Қонуни тиб

Ё омоси пешгузаштаи шуше бошад, ки рим карда, ба реш табдил ёфтааст ва ё барсомест, ки рим карда, кафида бошад. Ё мумкин аст яке аз сабабҳои ёдшудаи хунпартоиест, ки чи аз дарун мисли ҷӯшидани хун ба дигар чизҳои ёдшуда ва чи аз берун мисли афтидан ва ё кӯфта шудан буда, боиси боз шудани раг, ё кафидан ва ё канда шудани он бигардад. Гоҳе бархе аз сабабҳои он гандагӣ ва хӯрае бувад, ки худ ба худ андар ҷирми шуш биафтад, чунонки андомҳои дигарро низ ҳамин тавр бошад. Гоҳе сил ҳангоме зиёд бигардад, ки агар аз паси тобистони шимолии хушк хазони ҷанубии серборон ояд.
Фасли дувоздаҳум андар баёни касоне, ки аз ҷиҳати сохт, намуд, синну сол, кишвар ва мизоҷ пазирои силанд
Инҳо касони парандасохти тангсина буда, китфҳояшон хусусан аз сӯи пас аз гӯшт бараҳна, ба сӯи пеш моил ва баромада бошанд. (250) Яке аз инҳоро чунин буд, ки гӯӣ ду бол дорад ва китфҳояш аз пешу пас аз бозу канда буд.
Низ эшон гардандароз буда, гарданашон ба сӯи пеш моил ва гулӯҳояшон барҷастаи баромада буванд. Чунин касонро ба сабаби тангии сина андар сина ва атрофи он бодҳо ва дамидагии зиёд ба амал ояд. Агар ба изофаи ин мағзашон заиф буда, пазирои фазлаҳо бошад ва ғизоҳоро гуворида натавонанд ва хусусан агар хилтҳояшон тези заҳравӣ бошанд, шартҳои [падид омадани сил] тамомият хоҳад ёфт. Намудҳои зоҳирие, ки сабаби зуд пазируфтани сил бошад, ба изофаи парандасохтии ёдшуда мӯи ками сафедчатоби моил ба малларангӣ бувад. Низ баданҳои сахти фишурда ба сабаби кафидани рагҳо [пазирои сил буванд]. Аз ҷиҳати мизоҷ касони сардмизоҷ пазирои ин [беморӣ] мебошанд. Синне, ки ҳангоми он сил бисёр рӯй диҳад, аз ҳаждаҳсолагӣ то ҳудуди сисолагист. Ин беморӣ андар кишварҳои сард бештар ба амал ояд, аз баҳри он ки андар он ҷойҳо кафидани рагҳо ва хунпартоӣ зиёд рӯй диҳад. Фасле, ки андар он сил зиёд бигардад, фасли хазон бувад.
Он чи ки бояд чунин касон аз он эҳтиёт кунанд: Чунин касон бояд аз тамоми ғизоҳо ва доруҳои тези сӯзанда ва аз тамоми он ҳолатҳое, ки андомҳои синаро азҳамкашида ҳамесозанд, аз қабили дод задан, рамидан ва ҷастан эҳтиёт кунанд.
Нишонаҳои сил: Онҳо аз гулӯ омадани хунобае, ки нишонааш аз ҷиҳати ранг, бӯй ва ғайра ба хунобаи шарҳ додаамон монанд бошад ва таби диққиест, ки ба сабаби ҳамҷавории дил бо маҳалли иллат ҳамеша ёри он бошад. Ин таб ҳангоми ғизо хӯрдан ва шабона бад-он ҷиҳат шиддат ёбад, ки [ҳар гуна] таби диққ [низ] ба иллати аз ғизо тар гардидани тан шиддат ёбад [130] ва мо инро андар ҷои худаш баён хоҳем кард.
Вале гоҳе ҳангоми ин беморӣ ба таби диққ табҳои дигаре мисли таби навба, таби чаҳоррӯзӣ ва панҷрӯзӣ ҳамроҳ шаванд. Бадтарини инҳо таби панҷрӯзӣ, сипас таби нимрӯзафкан ва баъд аз он таби навба бувад. Ҳар гоҳ сил падид ояд, низ далелҳое зоҳир гарданд, ки андар охири боби римкунии [омос] баршумурдем. [Беморони силро] ҳар сари вақт арақ равон бигардад, аз баҳри он ки қуввати эшон ғизоро нигоҳ дошта тадбир кардан натавонад ва гармӣ онро ҳал намуда ҷорӣ кунад. Агар андар балғамашон хушкреша бошад ва хусусан агар сабабҳои ёдшудаи боиси сил буда пеш ҷой дошта бошанд, дигар [андар бемории эшон] ҷои шубҳа нест. Агар тан ба пажмурда шудан, дасту пойҳо ба каҷшавӣ ва мӯй ба сабаби нарасидани ғизо ва фасодии фазлаҳо ба рехтан оғоз кунанд, [эҳтимоли бемориро] тасдиқ хоҳад кард.
Гоҳе андар оғози бемории сил ранг тира бигардад, лекин баъд аз бархостани бухорҳо сурх шавад, хусусан ҳангоми пурра устувор шудани он гардан ва пешонӣ азҳам кашида гарданд, дасту пойҳо ва хусусан пойҳо андар рӯзҳои ахир бидаманд ва пурра бигарданд, аз баҳри он ки хилтҳо табаҳ шуда, [гармии] модарзодӣ андар гӯшаҳои дури тан ба сабаби бадмизоҷӣ мурда бошад. Касоне, ки сабаби сили эшон хилти хӯранда аст, хавийе аз даҳонашон ояд, ки таъми оби дарёро дошта, сахт шӯр бувад.
Набзи эшон мумкин аст устувор, ба таври муътадил тез ва хурд бошад ва гоҳе ба ин ё он сӯй майл кунад. Сипас андар шикам қароқур падид ояд, сарҳои паҳлуҳо ба боло бигарданд, ташнагӣ шиддат ёбад ва ба иллати сустии қувваҳои табиӣ иштиҳои таом биравад. Гоҳе мумкин аст шиками [чунин бемор] ба сабаби афтидагии қувват биравад. Гоҳе мумкин аст гирдаҳо (ҳалқаҳо) ва ҷирмҳои рагҳо аз гулӯ берун оянд ва ин ҳангоми фаро расидани марг бувад. Агар бахши аз гулӯ омадаи рагҳо бузург бошад, аз шуш аст, вале агар хурд бошад, аз нои шуш бувад. Бисёр бошад, ки аз гулӯ сангча афкананд ва ҷуз баъд аз падид омадани реши бузург аз гулӯ гирдаҳои ной наафкананд.
Андар поёни беморӣ балғам ва хавий ситабр бигарданд ва сипас ба сабаби заъфи қувват қатъ бигарданд ва гоҳе [беморон] аз сабаби нафасгир шудан бимиранд. Гоҳе агар сил аз ҷинси бад ва аз моддаҳои ситабре падид омада бошад, ки гуворида нагарданд, мумкин аст ин гуна балғам на андар поёни беморӣ, балки ба оғози он ба амал ояд. Ҳар гоҳ балғам андар поёни сил қатъ бигардад, гоҳе [беморон] беш аз чаҳор рӯз назиянд. Гоҳе мумкин аст қатъ гардидани балғам ба сабаби сустии қувват бошад ва андар ин ҳолат нафаси эшон ба ҳадде танг шавад, ки қариб ба ҳис андар нояд. Бисёр бошад, ки эшонро сурфа шиддат ёбад ва боиси пайдарпай аз гулӯ омадани хун бигардад. Агар сурфаи эшон бо илоҷҳои боздорандаи хун муолаҷа карда шавад, бо вуҷуди ҳосил шудани сабукӣ бимиранд. Агар онҳоро ба ҳоли сурфа кардан бигузоранд, ба сабаби рафтани хун бимиранд. Яке аз намудҳои зуд мурдан [аз ин беморӣ] ин аст, ки агар каси сил бударо бар китф донаҳое чун боқилӣ зоҳир гардад, баъди (251) панҷоҳу ду рӯз бимирад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор