Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Гоҳе ба сабаби суддае ба амал ояд, ки ба наздики он боди кашидашуда банд гардад ва барои боз шудан эҳтиёҷ ба ҷаҳди зиёд дошта бошад. Ин мухолифи тангии [нафас] аст. Гоҳе мумкин аст судда омосе бошад. [Душвории нафас] мумкин аст ба сабаби доруи исҳоловаре бошад, ки [хилтҳоро] ангехта аст, вале исҳол наовардааст ва ё ба сабаби ҳуқнаи тезе бошад, ки низ исҳол наоварда бошад. Агар ҳангоми барсом ба андозаи кофӣ хун нагирифта бошанд, низ ҳамчунин бувад. Изофа ба ин бояд он чизеро хонд, ки андар ин [китоб] андар поёни гуфтори хеш оид ба тангнафасӣ навиштаем.
Фасли бисту ҳафтум андар баёни нафаси росто

Нафаси росто чунин нафасест, ки худованди онро ҷуз ба ҳоли истодан, рост шудан ва гарданро бар боло ёзондан нафасгирӣ муяссар нагардад, зеро ба ин восита маҷрои [нафасгирӣ] кушода бигардад. Чунин шахс гарданро хам кардан натавонад, чунки нафасаш танг хоҳад шуд, чунонки каси гарданаш ба пас кашида шударо чунин ҳол руй бидиҳад. Ҳамчунин ӯ сина ва миёнро низ ба сӯи пушт [гардонидан натавонад]. Ҳар гоҳ [бемор] аз ҳоли ростӣ берун ояд ва хусусан агар бар пушт дароз бикашад, ӯро чунин ҳол ориз бишавад, ки бахшҳои шушаш бар якдигар бичаспанд ва маҷроҳо баста шаванд, зеро аслан ин гуна беморро аксари [маҷроҳо] бастааст ва андаке андар онҳо кушодагӣ бошад, ки ин ҳам ҳангоми бар якдигар майл кардани бахшҳои [андомҳо] аз байн биравад. Гоҳе чунин басташавӣ ҳангоми табҳо ва дигар бемориҳои бад-онҳо монанд аз сабаби бухорҳои обӣ ва рутубатҳои ҳалшуда ҳамчун араз падид ояд. Вале гоҳе мумкин аст, ба таври ростинӣ ба сабаби хилтҳои пуркунандаи суддаовар ва омосҳо ва ё ба сабаби мушакҳои сустшуда ба амал ояд. [Ин хилтҳо] агар ба сӯи пой фуруд наоянд, ба ноҳияи пушт ва сина фуруд омада, фишор хоҳанд овард.
Фасли бисту ҳаштум300 гуфтори ҳамагонӣ андар баёни нафаси табиатҳо ва ҳолатҳои нафаси синҳо

Бачагон барои берун кардани фазлаҳои дудӣ эҳтиёҷи ниҳоят шадид доранд, зеро гувориш андар эшон бештару давомноктар бувад. Ҳоҷаташон барои хомӯш кардани [гармӣ] низ кам нест. Қувваташон чандон қавӣ нест, зеро баданҳову қувваҳои эшон ҳанӯз ба камол нарасидаанд. Бинобар ин аз падид омадани думодумию тезии сахт ва бузургии на бад-он андоза қавӣ андар нафасашон чора нест. Нафаси барноён бузургтар, лекин суръату думодумияш камтар бувад, зеро ҳоҷати эшон ба ёрии бузургӣ ҳосил хоҳад шуд. Нафаси думӯягон андар маъниҳои ёдшуда камтар аз фузунии нафаси барноён буда, вале на ба андозаи камии нафаси пирон бувад. Аммо пиронро нафас (219) хурдтар, оҳистатар ва думодумияш зиёдтар аст, чунонки бар ту пӯшида нест.

Фасли бисту нуҳум
нафаси касоне, ки аз сабаби ғизо ё аз обистан, истисқо ва ғайра танашон пур бувад

Нафаси чунин касон ба хурдӣ бигарояд, зеро ҳиҷоб фишурда буда, озодона фарох шудан натавонад. Модом ки нафаси эшон хурд аст, агар қувват кифоят кунад, аз суръату думодумӣ чора нест ва агар кофӣ набошад, фақат аз думодумӣ чора нахоҳад буд.
Фасли сиввум андар баёни нафаси каси гармобакунанда

Каси гармобаи гарм кунандаро нафас ба иллати ҳоҷат ва нармии афзор бузург ва ба иллати ҳоҷат тезу думодум бигардад. Аммо каси гармобаи сард кунандаро ҳол бозгуна бувад.
Фасли сиву якум андар баёни нафаси каси хобида

Агар қувваташ қавӣ бошад, нафасаш ба иллати андар боби набз ёд шуда бузургу канда-канда бигардад ва ҳаракати фишурдашавии он бузургтар ва тезтар аз ҳаракати кушодашавияш бошад, зеро гувориш ҳангоми хоб бештар бувад.
Фасли сиву дуввум андар баёни нафаси касе, ки андар андомҳои синааш дард бошад

Чунонки аз баёни бароят овардаи мо ҳамедонӣ, ин нафас ба хурдӣ ва кӯтоҳӣ бигарояд. Гоҳе мумкин аст дучандон ва гоҳе душвор бигардад. Агар афрӯхтагӣ набошад, мумкин аст оҳиста ва чунонки ҳамедонӣ, думодум низ ояд. Хурдию кӯтоҳияш аксар вақт аз сабаби оҳистагияш аст, зеро муҷиби майли он ба баста будану кам фарох шудан бештар аз муҷиби майл ба нармист ва ранҷи ба бузургии фарохшавӣ вобаста сахттар аз ранҷест, ки ба суръат вобастагӣ дорад. Агар дил афрӯхтаву гарм бошад, аз тезии нафас чора нест, ҳарчанд ки ин ранҷовар бувад.
Фасли сиву севвум нафаси касе, ки ба ягон сабабе нафасаш танг шуда бошад ва нафаси худованди дамкӯтоҳӣ

Эҳтиёҷ бад-он аст, ки аксар вақт норасоии ба сабаби тангии нафас буда ба кадом сабабе набошад, аз тариқи суръат ва думодумӣ пурра карда шавад. Пас нафаси [чунин касон] хурди танги думодум хоҳад буд.
Нафаси худованди дамкӯтоҳӣ яке аз он чизҳоест, ки андар боби [дамкӯтоҳӣ] шарҳ дода шудаанд.
Фасли сиву чаҳорум андар баёни нафаси худовандони хуноба

Эшон гоҳе ба такаллуф тамоми синаро густариш диҳанд ва баробари ин гармию дамидагӣ ҷой дошта бошад, вале андар ин миён на бузургӣ ва на воҷиб гардонандагони қувват ҷой нахоҳанд дошт, зеро худованди чунин иллат гирифтори нотавонии сахт шуда бошад, вале қувваи худовандони омоси шуш ва дамкӯтоҳӣ боқӣ хоҳад буд.

пешина
аз 1215
навбатӣ