Қонуни тиб

Мақолаи панҷум
АНДАР БАЁНИ УСУЛҲОИ АМАЛИИ ОН
Фасли нахустин
андар баёни илоҷи муштараки омосҳои
ноҳияҳои сина ва шуш
Яке аз корҳои муштарак раг задан аст. Андар оғози беморӣ аз ҷониби мухолиф раг бизананд. Аз ҳама зуд таъсиркунанда ин аст, ки софини баробари [маҳалли беморӣ бударо] ба дарозо бизананд, баъдаш босалиқи баробари он будааст, ки бар паҳно бизананд ва пас аз он акҳали баробари [маҳалли беморист], ки низ бар паҳно бизананд.
Агар [акҳал] зоҳир нагардад, набояд тарки задани қифол намуд, ҳарчанд ки суди он камтару оҳистатар бувад.
Сипас баъд аз рӯзгоре чанд аз ҷониби мувофиқ бар паҳно раг бизананд.
Гоҳе хусусан баъд аз раг задан бо буриш бар сина низ миҳҷама гузоранд, то ки моддаро ба берун бикашад ва онро камтар созад. Ҷолинус гуфтааст: «Агар таб ниҳоят баланд бошад, аз истеъмоли чизи исҳоловаранда эҳтиёт бош ва танҳо бар раг задан кифоят кун, зеро ин бехатар аст ва ё хатараш камтар бувад, вале андар исҳол хатари бузург аст, зеро он мумкин аст [хилтро] ба ҷунбиш оварда, берун насозад ва гоҳе ба ифрот исҳол оварад». Ба қадри имкон доруҳои карахткунандаро ба чунин [беморон] набояд наздик овард, зеро онҳо пазиш ва омадани балғамро боз доранд.
Аз ғизоҳо ба эшон оби ҷав, оби гандум, оби ҷӯшонидаи панирак, тараи яманӣ, панираки бӯстонӣ, каду, оби боқилӣ, агар ҳарорат ба ифрот набошад, кишмиш, хусусан андар охири беморӣ мавиз ва дигар чизҳои ба равиши дору бударо бидиҳанд. Низ тамоми он чизҳои поккунандае, ки дуруштиро бурда, андар дараҷаи якум нармӣ оваранд, аз қабили оби унноб, бунафша, хашхош, бехи ширинбаён, дилаи бодранг, хиёри дароз ва ғайра ва тухми коснӣ ва сапистон [ба кор баранд]. Гоҳе бо инҳо луоби донаи биҳӣ, самғ, касиро ва тухми хашхош биафзоянд. Ҳамаи инҳоро пеш аз кафидани [омос] истеъмол кунанд. Агар андар дигар андомҳои андарунӣ омос набошад, беҳтарини доруҳои зудояндаи поккунанда оби ангубин аст, вале агар [андар дигар андомҳои андарунӣ] омос бошад, онро бояд ба шакле ба кор бурд, ки бо бисёр омезиш додан мисли об гардида бошад. Гулоб ва оби шакар аз он созгортаранд.
Баъди он оби ҷав ва сипас шароби ширин биистад. Ин [шароб] барои худовандони ин гуна иллатҳо беҳтарин шароб бувад. Хусусан сафеди он беш аз ҳар гуна чиз барои омадани балғам ёварӣ кунад, вале онро ҳангоми омоси шуш ва барсом пеш аз пухтани [модда] набояд ошомид. Лекин ин [шароб] ташнагӣ ва ҳарорат оварад ва бояд барои инҳо чорабинӣ карда шавад. Онро бар каси ҷигараш ва ё испурчаш дардманд набояд дод. Баъд аз шароби ширин хамри обӣ биистад. Вай қувватро беш аз об қавӣ созад ва дорои ҳам бурандагӣ ва ҳам латифисозист. Аммо агар сикангубини аз ангубин ва ё аз шакар сохташуда ва андаке сиркои бо об омехтакардаро [ба бемор] бидиҳанд, ин ҳамаи хусусиятҳои гармихомӯшкунӣ ва поксозиро андар хеш дорад. Агар [сикангубини] сахт туруш бошад, ё балғами беҳад зиёд берун оварад ва ё онро сард намуда, ниҳоят часпак созад ва онро ба андозае бад бигардонад, ки канда нашавад ва гоҳе барои кандан ва берун кардани он эҳтиёҷ ба қувваи қавӣ биафтад. Ҳар гоҳ ночор ба [ошомидани сикангубини] туруш зарурат ба миён ояд, онро нимгарм ва ё омехта бо оби гарм андак-андак [ба бемор] бояд дод. Аммо сикангубини турушияш муътадил аз ин гуна зиён эмин гардонад ва зиёни ширинии аз ташнагӣ баамаломада, зардаҷӯш ва афзоиши зардаро пешгирӣ кунад. Оби ангубин ба ғоят тарифизост ва оби ҷав ба ғоят поккунанда. Гоҳе аз барои муътадил сохтани табиат эҳтиёҷ бад-он бошад, ки [ба бемор] туруша бо равғани бодом бидиҳанд.
Обҳое, ки ба ин гуна [бемор] бидиҳанд, чунин аст: Ба зимистон оби гарм, оби шакар ва оби ангубини тунук бидиҳанд. Ба тобистон оби муътадил бидиҳанд. Оби сард барои эшон хуб нест, вале агар ташнагияшон шиддат ёбад, андак-андак ва ё омехта бо гулоб ва ё сикангубин, ки ҳар дуро сард карда бошанд, бидиҳанд, зеро сикангубин обро зуд бигузаронад ва зиёни онро дур созад. Ҳангоми пастравии беморӣ [ба бемор] оби омехта бо майпухта бидиҳанд. Аммо он чи ки ҳангоми рим кардан, пухтан ва кафидани [омос] бад-он эҳтиёҷ биафтад, мо аз барои он боби алоҳидае хоҳем овард.
Фасли дуввум андар илоҷи барсом
Бояд моддаи ба сӯи омос ояндаро бо истифроғ ва он чи ки онро ба сӯи мухолиф бикашад, пешгирӣ карда, ба дигар сӯй бигардонд. Он чизеро бояд бихонд, ки андар ин бобат пеш аз ин тавсиф намудем ва мо гоҳе мумкин аст (252) онро аз нав ёдоварӣ кунем. Мо бигӯем: агар хун ғолиб бошад, илоҷи ин [беморӣ] бар ваҷҳе раг задан аст, ки андар боби пеш аз ин буда ёд карда шуд ва бояд хун ба андозае биравад, ки рангаш дигаргун бигардад ва ин далели он бошад, ки бахши ранҷовари хун берун шудааст. Бидон, ки хуни аз ҳама сиёҳтари тан онест, ки андар наздикии ин гуна омос ҷойгир бошад. Вале ҳангоми [раг задан] ба эътибор гирифтани қувват воҷиб аст. Гоҳе мумкин аст қувват ба рехтани хун ба ин андоза мувофақат накунад.
Агар ягон хилти дигаре [ғолиб] бошад, онро на ба мисли ҳалила ва чизҳои қабзкунанда берун кунанд, балки бо чизҳое берун оваранд, ки ба изофаи исҳол овардан нармиафзоянда буда, аз қабили доруҳое бошанд, ки аз бунафша, тарангубин, ширхишт ва шакари ҳиҷозӣ сохта бошанд. Исҳолро шаб ба кор баранд. Гурӯҳе аз аҳли дониш гуфтаанд, ки ба қадри имкон беҳтар он аст, ки аз тариқи раг задан истифроғ кунанд, то бетоқатие ба амал наояд, ки мумкин аст доруи исҳол боиси он бигардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор