Қонуни тиб

[Хафақон] мумкин аст ба анбозии шуш ҳангоме падид ояд, ки агар андар паҳлуи аз сӯи дил будаи он суддаҳо зиёд бигарданд ва нафас ба таври шоиста гузаштан натавонад. Ин аз падид омадани зиқи нафасе огоҳӣ диҳад, ки беосеб нахоҳад буд.
Бисёр бошад, ки хафақон ба сабаби буҳрон ва ҳаракаҳое ба амал ояд, ки хилтҳоро ориз шуда, рӯ ба сӯи буҳрон дошта бошанд. Мо инро андар ҷои худаш равшан баён хоҳем кард. Ҳар кӣ баъд аз беморӣ аз хафақон шикоят кунад ва агар ӯро маниши гаштан ҷой дошта, сафрои зиёд партояд ва маниши гаштан боз давом кунад, ин [намуди хафақон] бад аст ва аз падид омадани ташаннуҷ андар меъда огоҳӣ диҳад.
Нишонаҳо: Бар ҳама гуна хафақон набзи ноҳамворе гувоҳӣ диҳад, ки аз ҳад гузашта, андар бузургӣ, хурдӣ, тезӣ, сустӣ, думодумӣ ва канда-кандаоӣ ба таври ҳисшаванда бувад ва бисёр вақт ба набзи худовандони дамкӯтоҳӣ монандӣ дошта бошад. Далели хафақони тар ин аст, ки нармии набз шиддат ёбад ва худованди он чунин ҳис кунад, ки гӯё дилаш андар рутубат ҳамегардад. Бар хафақони хунӣ нишонаҳои гармию афрӯхтагӣ ва тезии набз ва бузургии он аз ғайри фаро расидани вақти хафақон далолат кунанд. Ҳангоми ин аз ҷимоъ суд бигиранд.
Хафақони сард баръакси он бувад.
Бар хафақони сафровӣ, ки кам рӯй диҳад, бемориҳои сафровии аз паси он падидоянда, як андоза сахт шудани набз ва шиддати афрӯхтагӣ гувоҳӣ диҳанд. Бар хафақони савдовӣ андӯҳ, ваҳшат ва сахтии набз далолат кунанд.
Бар хафақони бодии сода зуд ҳал шудани он, сабук гузаштани он ва камтар ноҳамвор будани набз гувоҳӣ диҳанд. Бар хафақони омосии андар гавҳари дил ва ё андар ғилофи он буда нишонаҳои ёдшудаи ҳар ду омос далолат кунанд. Бар хафақони гусастагии пайвастагӣ сабаби он гувоҳӣ диҳад. Бар хафақони аз заҳрҳо ва газидани ҷондорон падидомада сабаби он, ба шарте ки дигар сабабҳо набошанд, далолат кунад. Хафақони аз кирмҳо баамаломада низ ҳамин гуна бувад. Бар хафақони аз мизоҷи гарми сода падидомада афрӯхтагии сахт аз ғайри ҳис кардани рутубате, ки гӯё дил андар он ҷунбида истода бошад ва тезию думодумии набз, агарчи на ба ҳангоми ба ҳаяҷоноии дил бошад ҳам, (269) гувоҳӣ диҳанд ва мумкин аст аз паси сабабҳои гармиоварандаи бемодда ва ҳангоми бемории диққ ва монанди он ба амал ояд. Бар хафақони аз сардии холис падидомада низ сабабҳои он аз қабили истифроғҳое, ки гармии модарзодиро хомӯш кунанд, бемориҳои сард, ҳавоҳо ва дигар чизҳо ва набзи аз ғайри вақти хафақон оҳистаи канда-канда гардида далолат кунанд. Бар хафақони аз суддаҳо баамаломада ноҳамвории хурдӣ, бузургӣ, сустӣ ва қавигии набз ва изофа ба он нишонаҳои пурӣ далолат кунанд.
Аммо хафақонеро, ки аз сабаби нозукии ҳисси дил, аз андак боди падидомада ва ё аз андак газанди ба сӯи он гузашта ориз мегардад, аз тариқи қавӣ будани набз, дурустии нафас ва солим будани дигар андомҳо бишиносанд. Қавӣ ва бузург будани набз далели аз ҳама равшани он аст ва инро бо вуҷуди думодумии хафақон солим будани тан, ба ҷой будани қувват ва дурустии феълҳои
одатӣ таъкид кунанд. Ин бештар касонеро падид ояд, ки таъсири инфиолоти нафсонии аз қабили хашм, ё шодӣ, ё андӯҳ ва ё ғайра агарчи андак бошад ҳам, бар рӯяшон зоҳир бигардад.
Аммо хафақоне, ки ба анбозии тамоми тан ҳангоми табҳо падид ояд, худ ба худ маълум аст ва хафақони буҳронӣ низ ҳамчунин бувад. Бар хафақоне, ки ба анбозии меъда падид ояд, далелҳои ҳолатҳои меъда, иштиҳо, чизи аз меъда баргашта, хаёлҳо, маниши гаштан, печиши ноф, ҳангоми тиҳигии меъда сабукӣ ёфтани хафақон, ба шарте ки ин ба сабаби сафровии ҳангоми холигии меъда ба сӯи даҳони он резанда вобаста набошад ва ҳангоми оғози гувориши ғизо шиддат ёфтани [хафақон] далолат кунанд. [Далели] он хафақоне, ки ба анбозии шуш бувад, ин аст, ки худованди он дар маърази дамкӯтоҳӣ буда, ҳангоми он нишонаҳое мавҷуд бошанд, ки бар рутубати шуш ва гирифтори судда будани маҷроҳои он далолат кунанд ва ин андар боби худ ёд карда шуд. Аммо бар хафақоне, ки ба сабаби морҳо337 ба амал ояд, далелҳои андар боби онҳо ёдшуда гувоҳӣ диҳанд. Яке аз чизҳое, ки бад-он далолат кунад, луобҳои ҷоришаванда ва дардест мисли газидан ва сих задан, ки андар даҳони меъда падид ояд.
Муолаҷаҳои ҳамагонии хафақон: ҳангоми ҳамаи намудҳои хафақони моддӣ аз истифроғҳо суд бигиранд. Хафақони хуниро бо раг задану хуни зиёд гирифтан ва муътадил сохтани миқдору кайфияти ғизо муолаҷа кунанд.
Агар хафақон дорои навбатҳо бошад ва ё агар андар ягон фасле, масалан, андар баҳор, бисёр рӯй медода бошад, воҷиб аст, ки пеш аз расидани навбат раг бизананд, ғизоро латиф созанд ва [ба бемор] доруҳои қависозандаи дил бидиҳанд. Ҳангоми хафақони аз сабаби хилти балғамӣ падидоянда бояд бо доруҳое истифроғ карда шавад, ки таъсири онҳо то дил расидан битавонад ва созгортарини инҳо ёраҳои бузург ва доруҳоест, ки рутубатҳои часпакро берун оранд. Илоҷи хафақони аз хуни савдовӣ падидомада ин аст, ки раг зананд ва ҷигарро бо чизҳои андар боби вай оварда муътадил гардонанд, то ки савдо назояд. Агар ин [хафақон] аз хилти савдовии холис баамаломада бошад, онро бо мисли ёраи Руфус, луғозиё ва бо ҳамаи он чизҳое муолаҷа кунанд, ки хилти савдовиро аз ҷойҳои дур ба истифроғ берун кунад. Сипас муътадил гардонидани мизоҷ боқӣ монад, ки сарди онро бо доруҳои гармифизой ва гармашро бо доруҳои сардиоваранда муътадил бисозанд ва хусусан аз ин доруҳо онҳоеро ба кор баранд, ки андар таркибашон доруҳои қалбӣ бидароянд.
[139] Хафақоне, ки ба анбозии меъда аст, агар аз хилти ситабр бошад, илоҷаш ин аст, ки баъд аз таом ва баъд аз хӯрдани чизҳои латифиоварандаи маъруфе аз қабили фишурдаи турб бо сикангубин қай оваранд ва баъди он бо ёраҳои бузурге аз қабили луғозиё ва сиёдаритус ва ё бо ёраи фиқрое, ки бо дилаи ҳанзал, ғориқун ва афитимун қавӣ гардонида шудааст, исҳол оваранд. Агар хафақон ба сабаби сафрои сӯзанда ба амал омада бошад, онро аз тариқи тақвият додани меъда бо руббҳои меваҳо ва меваҳои хушбӯйе аз қабили себ ва биҳӣ, хусусан баъди таом ва аз қабили амруд ва монанди инҳо муолаҷа кунанд, табиатро ба сӯи нармӣ моил созанд, аз чизҳои ба хилти заҳравӣ табдилёбанда парҳез кунанд ва муътадил сохтани меъдаро чорабинӣ кунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор