Қонуни тиб

Бештари чорабинияш барои ӯ молиши дасту пойҳо будааст. Сипас ба ӯ ба андозаи як боқилло ва камтар аз дирӯза тарёки нав додааст ва ғаразаш аз ин он будааст, ки ба тадриҷ ӯро барои истеъмоли ангубин омода созад, то ки бо ёрии он шуш пок бигардад. Сипас ӯро ором гузоштааст. Баъди он дасту пояшро молиш дода, сипас ба ӯ оби ҷав бо андак нон додааст, то ки қувваташ ҷон гирад. Андар рӯзи чаҳорум ба ӯ тарёки куҳан бо ангубини зиёд ошомонидааст, то ки шушаш нек пок бигардад. Рӯзҳои дигар ба қадри одатӣ ба вай ғизо додааст ва мисли касони аз беморӣ бархоста тадбир андешидааст. Бо вуҷуди ин ҳар сари чанд вақт бар сараш мумравғани софсиё ниҳода, гармоба рафтанро манъ кардааст. Ин тадбир хуб аст ва бояд тарёки аз ду то чаҳормоҳа бошад, зеро ин хоб оварда, назларо бибандад. Бояд бар сари чунин беморон ҳеҷ равғане расонида нашавад. Ҳангоми ба кор бурдани ин доруҳои сурхиоваранда бемор, агарчи зан бошад ҳам, аз тарошидани сар чора нест. Низ агар хуноӣ ба миқдори зиёд бошад, баъд аз раг задан бо мисли ҳабби қуқиё аз исҳол овардан чора нест. Сипас доруҳои сурхиоварандаро пайваста ба кор баранд.
Ҳангоми хунпартоие, ки аз пора шудан ва канда шудани раг ба амал омада, сабаби он пурӣ бошад, бояд [ба бемор] ҳар қадар, ки битавонанд, ғизо надиҳанд, балки ӯро се рӯз гурусна нигоҳ дошта, танҳо ба додани ғизои каме аз қабили ягон чизи часпак ҳар рӯз кифоят кунанд. Агар афтидани қувват зоҳир набошад, ба қадри имкон ғизодиҳиро то ба рӯзи чаҳорум тарк кунанд, вале агар дар ҳақиқат бими афтидани қувват бошад, [ба бемор] чизе бидиҳанд, ки аз он хилти муътадил ва ё моил ба сардӣ бизояд ва қобилияти часпакӣ, часпандагӣ ва ғознокӣ овардан, [122] қабзкунандагӣ ва хосияти ситабр сохтани хунро дошта бошад. Мисоли ин ҳарисае, ки аз поча сохта бошанд, каллапоча, хояи нимбиришт, хусусан оши ришта, ки бо наск пухта бошанд ва наск бо унноб бувад. Агар битавонанд, ки ғизоҳои қавӣ надиҳанд, чунин кунанд ва танҳо бо оби ҷав ва хусусан оне, ки бо наск, ё унноб ва ё биҳӣ ҷӯшонида бошанд ва бо ноне, ки андар оби сард ва ё чизи туруше оғушта бошанд, кифоят кунанд ва бояд ҳамаи инро билфеъл сард намуда бидиҳанд. Ҳар гоҳ иллат дер бикашад, дӯғи гов ба сабаби гирандагӣ ва сардияш судманд аст. Ҳангоми ин [беморӣ] низ ширҳои ҷӯшонидашуда ба сабаби часпакӣ овардан ва часпонидани худ нофеъ буванд. Агар ноҷӯшонида бошанд, хунро зиёд намуда, зиён хоҳанд овард. Моҳии сангобӣ сахт судманд аст.
Бояд ғизои чунин [беморон] ва онҳое, ки баъд ёд хоҳанд шуд, билфеъл сард бошад. Панири тозаи намак нокарда барои эшон ниҳоят судманд аст. Ҳар гоҳ эшон ва амсоли эшонро бо гӯшт ғизо доданӣ шудӣ, аз миёни гӯштҳо он гӯштҳоеро ихтиёр кун, ки мисли гӯшти сангхор, бутемор ва дурроҷ камхуни хушки сабук буванд ва андар чизҳои тунду қабзкунанда ҷӯшонида [бидеҳ]. Яке аз чизҳои санҷидашуда барои боз доштани хуни аз гулӯ оянда ин аст, ки хурфаро бихоянд ва обашро фурӯ баранд. Гоҳе ин дору дарҳол хунро бибандад. Аз меваҳо биҳӣ, себ, чизҳои қабзкунандаи тунд, унноби тар, мурддона, хинҷаки шомӣ ва дигар чизҳои бад-ин равиш буда [низ чунинанд]. Гоҳе барои чунин [беморон] аз гили набишта ва ё арманӣ бо самғи арабӣ ва андаке кофур нуқл бисозанд.
Ҳар гоҳ хун биистад ва рӯзи чаҳорум бирасад, бояд ба ғизо додан ва қавӣ сохтани бемор пардохта, нахуст, масалан, нони андар об ғӯтонида, ҳарисаҳо, почаҳо ва мағзҳои [сар] бидиҳанд. Агар порашавию бурида шудани [рагҳо] ба сабаби тезии хун бошад, он тадбиреро ба кор бибар, ки аз барои равона кардани хун ба сӯи андомҳои атроф ва ба сӯи мухолиф воҷиб аст. Нахуст сафроро ба истифроғ берун ор ва сипас қувватро сардифизоию тарифизоӣ кун. Низ доруҳои гиранда, доруҳои часпакифизо, оби ҷав, каду, анвоъи харчангҳо, доруи Андрумохус ва доруи Ҷолинусро ба кор бибар.
Доруҳое, ки ҳангоми хун омадан аз гулӯ ба сабаби кушода шудани [даҳони] рагҳо ба кор баранд, доруҳои гиранда ва тунди дорои часпакифизоӣ мебошанд, чунонки доруҳои барои [дигар намудҳои хунравӣ] ёдшуда доруҳои часпакифизоӣ фароҳамоварандаи [ҷароҳат] ва гиранда буданд. Инҳо, масалан, (236) доруҳои зеринанд: гулнор, кулоҳакҳои анор, тутум, фишурдаи таросис, фишурдаи сарнавдаҳои ток, барги авсаҷ ва булут, каҳрабо, ақоқиё, ҳузаз, фишурдаи гул, фишурдаи садпайванд, чарха, фишурдаи ғӯра ва ҳибуқистидос. Гоҳе инҳо ва таркибҳои аз инҳо сохташударо бо замч, мозу, сабр ва афсинтин қавӣ бигардонанд. Аз инҳо доруҳои мураккаб бисозанд ва қурсҳои аз барои ин [беморӣ] баршумурдаро аз ин доруҳои ёдшуда бисозанд. Гоҳе ин доруҳоро андар обҳои сода ё баъзе фишурдаҳо ҷӯшонида, пухтакови онро биошоманд. Гоҳе аз инҳо зимодҳо бисозанд. Бо инҳо, бо ҳамаи доруҳои аз барои хунпартоӣ ёдшуда ва доруҳои аз барои [бемориҳои] сина буда метавон мисли карафс, нонхоҳ, анисун, сунбул ва ромак омехт. Гоҳе ба онҳо доруҳои карахткунандае аз қабили пӯстҳои бехи ябруҳ, хашхош ва банг низ биафзоянд. Мумкин аст бо онҳо доруҳои часпакиафзое чун самғ, қишрҳои кундур, «ситораи Шомус», табошир, тухми «забони барра», луоби аспғул ва тухми он, фишурдаи хурфа ва луоби донаи биҳӣ омехта карда шавад.
Агар [хунпартоӣ] аз тариқи таровидани хун аз омос падид омада бошад, илоҷи он нахуст раг задану истифроғ ва сипас пазонидан аст. Вале набояд бо доруҳои гиранда муолаҷа карда шавад, зеро онҳо боиси падид омадани газанди бузург бигарданд. Балки боистӣ бо илоҷи омоси шуш онро муолаҷа кард.
Хунпартоие, ки аз сабаби хӯрда шудан падид омада бошад, муолаҷаи он мушкил ва душвор буда, гоҳе аз он ноумедист, зеро он ҷуз бо нест шудани бадмизоҷӣ беҳ шуда, фароҳам наояд ва бартараф шудани бадмизоҷӣ танҳо андар муддате ба амал меояд, ки ҳангоми он реш ё сахт бигардад ва ё ганда. Лекин гоҳе агар аз тариқи рондани хилти гарм хӯраро мустаҳкам шудан нагузоранд, мумкин аст суд дошта бошад. Гоҳе сафрои ситабрро бо мисли ҳабби ғорикун ба исҳол берун кунанд. Агар туро эҳтиёҷ ба бештар қавӣ гардонидани он биафтад, онро қавӣ соз ва андар ором кардани хор-хори сурфа бо доруи аз тухмиҳо сохташуда ҳилаҳо кун. Аз ин умеди як андоза суд дидан аст. Умуман, илоҷи чунин [беморон] аз тариқи истифроғу раг задан ва ғайра ба поксозӣ пардохтан ва ғизоҳои хубкимус додан аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор