Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Агар сабаб модда бошад, онро истифроғ кунанд.
Ҳангоми муолаҷаи бадмизоҷии хушк ба ғизои бисёри тарифизой додан, аз паси он ба гармоба рафта бо эҳтиёт обзан ба кор бурдан, кам ҳаракат кардан, осуда будан ва ошомидани оби сард эҳтиёҷ афтад. Вале агар андар миён сардие бошад, оби ниҳоят сардро аз бемор дур бидоранд ва бо шаробҳову доруҳо онро муътадил гардонанд. Аз паси таоми гарм хоби бисёр раванд. Агар сабаб модда бошад, онро ба истифроғ берун кунанд. Тафсили инро ҳангоме хоҳӣ донист, ки андар баёни муолаҷаи диққ ва лоғарӣ сухан биронем.
Мизоҷи тарро бо латиф сохтани ғизо, истеъмоли доруҳои хушкифизоянда ва бо думодум ва зиёд варзишҳои муътадил кардан муолаҷа кунанд. Агар сабаб модда бошад, низ истифроғ кунанд. Низ мизоҷи тарро бо бисёр варзиш кардан, пеш аз таом гармоба рафтан, бо обҳои гармчашмаҳо, андар оби гарм бисёр даромадан, истеъмол намудани доруҳои исҳоловаранда ва доруҳои пешобтозонанда, истеъмол намудани шароби қавии камбӯй ва бо истеъмол намудани ғизоҳои хубкимус ба қадри андак, на бисёр, муолаҷа кунанд. Агар андар ин миён ҳарорате бошад, аз гармоба дурӣ ҷӯянд ва ҷимоъ ба кор баранд.
Агар сабаб моддаи тар ва ё гарми тар бошад, онро истифроғ кунанд Андар баёни доруҳои қалбӣ: Аммо доруҳои қалбиро ба шакли пурра бояд аз миёни лавҳҳои доруҳои сода аз лавҳи андомҳои нафаскашӣ ҷудо карда гирифт. Вале ҳоло мо ба ҳасби ҳоҷат баъзе аз онҳоро ба тариқи асосу поя ёд кунем. Мо бигӯем: аз ҷумла доруҳои ба иътидол наздик инҳоянд: ёқут; беҷозақ;336 фирӯза; зар; сим; ва забони гов. Доруҳои гарм инҳост: даруна; ҷадвор; мушк; анбар; зурунбод; хусусан абрешим; заъфарон; ду навъи баҳман, ки зуд суд оваранд; мехак, ки бисёр аҷиб аст; уди хом; бодрангбӯя ва тухми он; бодруҷ ва тухми он; шоҳисфарам ва тухми он; [138] ҳил; кабоба; палангмушк ва тухми он; барги турунҷ ва турушаи он; созаҷи ҳиндӣ; ва росан, ки аҷиб аст. Доруҳои сард инҳост: марворид; каҳрабо; буссад; кофур; сандал; табошир; гул; гили набишта; себ; кашнизи хушк ва тар.

Мақолаи дуввум
АНДАР БАЁНИ [БЕМОРИҲОИ] ҶУЗЪӢ БА
ТАВРИ МУФАССАЛ
Фасли нахустин
андар баёни хафақон ва сабабҳои он

Хафақон ҳаракатест ба шакли паридан, ки дилро ориз бигардад. Сабабаш ҳама гуна чизест, ки дилро ранҷ оварда, ё андар худи он бувад, ё андар ғилофи он ва ё чизе бошад, ки аз андомҳои ҳамҷавору анбози он расида бошад. Гоҳе мумкин аст аз моддаи хилтӣ, гоҳе аз мизоҷи сода, гоҳе аз омос, гоҳе аз [бемории] гусастани ягонагӣ, гоҳе аз сабаби бегонае ва гоҳе аз сабаби ҳисси сахт доштан падид ояд. Моддаи хилтӣ мумкин аст (268) хунӣ, мумкин аст рутубатӣ, мумкин аст савдовӣ, мумкин аст сафровӣ ва мумкин аст бодӣ бувад. [Моддаи бодӣ] аз ҳама сабуктару осонтари онҳост. Он [хафақоне], ки аз мизоҷи сода падид ояд, бад-ин гуна бувад, ки ҳар як мизоҷи ғолиб муҷиби нотавонӣ бигардад ва ҳар нотавоние андар дил то даме, ки боқимондаи қувват ҳаст, ягон изтиробе падид оварда, гӯё [дил] аз хеш ранҷро дур ҳамесохта бошад ва бинобар он хафақон рӯй диҳад. Ҳар гоҳ ба ифрот бирасад, хафақон ба беҳушӣ гузарад ва агар ин низ ба ифрот бирасад, ба ҳалокат бикашонад. Гоҳе ҳар гуна мизоҷе аз мизоҷҳои сода ҳафақон ба амал оварад.
Омоси гарм то даме, ки андар падидоист, хафақон зоҳир кунад, сипас беҳушӣ ба амал оварда, баъд аз он ба ҳалокат бирасонад. Омоси сард низ ба ҳолати он наздикӣ дорад, лекин гоҳе мумкин аст андаке муҳлат бидиҳад. Гусастани пайвастагӣ низ чунин аст. Суддаҳое, ки андар гузаргоҳҳои хуну рӯҳ, андар дил, андар атрофи он ва андар рагҳои дурушти бахшҳои шуш ба амал меоянд, низ ҳамчунин буванд. Аммо [анвоъи] хафақоне, ки аз сабаби бегона падид оянд, масалан, инҳост: хафақоне, ки аз дардҳои гармиоваранда ва гузариши моддаҳои омосҳои ҳамҷавори ёдшуда падид ояд; хафақоне, ки аз ошомидани заҳрҳо падид ояд; хафақоне, ки аз газидани ҷондорон падид ояд; хафақоне, ки аз падид омадани морҳо андар шикам, хусусан ҳангоми ба бахшҳои болоии истгоҳҳои ғизо ва бироз баромадани онҳо, ба амал ояд. Дигар хафақонест, ки аз латиф будани ҳисси дил хезад. Худованди чунин [дилро] аз андак боде хафақон рӯй диҳад, ки андар фазои миёни [дилу] ғилоф, ё андар ҷирми ғилоф ва андар рагҳои он аз андак кайфияти сард ва ё гарм падид омада бошад. Ин ҳатто аз паси ошомидани об аз ғайри он ки боиси нотавонии феълҳои дил гашта бошад, падид ояд.
Хафақони ба анбозӣ ё ба анбозии тамоми тан ба амал ояд, чунонки ҳангоми табҳо ва хусусан табҳои вабоӣ чунин рӯй диҳад, ё ба анбозии ғилоф бад-ин гуна ба амал ояд, ки андар он омоси ё ковок ва ё сахте ориз гардад, чунонки хурӯсу маймуни ёдшударо ориз шуда буд, ё ба анбозии меъда бад-ин гуна ба амал ояд, ки андар даҳони он хилти часпаки обгинагуне ва ё хилти сӯзандаи сафровӣ ҷой дошта бошад ва ё андар [меъда] таом табаҳ гардида бошад ва ё ба анбозии тамоми андомҳое ба амал ояд, ки бо шиддат дард карда бошанд. Хафақон ба анбозии меъда аксар вақт мумкин аст ба сабаби хилти андар он буда, ё табишҳои андар даҳони он баромада ва ё нотавонии аз паси қайи сахт рӯйдода падид ояд. [Ин гуна хафақонро] аз [хафақони] қалбӣ қариб фарқ кардан нашавад. Гоҳе мумкин аст андар даҳони меъда паридане пайдарпай ба амал ояд, ки беш аз ҳама ба хафақони қалбӣ монандӣ дошта бошад.

пешина
аз 1215
навбатӣ