Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Фасли бисту дуввум андар баёни тангии нафас

Ин чунин ҳолатест, ки ҳангоми он ҳавои аз тариқи нафасгирӣ ба тасарруф дароварда андар роҳи ҳаракати хеш ҷуз ба тангӣ роҳ наёбад ва андар он ҷуз андак-андак гузаштан натавонад. Сабабҳояш ё омосҳоеанд, ки андар он гузаргоҳҳо, яъне андар ҳанҷара, ной, шохаҳои он, шараёнҳо ва андар худи ковокиҳои шуш ва ҷирми он падид оянд. Омоси аз ҳама беш тангсозандаи нафас онест, ки сахт бошад; ё аз хилтҳои зиёд, ситабр, ё часпак ва ё обакие падид ояд, ки андар шуш фароҳам омада бошанд; ё аз пахш шудани [гузаргоҳҳои нафас] падид ояд, ки ба сабаби чизи фишордиҳандаи ҳамҷавор аз қабили омоси гарми ҷигар, ё меъда ва ё испурч ориз бигардад; ё аз хилтҳое бошад, ки ба сабаби истисқо ва дигар иллатҳо андар фазои [сина] рехта бошанд, чунонки ҳангоми кафидани омосҳои тиҳигоҳи зерин чунин ҳолат падид ояд ва монеи ҳаракати фарохшавӣ бигардад; ё аз фишурдашавие ба амал ояд, ки аз сабаби хушкӣ, ё қабз ва ё сардӣ шушу ҳиҷобро рӯй дода бошад; гоҳе аз сабабе падид ояд, ки андар асаб ва ҳиҷоб ҷой дорад, вале инро беҳтар он аст, ки «душвории нафас» номанд; ё аз бухорҳои дудие ба амал ояд, ки маҳалҳои танги гузаргоҳҳои нафасро тангӣ оварда бошанд.
Гоҳе сабаби тангнафасӣ тангии сина бошад, ки андомҳои аз барои нафасгирӣ кушодашаванда маҷоли кушодашавӣ наёбанд. Гоҳе сабаби он буҳрон бошад ва нишонааш ин аст, ки моддаҳо ба сӯи боло бигароянд. Гоҳе душвории нафас ва тангии он бад-он сабаб бошад, ки моддаҳо аз омосҳои андарунӣ ҷорӣ шуда, ба ноҳияҳои сар гузаранд. Агар ҳол сабук бошад, бими андар паси гӯш падид омадани омос аст ва агар душвор бошад, андар мағз.
Нишонаҳо: Нишонаҳои омосҳои хуноқӣ бароят оварда шуданд. Аммо нишонаи омосе, ки андар худи шуш ҷой дорад, дарди гарон бувад. [Нишонаи омосе, ки] андар мушакҳову пардаҳои сина ҷой дорад, ё дарди сихзанандаи даруниест, ки қавитару шадидтар аст ва ё дарди беруние, ки он заифтар бувад. [Нишонаи омосе, ки] андар куркуракҳои шуш ҷой дорад, дарди сӯзишнок буда, гоҳе боиси сурфа бигардад ва агар гарм бошад, боиси таб. Нишонаҳои омосҳои ҳуноқӣ маъруфанд ва онҳо ҳангоми бар пушт хобидан шиддат ёбанд. Нишонаи хилтҳо чунин аст, ки агар андар ной бошанд, балғам ва майли сурфа падид ояд, аз сурфа сабукӣ ҳосил шавад ва ба изофаи он бо андак сурфа балғам ояд ва садои хир-хир ҷой дошта бошад. Агар [хилт] андар шуш бошад, низ ҳол ҳамчунин бувад, вале сурфа аз дарун тар ояд ва хир-хир ҷуз ба андозаи душвор омадани балғам набошад. Агар [хилт] андар фазои сина ҷой дошта бошад, пас, гароние ҳис карда шавад, ки баробари паҳлу гаштан аз як паҳлу ба паҳлуи дигар биравад ва сипас балғам ояд. Андар ин ҳол ҳар чанд тангии нафас ҷой дорад, вале сурфаи қобили мулоҳазае нахоҳад буд.

Фасли бисту севвум
андар баёни нафаси ноҳамвор

Ноҳамвории нафас ба сабабҳоест, ки мисли сабабҳои
ноҳамвор омадани набз буванд. Ноҳамвории нафас мунтазам ва номунтазам бувад. (218)
Фасли бисту чаҳорум
андар баёни нафаси дучандӣ

Ин яке аз намудҳои нафаси ноҳамвор аст ва нафасест, ки ҳангоми он кашидану фишурдан бо ду ҳаракат тамомият ёфта, андар миёни онҳо як ист биафтад, чунонки нафаси кӯдак ҳангоми гиря кардан ҳамин тавр бошад. Ҳангоми чунин [нафаскашӣ] вақти кашидан гирифтагӣ ва вақти фишурдан пешпо хӯрдан ба амал ояд. Сабаби ин ё гармии зиёдест, ки бо ҳавои кашидашуда қаноат ҳосил нашавад, балки муҷиби аз нав бештар гирифтани [ҳаво] бигардад, ё нотавонии афзорҳои маълуми нафаскашист, ки ҳангоми нафасгирӣ эҳтиёҷ ба осудагӣ доранд ва ё бадмизоҷиест, ки қувватро биафтонад, ё хушкӣ оварад ва ё афзорро сахт кунад. Ин аз ҳама бештар бошад. Ё ба сабаби дарде бошад, ки андар [андомҳои нафасгирӣ] ва ё андар андомҳои ҳамҷавори онҳо падид ояд [113] ва ё ба сабаби омоси андомҳои ҳамҷавор, масалан, ҳиҷоб, ҷигар ва испурч ба амал ояд. Анбозии ҷигар беш аз испурч аст. Ё ба сабаби яке аз бемориҳои афзорие ба амал ояд, ки борҳо баршумурда шудаанд ва хусусан аксар вақт ба сабаби ташаннуҷи мавҷуда ва ё падидоянда бошад. Ин намуди нафас ҳангоми бемориҳои тез ва табҳои тез нишонаи бад аст. Аммо агар аз сардӣ падид омада бошад, таб онро беҳ кунад.
Фасли бисту панҷум андар баёни нафаси нимагӣ

Ин ҳангомест, ки андар як ними шуш офат буда, ними дигараш солим бошад ва бинобар он нафас ними нафаси солим бувад.
Фасли бисту шашум андар баёни нафаси душвор

Ин чунин нафасест, ки ҳангоми он хоҳ тангӣ бошад, хоҳ набошад ба тасарруф овардани ҳаво ба душворӣ сурат бигирад. Сабаби ин офатҳои андомҳои нафаскашист, чунонки ҳагоми баёни дигар [баднафасиҳо] баён карда шуд. Гоҳе мумкин аст, аз сабаби афрӯхтагии оташие бошад, ки бар дил ғолиб омадааст, ё аз сабаби сардие бошад, ки қувваи харакатдиҳандаро бикушад ва ё ба он зиён оварад, чунонки ҳангоми сард гардидани ҳиҷоб ба сабаби тило ва дигар чизҳои сардибахш чунин ҳолат ориз бигардад. Гоҳе мумкин аст ба сабаби судда падид ояд ва ҳавои кашидашуда дармонда, эҳтиёҷ ба кӯшиши сахте биафтад, то он кушода гардад. Ин то андозае акси тангнафасист. Судда гоҳе мумкин аст аз омос ва гоҳе аз хилт падид ояд.
[Душвории нафас] гоҳе ба сабаби бадмизоҷие падид ояд, ки ҳиҷобро ориз шуда бошад. Мисоли ин сардии ҳаво ва ё сардии зимодест, ки ба сабаби [бемории] худи ҳиҷоб, ё меъда ва ё ҷигар бар вай биниҳанд ва он бо зимод ҳамҷавор афтода, аз он сард бигардад ва васеъ шудан натавонад.

пешина
аз 1215
навбатӣ