Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Фасли сездаҳум
андар баёни нафаси кӯтоҳ

Ин мухолифи нафаси дароз бувад. Агар думодумӣ қарини он бошад, сабабаш дардест, ки андар афзори нафаскашӣ ва атрофи он ҷой дорад. Агар ноҳамворӣ қарини он бошад, аз марги [гармии] модарзодӣ гувоҳӣ диҳад.
Фасли чаҳордаҳум андар баёни нафаси тез

Ин нафасест, ки ҳангоми он ҳаракат баробари падид омадани ҳоҷат андар муддати кӯтоҳе анҷом ёбад, вале ин на мисли нафаси кӯтоҳ ва хурд бошад. Сабаби он шиддати ҳоҷатест, ки нафаси бузург онро кифоят кардан натавонад, зеро ё ин ҳоҷат беш аз андозаест, ки бо ёрии нафаси бузург ҳосил карда шавад ва ё ягон чизе аз қабили он чи ки ҳангоми баёни набз гуфта шуд, бузург нафас гирифтан нагузорад. Ин монеа ё андар афзор ҷой дорад ва ё андар қувват. Гоҳе суръати яке аз ду ҳаракат ба иллати ҳамон сабабе, ки андар зимни нафаси бузург ёд шуд, бештар аз дигарӣ бошад.
Фасли понздаҳум андар баёни нафаси оҳиста

Ин зидди тез ва ба зидди сабабҳои он вобаста аст. Нафас гоҳе ба сабаби дарде оҳиста бигардад, ки ҳангоми он андоми нафасгиранда ба нарму оҳиста ҳаракат кардан эҳтиёҷ дорад.
Фасли шонздаҳум андар баёни нафаси думодум

Ин нафасест, ки замони миёни ӯву пеш будааш кӯтоҳ бошад. Яке аз сабабҳои он шиддати ҳоҷатест, ки аз тариқи бузургӣ ва тезӣ иҷро намудани он номумкин бошад, зеро вай ё беш аз миқдорест, ки бо ёрии бузургию тезӣ ҳосил кардан мумкин бошад ва ё монеае аз қабили дард, ё омос ва ё тангӣ [бузургу тез нафас гирифтан нагузорад. Ин тангӣ мумкин аст аз сабаби] моддаҳои зиёд, ё фишор, ё рехтани рим андар фазои сина ва ё аз сабабҳои тангиоварандаи дигаре падид ояд. Ту фарқи миёни нафаси думодуме, ки аз сабаби ҳоҷат аст ва нафаси думодумеро, ки аз сабаби дард ва дигар чиз биафтад, ҳамедонӣ ва зикри ин андар боби бузургӣ оварда шуд. Нафаси думодум ба шаҳодати Буқрот боиси офате бигардад, ки ба сабаби хушкии шуш ва монда шудани андомҳои нафасгирии ба он назик падид ояд.
Фасли ҳафтдаҳум андар баёни нафаси сард

Ин бар марги қувват, хомӯш шудани гармии модарзодӣ ва табдил ёфтани мизоҷи дил ба сардӣ далолат кунад. Ин ҳангоми бемориҳои сахт бадтарини нишонаҳост ва хусусан агар ҳамроҳаш намӣ мавҷуд бошад, ин огоҳӣ додани онро бар ҳалшавии гармии модарзодӣ пурра созад.
Фасли ҳаждаҳум андар баёни нафаси бадбӯй

Ин андар зимни ганди даҳон бидарояд ва аз дигар бадбӯиҳои даҳон бо он фарқ дорад, ки синфҳои дигар андар

ғайри ҳолати нафасгирӣ низ бӯи бад бидиҳанд. Аммо ин ҳангоми баромадани нафас зоҳир бигардад. Нафаси бад бар гандидани хилтҳое далолат кунад, ки андар андомҳои нафаскашӣ ҷой дошта бошанд, яъне ё ной ва ё шуш, ки андар онҳо хилте ва ё хунобае гандида бошад.
Фасли нуздаҳум андар баёни гузаришҳое, ки андар миёни нафаси бузург, нафаси тез, нафаси думодум ва нафасҳои зидди онҳо ҷой доранд

Чунонки донистӣ, ҳоҷат ҳар гоҳ зиёда гардад ва агар монеае набошад, нафас бузург бигардад, агар бештар афзоиш ёбад, нафас тез шавад ва агар аз ин ҳам бештар бигардад, нафас думодум ояд. Ҳар гоҳ ҳоҷат ба камшавӣ сар кунад, нахуст думодумӣ, сипас тезӣ ва баъд аз он бузургӣ аз байн бираванд. Ҳангоми коҳиш ёфтани чизи андар миён афтида ва монеа низ чунин бувад. Ҳар гоҳ ин се намуди пастравӣ ҷой надошта бошад, нахуст ноҳамворӣ, сипас оҳистагӣ ва баъд хурдӣ бештар бигарданд.
Аз ҳолати табиӣ баромада ба хурдӣ гузаштан камтар аз он аст, ки ба сӯи оҳистагӣ гузашта шавад, вале ҳар дуи ин камтар аз он аст, ки ба сӯи ноҳамворӣ гузашта шавад. Инро андар ҳар ду ҳолат – фарохшавию фишурдашавӣ ба ҳасби ихтилофи ҳар ду ҳоҷати ёдшуда аз ҷиҳати фузунию костӣ ба эътибор бигир. Агар сабаб ҳангоми фарохшавӣ тақозои зиёдат кунад, замони пеш аз (217) фарохшавӣ буда кӯтоҳтар бошад. Агар худи ҳамин гуна сабаб ҳангоми фишурдашавӣ ҷой дошта бошад, замони оромии пеш аз фишурдашавӣ буда кӯтоҳтар бошад. Нафаси пайдарпаи тез бар асари омоси гарме ва ё тангие ба амал ояд, ки аз судда падид омада бошад.
Фасли бистум андар баёни нафаси бинигӣ, яъне нафасе, ки паҳлуҳои биниро298ба ҳаракат оварад

Ин нафас бар омадушуди қувват, ё бар тангии сахти хафакунандае ба ҳангоми зубҳа, ё бар фароҳам омадани хуноба ва рехтани он ва ё бар хилт далолат кунад.
Фасли бисту якум гуфтори ҳамагонӣ андар баёни баднафасӣ

Баднафасӣ шомили ҳамаи он ҳолатҳоест, ки ҳангоми нафасгирӣ аз равиши табиӣ берун оянд ва натиҷаи на аразҳои ҳолати тандурустӣ, балки натиҷаи аразҳои ҳолати беморӣ ва осебрасидагиянд299. Мисоли ин [баднафасиҳои зерин] буванд: душвории нафас; тангии нафас; бурида шудани нафас; дучандии нафас; ва нафаси росто.
Гоҳе баднафасӣ ба сабаби намудҳои гуногуни бадмизоҷӣ, ба сабаби пурӣ, суддаҳо, ҳамҷавории андомҳои фишороваранда, омосҳо, дардҳо, монеаҳое, ки аз ҳаракат боз доранд, ба сабаби решҳои ҳиҷоб ва ноҳияҳои сина ва ба сабаби афтидани қувват ҳангоми бемориҳои фарсудакунанда, табҳои сахту вабоӣ ва ошомидани заҳрҳо падид ояд. Ҳар як баднафасӣ, тангнафасӣ ва душвор нафас гирифтане, ки ба сабаби модда аст, ҳангоми бар пушт дароз кашидан зиёд, ҳангоми бар паҳлу хобидан миёна ва ҳангоми рост истодан сабук бигардад. Ҳангоми хуноқ ҳои дохилӣ ба ҳоли бар пушт хобидан [нафасгирӣ] аслан номумкин бувад.

пешина
аз 1215
навбатӣ