Қонуни тиб

Яке аз доруҳое, ки хастагии овоз бибарад, оби анори ширин аст, ки онро биҷӯшонанд ва сипас бар вай равғани бунафша чаконида, ба қивом оваранд.
Фасли дуввум андар баёни доруҳое, ки ҲАМВОРИИ овозро нигоҳ доранд ва онро хуш созанд
Инҳо доруҳои зеринанд: боқилӣ; чилғӯза; мавиз; анҷир; самғ; шанбалит: тухми катон; хурмо; бехи ширинбаён; бодом; хусусан мурр; найшакар; сапистон; шароби ангубин; ва майпухтаи ёдшуда. Аз доруҳои гарм инҳост:
мурр; ангужад; мурч; борзад; кундур; сақизи хинҷак; пудина; ротинаҷ; лабанӣ; сиркои унсулӣ, агар хастагӣ аз ҳаракату хушкӣ набошад; ва низ бехи говшир. Аз доруҳои сард инҳост: донаи хиёри дароз; каду; нашоста; касиро; самғ; луоби аспғул; гулоб; ва рубби ширинбаён.
Зардии хояи мурғ аз барои мураккаб сохтани ҳамаи доруҳо яке аз созгортарини моддаҳост ва шири навдӯшида низ чунин бувад Фасли севвум андар баёни овози дурушт ва илоҷи он
Дуруштии овоз аз сардӣ, тарангии мушакҳои овоз, аз ҳолате, ки мисли ташаннуҷ андар [мушакҳо] ориз гардад, аз хушкидани рутубати онҳо, аз бисёр хушхонӣ кардан, аз буридани забонча, аз ҷимоъ ва аз бехобӣ бархезад. [118] Илоҷи ин ҳимоят кардани овоз аз чизҳоест, ки мо онҳоро на як бор ёд кардем ва низ бояд тарки хушхонӣ кунанд ва ғизоҳои нармкунандае бихӯранд, ки андар боби хастагӣ ёд шуданд. Анҷири тару хушк, мавиз ва хусусан андар равғани бодом таркардаи он суди азим доранд. Аз барои касоне, ки [дуруштии овозашон] ба сабаби бурида шудани забонча падид омадааст, беҳтар он аст, ки бастаи [оби] ангурро бо якчанди он аз ангубин ба андозаи падид омадани кафк биҷӯшонанд. Сипас онро бо оби гарм омехта, ғарғара фармоянд ва аз он ба худованди чунин [дуруштӣ] бидиҳанд. Куҳани он судмандтар аз наваш аст.
Фасли чаҳорум андар баёни овози кӯтоҳ
Сабаби кӯтоҳии овоз кӯтоҳии нафас аст. Бояд аз тариқи ба фурӯкашидану нигоҳ доштани дам одат кардан
нафас ба тадриҷ дароз карда шавад. Бояд ба тадриҷ варзиш намуда, ба баландиҳо ва зинаҳо барову фуро кунанд ва нафасро андарун кашида, нигоҳ доранд, то ки
тадриҷан нафас дароз бигардад. Низ бояд андар гармоба (228) ва ҳар ҷое, ки боиси нафаскашии зиёд ва зудии
он бигардад, муддати дароз биистанд. Бигузор [бемор]
нафасашро фурӯ бандад, ҳамаи он корҳоро иҷро кунад,
варзиш ва гармоба кунад. Баъд аз баромадан аз гармоба бояд шароб биошомад, зеро шароб барои рӯҳ аз ҳама ғизобахшандатар аст. Баъд аз таом низ чунин кунад ва бояд ба як дам миқдори зиёд ошомида шавад. Барои чунин [беморон] хоб судманд аст.
Фасли панҷум андар баёни овози ситабр
Гоҳе [ситабрии овоз] аз сабабҳои хастакунандае бархезад, ки [мушакҳоро] суст ва маҷроҳоро фарох созанд ва гоҳе аз бисёр дод задан хезад, ки илоҷи ин гуна [ситабрӣ] душвортар бувад. Гоҳе [ситабрии овоз] касонеро ориз гардад, ки бисёр наю буқ кашанд ва ин хусусан аз он сабаб бошад, ки нафаси эшон бурида ва андар шуш банд бигардад ва бад-ин сабаб гузаргоҳҳо фарох шаванд.
Фасли шашум андар баёни овози борик
Ин зидди овози тира аст ва сабабҳояш бар хилофи он ва аз қабили бехобӣ, мондагӣ ва хушхонӣ кардан хусусан баъд аз таом, варзиши ранҷовар ва истифроғҳо мебошанд. Илоҷаш ин аст, ки овозро ба ҳоли худ бигузоранд ва пайваста варзиши муътадили фарбеҳкунанда ба кор баранд, ғизоҳои муътадил бихӯранд, ҳар пагоҳӣ гармоба дароянд ва аз чизҳои қабзкунанда, чизҳои хушкифизой ва аз ҷимоъ парҳез кунанд.
Фасли ҳафтум андар баёни овози торики тира
Ин овозест, ки ба овози ба ҳам бархӯрдани пораҳои арзиз монандӣ дорад. Сабаби он рутубати сахт ситабр бувад. Инро варзиш, гӯштигирӣ, андар хеш ҳабс кардани дам, молиши хушк бо ёрии пораи катонӣ, гармоба даромадан, хӯрдани ғизоҳои латифиоварандаи бурандае мисли моҳии шӯр ва шароби куҳан суд доранд.
Фасли ҳаштум андар баёни овози ларзанда
Худованди онро ба муддати як моҳ дод задану овози баланд баровардан фармоянд. Бояд ҳар қадар, ки битавонад, сухан, ханда, ҳаракат, давидан, баромадану фуромадан камтар кунад ва кам хашмгин шавад. Бояд ҳар қадар, ки битавонад, дастҳоро ба ҳоли хеш гузошта, осуда дорад. Сипас бояд бар пушт дароз бикашад ва ба такаллуф андар ҳоле сухан гӯяд, ки бореро аз қабили арзиз ба андозаи бардошт бар болои сина ниҳода бошад. Беҳтарин ғизоҳо барои вай он чизест, ки паҳлуҳоро қавӣ созад. Ин гуна ғизоҳо мушакҳо, поча ва он чизест, ки часпонандагию қабзкунандагӣ дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор