Қонуни тиб

Сабаби ин дард серасаб будани андомҳои сина аст.
Хун [ҳангоми ин хуноӣ] андак-андак ояд, на ба таври дамидан ва омаданаш аз тариқи сурфае бошад, ки то омадани хун давом кунад.
Нишонаи хунпартоие, ки аз бурида шудани рагҳост, фаровон омадани хун аст. Нишонаи хунпартоии аз хӯра ин аст, ки пеш аз он сабабҳои хӯра ба амал омада бошанд.
Масалан, чизҳои тез, фуруд омадани назлаҳои тез, набудани таб, партофтани рим, ё парда ва ё бахше аз шуш, ки оби ин партофтан мисли оби гӯшт бошад, мушоҳада шаванд. Хун [ҳангоми он] нахуст кам-кам ояд ва сипас якбора фаввора занад ва [бемор] миқдори дурусте хуни рангаш бадро бипартояд.
Нишонаи кушода шудани даҳони рагҳо аз сабаби пурӣ ин аст, ки албатта, дарде ҳис карда нашавад ва осудагию лаззат ёфта шавад. Нахуст миқдори хун камтар аз миқдори хуне бошад, ки андар аввали буридагии [рагҳо] ва ё пора шудани онҳо ояд, вале аксар вақт беш аз хуне бошад, ки аз хӯра ояд. Нишонаи хуне, ки аз сабаби омос таровида бошад, камии он ва мавҷуд будани нишонаҳои омоси шуш ва дигар [андомҳост].
(234) Муолаҷаҳо: Агар касе ҳар доим хун партояд, бояд ба ҳолати пурии [рагҳои] ӯ диққат дод. Ҳар боре, ки андар ӯ пурӣ ҳис кунанд ва хусусан агар синааш андар сиришт танг бошад ва ё ӯро сурфаи сахт омада бошад, бояд зуд раг бизананд. Беҳтар он аст, ки хуни ӯро ба ноҳияи фурӯсӯ майл дода, нахуст софин ва баъд аз он босалиқ бизананд. Агар хуни ҳайзи занон андар вақти худ ва ба андозаи басанда ояд, бо он хунпартоӣ бартараф шавад, чунонки бо банд гардидани он падид ояд. Бояд аз ҳамаи сабабҳои хунро ба ҳаракат оваранда, масалан, аз ғизоҳои гармиовар, ҷаҳидан, дод задан, беқарорӣ кардан, ҷимоъ, нафаси баланд, сухани бисёр, ба чизҳои сурх нигаристан, шароби зиёд хӯрдан ва бисёр гармоба кардан парҳез кунанд.
Бояд аз доруҳои суддакушояндаи мисли карафс, сабр, кунҷид ва шароб дурӣ ҷӯянд.
Панири куҳан барои чунин [беморон] зиён дорад ва тоза судманд аст. Ғизоҳои барои эшон созгор ҳама гуна чизи часпаксозандаву суддаовар, ҳар як чизи ҷамъсозандаи ҷароҳат ва ҳар як чизи сардгардонандаи хун ва аз ҷӯшиш боздоранда буванд. Аз ҷумлаи инҳо шири ҷӯшонидашуда, ки он дорои часпакифизоист, дӯғи гов, ки дорои қабзкунандагист, маска, панири тозаи бенамак, меваҳои гиранда ва навъе аз олуи хурд, ки дорои қабзкунандагист, ба шумор бираванд. Равғани зайтуни норасидаи тозаи кашидаро гоҳе барои равғанӣ кардани таомҳои эшон андар онҳо афкананд. Обҳои [аз маъдани] замчӣ оянда барои эшон сахт судманд аст. Ҳангоми хуноие, ки аз худи ҷирми шуш бошад, бояд ба худованди он доруҳои ҷамъсозандаи хушки ҷароҳат, мисли анҷир314 ва шодана бо оби «забони барра» ва сиркои бо об омехта бидиҳанд.
Ба ғайр аз тадбири ғизо муолаҷаи эшон бад-ин гуна аст, ки зуд ба раг задан пардохта, босалиқро аз он нимае борик боз кунанд, ки ба қаринаи ҳадс [иллат] аз ҳам боз шудани чизи ягонаи андар он нима аст ва хун баҳра-баҳра бигиранд, ки миёни ҳар баҳра ба ҳасби мурооти қувват се ва ё қариб се соат фосила бошад. Ба ростӣ раг боз кардан хунро ба сӯи мухолиф бикашад ва низ ҷароҳатро омосидан нагузорад. Бояд дасту пои эшонро бимоланд, аз барсӯ оғоз карда, то фурӯсӯ онҳоро сахт бандпеч кунанд ва аз чизҳои ёдшуда манъ кунанд. Эшонро андар ҳавои муътадил ҷой диҳанд ва бар паҳлу ва бар ҳайъате бихобанд, ки чун рост истода бошанд, то бахшҳои синаашон бар якдигар наафтанд. [Чунин беморонро] гоҳе додани сиркои бо об омехта созгор бувад, зеро он хунпартоиро манъ карда, ноҳияи сина ва шушро аз хуне пок кунад, ки андар он ҷой банд гардида бошад, вале баста нагардад. Ба эшон доруҳои сард ва часпакифизо биошомонанд ва доруҳои часпакифизо андар ин ҳангом бартарин чизест, ки бояд ба кор бурда шавад. Агар баробари часпонандагӣ поксозанда бошанд, ин ба ғоят матлуб аст. Тухми аспғул бо сардифизоии хеш ҳангоме судманд аст, ки ташнагии сахт ҷой дошта бошад.
Гоҳе эҳтиёҷ бад-он биафтад, ки аз баҳри ду ғараз бо ин [доруҳо] доруҳои карахткунанда биомезанд: яке аз баҳри ором сохтани хун ва тунук намудани он ва дуввум аз баҳри хоб овардану бартараф кардани ҳаракат. Мо доруҳоеро, ки барои ҳамаи намудҳои хунпартоӣ муштараканд, андар охири ин боб ёд хоҳем кард.
Агар хунпартоӣ аз сабаби назла ориз шуда бошад ва агар назла чандон тези сафровӣ набошад, худи ҳамон соат аз пой раг бизан ва дасту пойҳоро аз барсӯ ба фурӯсӯ пайваста баста бидор ва онҳоро бо равғани зайтуни гарм ва ё [дигар] равғанҳои гарми мисли равғани хиёри даштӣ ва монанди он чарб кун, вале зинҳор сари эшонро равған набояд молид. Бояд ғизои эшон гандум бо ягон чизе аз [моддаҳои] тунд ба тариқи ошом бувад ва ин чизҳои тундро аз меваҳо ва монанди онҳо бигиранд. Ҳангоми камқувватӣ бояд ноне бихӯранд, ки андар сиркои бо оби сард омехта тар карда бошанд. Аз барои эшон хусусан агар ба сабаби боздорандае раг задан номумкин бошад, ҳуқнаҳои тез ба кор баранд, то ки моддаҳо аз ноҳияҳои сар кашида шаванд. Бояд ҳар қадар, ки мумкин бошад, ба сард гардонидани сар бикӯшанд, вале аз барои тарифизоии он набояд зиёд кӯшид. Яке аз чизҳое, ки эшонро судманд аст, ошомидани қурсҳои каҳрабост. Агар он чи ки ёд кардем, суд набахшад, аз муолаҷа ва бастани назла чора нест. Масалан, сарро битарошанд ва зимодҳоеро ба кор баранд, ки аз саргини кабӯтар сохта бошанд ва онҳоро ба ҳасби ҳоҷат биниҳанд ва бигиранд.
Ҷолинус ҳикоят кунад, ки занеро ба сабаби назла хун аз гулӯ омадааст, ӯро бо хуқнаҳои тез ҳуқнарезӣ кардааст, зеро раг задан номумкин будааст, аз баҳри он ки ин занро чаҳор рӯз пеш хуноӣ оғоз ёфта, андар ин миён нотавон гардида будааст. Сипас ба ӯ ҳарира ва меваҳои қабзкунанда додааст, чунки ӯ дер боз ғизо нахӯрдааст. (235) Сарашро бо доруи саргини кабӯтар муолаҷа карда, аз барои ин дору ба гармоба рафтан фармудааст, вале сарашро равған намолидааст, то ки тар нагардад. Баъд ба ӯ тарёки тоза додааст, то ки хоб оварад, зеро ин тарёкро афюн қавӣ буда, хоб оварад, хор-хораки сурфаро бартараф кунад ва аз тариқи ситабрӣ овардан сайлони моддаро ором кунад. Рӯзи дуввум баъд аз истеъмоли ин дору он занро ҳеҷ наҷунбондааст, балки бо вуҷуди эҳтиёҷ доштан ба поксозии шуш ӯро осуда ором гузоштааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор