Қонуни тиб

Бад-ин сабаб бо бахше аз пардаи синаро ду ним созанда, ки онро ҳамроҳӣ кунад, пӯшида шудааст ва бад-он такя карда, фуруд ояд. Азбаски кори ин андом гиромист, асаби [он] дорои сарчашмаҳои зиёд аст, то ки он бо офате, ки ба як сарчашма мерасад, аз кор набарояд.
Фасли чаҳорум андар ташреҳи асабҳое, ки аз ҳароммағзи мУҳраҳои сина растаанд
Баромадгоҳи нахустин ҷуфти он миёни муҳраҳои нахустин ва дуввуми сина аст ва бар ду бахш шудааст. Бузургтари ду бахш андар мушакҳои устухонҳои паҳлу ва мушакҳои сутунмуҳра пароканда шавад. [Бахши] дуввум бар забари паҳлуи якум тӯл кашад ва ба ҷуфти ҳаштуми асаби гардан ҳамроҳ шуда, ҳар ду якҷоя ба сӯи дастҳо рафта, то соид ва панҷа бирасанд.
Ҷуфти дуввум аз сӯрохие, ки сипаси сӯрохии ёдшуда аст, берун омада, ҷузъе аз он рӯ ба зоҳири пӯсти бозу ниҳад ва бад-он [қувваи] ҳис бахшад. Боқимондаи он бо дигар ҷуфтҳои боқимонда ҷамъ гардида, ба сӯи мушакҳои шона, ки бар рӯи он ҷой гирифта, пайвандгоҳи онро ҳаракат диҳанд ва ба сӯи мушакҳои сутунмуҳра раҳсипор гардад.
Аз он қисми ин асаб, ки аз муҳраҳои сина растааст, шохаҳоест, ки на ба шона, [балки] ба мушакҳои сутунмуҳра ва бад-он мушакҳое бипайванданд, ки андар миёни паҳлуҳои холис ва берун аз сина ҷойгир шуда бошанд. Он чи ки аз муҳраҳои паҳлуҳои дурӯғин берун ояд, ба мушакҳое, ки андар миёни паҳлуҳост ва ба мушакҳои шикам бипайвандад. Ҳамроҳи шохаҳои ин асабҳо рагҳои ҷаҳанда ва ором равонагардида аз роҳи баромади онҳо ба андаруни ҳароммағз бираванд.
Фасли панҷум андар ташреҳи асабҳое, ки аз ҳароммағзи [мУҳраҳои] камар рӯидаанд
вандад ва ҷузъи дигаре аз онҳо ба мушакҳои шикам ва мушакҳои аз даруни сутунмуҳра ҷойгиршуда бипайвандад.
Лекин се ҷуфти барсӯвин аз ғайри боқимонда бо асабе биомезанд, ки аз мағз фуруд омадааст. Ду ҷуфти поёнӣ шохаҳои бузурге ба сӯи ду соқ мефиристанд ва ба онҳо шохаҳое аз ҷуфти севвум ва як шоха аз нахустини асабҳои сурин биомезанд, вале он ду шоха аз пайвандгоҳи сурин нагузаранд, балки андар мушаки он пароканда бигарданд ва инҳо аз ин ҷо ба сӯи ҳар ду соқ гузар кунанд.
Асабҳои ронҳо ва пойҳо аз асабҳои дастҳо бо он фарқ кунанд, ки ҳамаашон бо ҳам ҷамъ наоянд ва фурӯ рафта, ба сӯи дарун майл намоянд, чунки ҳайъати пайваст шудани бозу бо шона чун ҳайъати пайваст шудани рон бо сурин нест ва на пайвастани он ба баромадгоҳи асабҳояш мисли пайвастани ин ба баромадгоҳи асабҳояш бошад. Ин асаб ба сӯи соқ ба таври пароканда рӯй орад. Бахше аз он пинҳон, бахше ошкор ва бахше андар мушакҳо фурӯ рафта, пинҳон гаштааст. Азбаски мушакҳоеро, ки аз ноҳияи устухони зиҳор растаанд, аз паси тан ва аз шиками ронҳо ба сӯи ду пой ба иллати андар он ҷой зиёд будани мушакҳо ва рагҳо роҳе нест, бинобар он, ҷузъе аз асаби хосси мушакҳое, ки андар пойҳоянд, андар маҷрои ба сӯи хояҳо фурудоянда гузар карда, рӯ ба мушакҳои зиҳор овардааст ва сипас ба сӯи мушакҳои зону фуруд омадааст.
Фасли шашум андар ташреҳи асаби миёни сурин ва асаби думғоза
Ҷуфти якуми [асабҳои] миёни сурин ба тарзе, ки гуфта шуд, бо асабҳои камар омехта бигардад. Ҷуфтҳои боқимонда ва фарде, ки аз сӯи (59) думғоза рӯидааст, андар мушакҳои мақъад, андар худи нара, мушакҳои обгаҳ ва заҳдон, андар пардаи шикам, андар ҷузъҳои дарунии устухони зиҳор ва мушакҳои аз устухони миёни сурин беруномада пароканда шаванд. Гуфтор андар баёни асаб ба поён расид.
[Ҳамаи] асабҳои камар андар умури зерин бо ҳам анбозӣ доранд: як ҷузъ аз онҳо ба мушакҳои сутунмуҳра бипай
Ҷумлаи чаҳорум
АНДАР БАЁНИ ШАРАЁНҲО,
ки аз панҷ фасл иборат аст
Фасли нахустин
гуфтори ҳамагонӣ
андар сифати шараёнҳо
[41] Рагҳои ҷаҳанда, ки шараёнҳост, ба ҷуз яке аз онҳо ҳама дорои ду парда офарида шудаанд. Сахттарини ин ду остар аст, зеро он ба ҷаҳиданҳову ҳаракати қавии гавҳари рӯҳ, ки муҳофизат ва эҳтиёт кардани он ва тақвияти зарфи он мавриди мақсад қарор гирифтааст, рӯ ба рӯ бувад.
Шараёнҳо аз тиҳигоҳи тарафи чапи дил растаанд, зеро тиҳигоҳи тарафи рости он ба ҷигар наздик аст ва бад-ин сабаб воҷиб омад, ки он ба кори кашидани ғизо ва истеъмоли он машғул дошта шавад.
Фасли дуввум
андар ташреҳи шараёнҳои варидӣ
Нахустин чизе, ки аз тиҳигоҳи тарафи чап бирӯяд, ду шараён аст. Якеи онҳо ба шуш пайваста, андар он пароканда шавад, то ки насими ҳаво бигирад ва хунеро аз дил ба шуш бибарад, ки шушро ғизо ҳамедиҳад. Гузаргоҳи ғизои шуш дил аст ва аз дил ба шуш ғизо ҳамерасад. Саргаҳи ин бахш аз тунуктарин бахшҳои дил аст ва ҷойгоҳест, ки варидҳо аз он ҷой ба [дил] бидароянд. Вай бар хилофи дигар шараёнҳо дорои як табақа аст ва бад-ин сабаб онро «шараёни варидӣ»
ном ниҳодаанд. Барои он аз як табақа офарида шудааст, ки то нармтар, ҳамвортар ва ба кушоду танг шудан бештар дода бошад ва то ки барои гузаронидани он бахш хуне бештар фармонбардор бошад, ки аз он бигузарад [ва] тунуки бухории мувофиқ ба гавҳари шуш буда, андар дил ба камоли пухтагӣ наздик расидааст ва мисли ҳоҷати хуни андар вариди дарунтиҳӣ (инро баъд ёд хоҳем кард) ҷоришаванда ба пухтагии бештаре ҳоҷат надорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё