Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Фасли сиву панҷум
андар баёни нафаси худовандони зубҳа
ва ихтиноқ

Ин бо кушодагии бузург ва ба сабаби ҳоҷат ва амиқ будани модда зуду думодум ояд. Худовандони [чунин нафасро] дамиш нахоҳад буд.
Фасли сиву шашум андар баёни дамкӯтоҳӣ

Дамкӯтоҳӣ бемории шуш буда, каси бад-он гирифторро аз думодум нафас кашидане чора нест, ки мисли нафаскашии каси хафа кардашуда ва ранҷкашанда бувад. Ин иллат ҳар гоҳ пиронро ориз бигардад, шояд беҳ нашавад ва ба дараҷаи пухтан нарасад. Чаро чунин набошад, ки андар барноён низ аксар вақт ба душворӣ шифо ёбад. Он ҳангоми бар пушт дароз кашидан афзоиш ёбад.
Ин иллат яке аз иллатҳои деркашанда аст ва ба изофаи он дорои навбатҳои тезест, ки чун навбатҳои саръ ва ташаннуҷ буванд. Ҳангоми ин беморӣ офат мумкин аст андар худи шуш ва чизҳои бад-он пайваста аз баҳри он ҷой дошта бошад, ки андар шараёнҳо, шохаҳои хурд ва пистонакҳои онҳо хилтҳои ситабр ҷойгир шудаанд. Гоҳе мумкин аст андар худи нои шуш ва ё андар ковокиҳои шуш ва тиҳигоҳҳо ҷой дошта бошад. Ин рутубатҳо хусусан андар кишварҳои ҷанубӣ ва баробари бисёрии вазиши бодҳои ҷанубӣ аз сӯи сар бад-он ҷойҳо фуруд омада бошанд ва ё мумкин аст аз дигар ҷойҳо бад-он сӯй ронда шуда бошанд. Гоҳе сабаби андар [шуш] падид омадани ин [рутубатҳо] сардии [шуш] буда, онҳо оҳиста-оҳиста падид оянд. Гоҳе ин [иллат] мумкин аст, ба сабаби хилте ба амал ояд, ки на андар шуш ва шараёнҳои он, балки андар меъда ҷой дошта, ё аз сар ва ҷигар бад-он ҷой рехта бошад ва ё андар меъда падид омада бошад.
Дамҳакае, ки ҳангоми ба фарозӣ баромадан падид ояд, аз сабаби ҳиҷобро фишор додани меъда ва шушро фишор додани ҳиҷоб аст. Гоҳе агар ҷигар сард ва ё ситабр бигардад, барои падид омадани дамкӯтоҳӣ ёварӣ кунад.
Ин хилтҳо гоҳе бо кайфият ва гоҳе бо камияту касрати хеш ранҷ оваранд.
[Дамкӯтоҳӣ] гоҳе ба нудрат аз сабаби хушкидан, хушкмизоҷӣ ва андар хеш фароҳам омадани шуш ва гоҳе аз сардии он падид ояд. (220) Гоҳе мумкин аст ба сабаби офати андар сарчашмаҳои андомҳои нафаскашӣ, яъне андар асаб, ҳароммағз ва мағз ҷойдошта ва ё ба сабаби назлаҳое падид ояд, ки аз он [сарчашмаҳо] ба сӯи [андомҳои нафаскашӣ] ронда шаванд. Гоҳе мумкин аст ба анбозии андомҳои ҳамҷаворе падид ояд, ки андомҳои нафаскаширо тангӣ оварда, густариш ёфтан нагузоранд.
Масалан, агар меъдаи пур ҳиҷобро тангӣ оварад, чунин бошад. Гоҳе ин [иллат] ба сабаби бисёрии бухорҳои дудие ориз бигардад, ки андар шуш банд гардида ва бадон ҷой омада бошанд. Ё мумкин, аст ба сабаби боде падид ояд, ки андар андомҳои нафаскашӣ банд гардида, нафас гирифтанро халал бирасонад. Гоҳе мумкин аст ин ба сабаби хурдии сина буда, миқдори нафаси ҳоҷатбударо ғунҷонидан натавонад. Ё мумкин аст он офати сириштии нафас бошад, чунонки ғизо гирифтанро аз сабаби хурдии меъда чунин ҳол ориз бигардад. Гоҳе дамкӯтоҳӣ шиддат ёфта, ба нафаси росто табдил ёбад ва бисёр бошад, ки ба омоси шуш бигузарад.
Нишонаҳо: Агар сабаби дамкӯтоҳӣ хилтҳо ва рутубатҳои андар худи ной ҷойдошта бошад, андар оғози нафасгирӣ тангӣ дарёфта шавад ва [114] ба изофаи он ахаху хур-хур рӯй диҳад, дармондани модда ва гаронӣ ҳис карда шавад ва ичунин аз макони наздик балғам берун ояд. Агар хилтҳо аз назла ҳосил шуда бошанд, дамкӯтоҳӣ якбора ва агар не, оҳиста-оҳиста падид ояд. Агар [хилтҳо] андар рагҳои дурушт ҷой дошта бошанд, ноҳамвории набз ба таври хафақонӣ давом кунад ва бисёр бошад, ки ба хафақон гузашта, мустаҳкам шавад ва [беморро] ҳалок кунад. Аксар вақт набзи худовандони дамкӯтоҳӣ хафақонӣ бувад. Агар [хилтҳо] берун аз фазои сина ва чигунае набошанд, сурфа ба амал наояд.
Агар [дамкӯтоҳӣ] ба анбозии сарчашмаҳои [андомҳои нафаскашӣ] падид омада бошад, он чизе бар ин далолат кунад, ки бароят оварда шуд, вале агар ба анбозии андомҳои ҳамҷавор бошад, нишонааш ин аст, ки аз ангехта шудани чизҳои андар он андомҳо буда ва ё аз пурии андар онҳо ба амал оянда [дамкӯтоҳӣ] фузунӣ ёбад.
Агар аз сабаби назлаҳо бошад, ҳолати онҳо гувоҳӣ диҳад. Агар [дамкӯтоҳӣ] аз якбора ба андомҳои нафаскашӣ зада даромадани хуноба ба амал омада бошад, омоси пеш аз ин мавҷудбуда, рим кардани он ва сипас он чизе гувоҳӣ диҳанд, ки ба сабаби кафидани [омос] падид ояд. Агар аз хушкӣ бошад, ташнагӣ ва набудани балғам аз он гувоҳӣ диҳанд ва ҳангоми тановули чизҳои тарифизо ва ба кор бурдани доруҳои тариовар коҳиш ёбад. Агар ба сабаби бод падид омада бошад, далели он сабукии ноҳияи сина бо тангиест, ки ба ҳасби тановули чизҳои бодангез ва ғайри бодангез тағйир ёбад. Агар ба сабаби сардии мизоҷи шуш бошад, чунонки пиронро чунин бошад, андар ин ҳол [дамкӯтоҳӣ] андак-андак падид омада, мустаҳкам бигардад.
Илоҷи дамкӯтоҳӣ, зиқи нафас ва нафаси росто:301 Илоҷ ва роҳи бартараф кардани [дамкӯтоҳие], ки аз сабаби рутубатҳост, ин аст, ки оҳиста ва ба эътидол ба нест кардани рутубатҳои андар шуш буда бипардозанд. Ҳар гоҳ бидонӣ, ки офати андар [шуш] падидомада ба сабаби зиёдии [рутубатҳост], ночор бояд танро бо доруҳои шикаморанда истифроғ созӣ. Бояд доруҳо латифиовари пазонанда, вале на чандоне сахт гармиовар бошанд, ки боиси хушкидани модда ва ситабр гардидани он бигарданд.
Бинобар ин, пешиниён андар маъҷунҳои дамкӯтоҳӣ на афюн, на банг ва на ябруҳ намеафканданд, магар мурод аз он маъҷунҳо манъ кардани назлае мебуд, ки ба фаровон фуруд ояд. Гузашта аз ин тухми аспғулро ҷуз ба ҳангоме ба кор намебурданд, ки ноилоҷ ба хости Худо бошад. Бад-ин сабаб агар модда ситабр ва ё часпак бошад, бояд пайваста ба тар сохтани модда ва пазондани он пардохт ва танҳо бар латиф сохтан ва ё буридани сода кифоят набояд кард, зеро гоҳе ба сахтӣ буридан ва рӯй тофтани модда аз ин мумкин аст боиси реши шуш бигардад.
Бинобар ин ҳамаи он чи ки тозонандаи [пешоб] аст, ин иллатро аз он ҷиҳат зиён дорад, ки бахши тунуки рутубатҳоро аз тариқи тозондан берун орад. Агар ҳангоми дамкӯтоҳӣ ситабршавии ҷигарро мушоҳада кунӣ, бояд бо доруҳои сина доруҳое омехта ба кор бурда шаванд, ки аз ҷинси алафи гулӯдард ва афсинтинанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ