Қонуни тиб

Агар каси заиф кӯшиш кунад, ин ҳанҷараашро васеъ ва овозашро вазнин созад, албатта, [чунин овоз] шунида нахоҳад шуд.
Илоҷи қатъ гардидани овоз: Агар ба сабаби бадмизоҷии баъзе мушакҳо ва ё офате [овоз қатъ бигардад], инро бо яке аз доруҳои бароят маълуме муолаҷа кунанд, ки андар боби худ лозиманд. Ҳар кӣ оғоз ёфтани қатъшавии овоз ҳис кунад, бояд пеш аз қавӣ шудани он зуд ба муолаҷа бипардозад. Аз сафедии хояи ҷӯшонида, кунҷиди муқашшар ва шири нав дӯшида як кафчагӣ гирифта, се рӯз пайдарпай [ба бемор] биошомонанд. Бояд оберо дам кашид, ки андаруни анор ҷӯшонида бошанд. [Яъне] анори ҳамвори ширинро андар қӯр бигӯронанд ва ҳар гоҳ, ки нарм шуд, аз он берун оварда, пӯсти болояшро бикананд ва чизи андаруни он бударо бо белча кофта, андар он андак оби шакар бирезанд ва биошоманд.
Агар [беморӣ] аз рутубати мушакҳои наздики ҳанҷара ва ё [рутубати худи] ҳанҷара падид омада, боиси сустии зиёд гардида бошад ва андар ин ҳол дарде набошад, вале тирагию гаронӣ ҳис карда шавад, бояд анҷири хушк ва пудинаро гирифта, биҷӯшонанд ва самғи арабии сударо бо оби он чунон биомезанд, ки мисли ангубин бигардад ва аз он билесанд. Ё мурр ва заъфаронро гирифта, бо ширинии ангур [ба кор баранд]. Ё севуним дирам заъфарон, ду дирам мурр ва як дирамӣ аз рубби ширинбаён ва кундур гирифта, бо рубби ангур ва ё ангубин ҷамъ созанд ва баста гардонанд. Ё як [бахш] заъфарон, ним [бахш] ангужад ва се бахш ангубинро гирифта, то баста гардидан биҷӯшонанд ва аз он ҳабб сохта, андар зери забон бигиранд.
Доруи лесидании аз каранб сохташуда низ судманд аст.
Пояҳои тари каранбро агар хоида, оби онро кам-кам фурӯ баранд, судманд бувад. Агар доруи лесидании каранб суд набахшад, бар вай каме ангужад, орди говдона, шанбалит, ганданои шомию набатӣ, пиёз, оби пиёз, сир, писта ва ангури ширини зимистонӣ биафзоянд, нофеъ бошад. Низ занҷабили бо шир ниҳоят парвардаро гирифта, то мисли мағзи устухон гардидан бикӯбанд. Сипас бар вай ним дирам дорфилфили мисли сурма орд карда, ҷаҳоряк [дирам] ҳамин гуна заъфарон ва баробари ҳамаи онҳо нашоста афзуда, бисованд ва бо табарзади гудохтаи қивомдода ва ё бо ангубин маъҷун созанд. Ин дору сахт поккунанда бувад. Аз ғизоҳо чизе ба кор баранд, ки ҳар дуи барро қавӣ бисозад. Масалан, поча ва хусусан почаи говро гирифта, аз он фақат асабҳояшро хусусан бо ангубин ва ё аз тариқи ҷӯшонидан бо ангубин бихӯранд.
Агар [қатъ гардидани овоз] аз хушкӣ ва хусусан ба анбозии сурхной бошад ва нишонаи ин чунин аст, ки ҳамроҳи хастагӣ на бузургӣ, балки хурдию борикӣ ва то андозае тозагии [овоз] мушоҳада шавад ва ҳамроҳи он дуруштӣ ва дард ҷой дошта бошанд, бояд ҳангоми хоб як кафча равғани бунафшаи тозаи хушро бо шакари табарзад ба кор баранд. [Низ] луоби аспғул бо шакари зиёд, ғизоҳои нармкунандаи тарифизо, шӯрбои мокиён, сапедбоҳо ва оби пухтаи тараҳои маълум суд бахшанд.
Агар қатъи овоз аз тарӣ ва ё хушкӣ бошад, анҷир нофеъ аст. Доруи анҷир, ки бо пудина сохта бошанд ва бар
пушт хобидан аз барои заъфи овоз ва хастагии он судманд буванд.
Илоҷи хастагии овоз ва дуруштии он: Сабабҳои хастагиро донистӣ. Акнун бидон, ки ҳар киро овозаш гирифта бошад, бояд аз ҳама гуна чизи туруш, шӯр, дурушт, тез ва сӯзанда парҳез кунад, вале агар бо онҳо муолаҷа ва бурондани моддаро мехоста бошанд, бояд онҳоро бо доруҳои нарм омехта ба кор баранд. Агар хастагӣ аз бисёр дод задан падид омада бошад, аз анҷир, наъно ва сабр бахшҳои баробар гирифта, ҳамаро бо майпухта бисириштанд. Бояд [ғизои] аз мағзи гандум, кашки ҷав, равғани бодом ва заъфарон сохташуда дам кашанд ва тилои ангур ба кор баранд. Низ чизҳое, ки андар боби қатъ гардидани овоз гуфта шудааст ва хусусан доруи ангужад бо заъфарон нофеъанд. Агар андар ин ҳангом ҳарорат ҷой дошта бошад, шӯрбои аз сармаҷ, панирак,309 оби ҷав, тухми хиёри дароз, нашоста ва бодом сохташуда ба кор баранд. Агар сабаб сардӣ бошад, низ аз доруи ангужад ва заъфарон, ки ёд шуд, фоида бурдан мумкин аст.
[Низ] бояд се [дирам] хардали бирён, як [дирам] мурч, (227) шаш [дирам] мурр ва аз лабанӣ ва борзад чаҳор дирамӣ гирифта, аз онҳо ҳабб созанд ва андар зери забон бидоранд. Ё ду дирамсанг мурр ва даҳ дирам лубонро гирифта, бо тило ҷамъ созанд. Агар [хастагӣ] аз дод задану мондагӣ бошад, мисли дигар намудҳои мондагӣ гармоба онро судманд аст. [Низ] чунин касонро ғизоҳои ковоккунандаи часпаксозандае аз қабили шир, сафедии хояи нимбиришти бенамак, оши ришта, ошомҳои маъруф ва шӯрбои аз сармаҷ, панирак ва ғайра сохташуда, ҳаббҳои аз нашоста, касиро, рубби ширинбаён ва самғ сохташуда ва инчунин ҳаббҳои нармиовари пазонанда ҳама судманданд. Агар хастагӣ ба шакли омос зоҳир шуда бошад, [ҳаббҳои ёдшуда] онро ҳал созанд. Инчунин он доруҳои ғарғаравӣ ва лесиданиҳои нармеро [бояд ба кор бурд], ки бо онҳо хуноқҳои гармро муолаҷа кунанд.
Низ ошомҳое судманданд, ки ба изофаи часпакӣ овардан бидуни ранҷ зудоянда бошанд, масалан, [ошоме хуб аст], ки аз орди боқилӣ ва тухми катон сохта шавад. Аз ҳамаи ин қавитар сақизи хинҷак бувад.
Худованди чунин хастагии овоз бояд аз шароб, хусусан андар оғоз, сахт парҳез кунад. Агар омос ҷой дошта бошад, барои тар кардан ошомидани шароби ширин равост. Барои чунин беморон турби ҷӯшонидашуда ва обкома нофеъ аст.
Агар [хастагӣ] аз рутубат бошад, аз доруҳои зудояндае, ки андар боби қатъи овоз ёд шуданд, чора нест ва ҳамаи он доруҳо [чунин беморро] судманд аст. Ошоми аз орди боқилӣ сохташуда, ки андар он орди говдона низ бошад, андар ин бобат судманд аст ва [худи] орди говдона ҳам нофеъ бошад. Чизҳое, ки андар дараҷаи якуми зудоишанд, инчунин оши ришта ва шир, сипас равғани зард, ширинии ангур, бехи ширинбаён ва рубби он, баъд боқилӣ бо ангубин ва ҷӯшонидаи анҷир, сипас мурр, унсул ва дигар чизҳои ба ин равиш буда [ҳама судманд мебошанд].
Агар ин хастагии тар аз назлаҳо падид омада бошад, ба худованди он хашхош ва рубби онро бидиҳанд. Яке аз чизҳое, ки овози дурушту тираро равшан кунад, ин хои дани кабоба мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор