷара бигзарад, чанд шохаи [дигар] аз он бархезанд ва ба мушакҳои сарпӯшие бипайванданд, ки сарҳои онҳо рӯ ба зер буда, барои пӯшидану кушодани куркураки тарҷаҳолӣ аз он [мушакҳо] чора нест, зеро он бояд ба зер кашида шавад. Ин шохаро бад-ин сабаб «асаби бозоянда» хонанд. Ин аз баҳри он аз мағз фуруд оварда шудааст, ки агар асабҳои ҳароммағзӣ ба боло бароварда мешуданд, онҳо аз саргаҳи худ вуреб ва ғайри мустақим бармеомаданд ва қобили сахт ба зер кашидан намебуданд. Ин [асаб] барои он аз ҷуфти шашум офарида шудааст, ки аз асабҳои нарм ва моил ба нарми ҷуфтҳои пеш аз шашум буда ҳар чӣ ки буд, андар мушакҳои рӯй, сар ва мутааллиқоти онҳо пароканда шудаанд ва ҷуфти ҳафтум бошад, чун ҷуфти шашум рост фуруд намеояд, балки ночор вуребӣ ёри он бошад. Азбаски [асаби] болобарояндаи баргарданда ба такягоҳи устуворе ниёзманд аст, ки шабеҳи ғарғара бошад, то асаби болораванда даври он печида, аз он ёрӣ гирад ва [азбаски] вазъи ин [такягоҳ] бояд рост, сахт, қавӣ, ҳамвор ва наздик ҷойгиршуда бошад, бинобар ин [ин гуна такягоҳ ба ҷуз] шараёни бузург [чизи дигаре] будан наметавонист.
Аз ин шохаҳо шохаи аз чап ба барсӯ бароянда ба ин шараён андар ҳоле бархӯрад, ки он рости ситабр аст ва аз ғайри эҳтиёҷ ба мустаҳкамсозӣ бар он бипечад. Аммо шохаи аз рост ба барсӯ бароянда аз назди ин шараён на ба ҳоли якумӣ, балки ба ҳоле гузар кунад, ки шараёнро ба иллати аз он ҷудо шудани шохаҳо борикӣ ориз шуда, ҳолати ростӣ аз он рафта бошад, зеро он ба сӯи бағал гароида, вуреб гардидааст. Бинобар он чорае ҷуз ин набуд, ки асаб ба изофаи такя задан ба [шараён] бо ёрии пайвандҳо мустаҳкам гардонида шавад, то ки бад-ин восита он ситабрӣ ва ҳолати ростии аз даст рафтаро ба даст орад.
Ҳикмати дур сохтани ин шохаҳои бозоянда ин аст, ки онҳо то ба [маҳалли] мақсуд ба ҳоле наздик шаванд, ки ба тавассути дурӣ аз саргаҳ қуввату салобат ҳосил карда бошанд. Қавитарин асаби бозоянда онест, ки ҳамроҳи шохаҳои асаби ёридиҳанда андар ду қабати мушакҳои ҳанҷара пароканда шавад. Сипас дигар [бахшҳои] ин асаб фуруд ояд ва аз он шохаҳое бархоста, андар пардаҳо ва мушакҳои ҳиҷобу сина, андар дил ва шуш ва андар рагҳову шараёнҳои андар он ҷойбуда пароканда гарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё