Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Зеро он ғизобахштар буда, ҳар чи бештар хилтҳоро бар ҳоле бигардонад, ки зидди ҳоли ҳалшавандагии онҳост ва қивоми рӯҳро бештар бозоваранда бувад. Аммо агар ҳар киро чунин иллат нест, барои вай созгортарин шароб онест, ки ҳар чи бештар зудгузар бошад. Ту метавонӣ шаробро аз тариқи андаке аз он чашидан бисанҷӣ. [142] Агар онро зудгузари гармсозанда ва ба изофаи он хубқивому хушбӯй дарёбӣ, ин гуна шароб созгор ва матлуб бошад. Гоҳе мо андар он қариб ду ҳабба мушк ва ё аз доруи мушк миқдори як, ё нисф ва ё сеяки як ошомиданӣ биафканем ва ин ҳангоми беҳушии сахт бувад. Ҳамчунин [андар он] қурсҳои мушки андар Қарободин ёдшударо ҳам [афкананд]. Созгортарин шароб андар ин гуна ҳолат барои касе, ки беҳушияш на аз гармист, шароби гармкарда бувад, зеро ин бештар гузаранда аст. Агар онро бо қувваи нон қавӣ созанд, ҳар чи камтар паҳн бигардад. Яке аз чизҳое, ки барои эшон судманд аст, майбиҳии махсуси беҳушӣ ва андар Қарободин ёдшуда аст. Аз ҳама беш ба шароби гармкардашуда касе эҳтиёҷ дорад, ки аз ҳама дертар ба ҳуш ояд. Ба чунин [беморон] ва инчунин касоне, ки тамоми танашон сард гардидааст, шаробро набояд сард бидиҳанд. Ин гуна [беморон] эҳтиёҷ бад-он доранд, ки дасту пойҳо ва меъдаашон бо равғанҳои гарми хушбӯй молиш дода, равғанмолӣ карда шаванд.
Агар беҳушӣ ба сабаби модда бошад ва агар имконият бошад, ки онро бо қаи оқибаташ сабук гузаронда, ё бо ҳуқна ва ё бо раг задан кам карда шавад, чунин кунанд.
Агар сабаб истифроғе бошад, ки аз ҷиҳатҳои дарун ояд, дасту пойҳоро гарм кунанд, молиш диҳанд ва равғанҳои гарми хушбӯй бимоланд. Гоҳе мумкин аст эҳтиёҷ ба бандпеч кардани дасту пойҳо биафтад. Ҳангоми бастани ҳар гуна истифроғ он корҳоеро иҷро кун, ки андар боби хосси он гуфта шудааст ва андар зиндатар кардани қувват бо чизҳое чорабинӣ кун, ки худ ҳамедонӣ. Чизе, ки андар ин бобат аз паси ҳайза ва барои худованди он созгор аст, ин аст, ки сукк ва мушкро андар шароб ва ё фишурдаи биҳиро бо оби гӯшти қавӣ андар шаробкарда ба кор баранд. Ӯро хоидани кундур ва гили нишопурие, ки бо кофур парварда бошанд, нофеъ аст.
Агар [беҳушӣ] ба сабаби истифроғ намудан аз ҷиҳатҳои беруние мисли арақ кардан ва (276) монанди он ба амал омада бошад, зидди он корҳо кунанд. Бинобар он дасту пойҳоро сард соз ва бар пӯст мӯрд, гили қимулиё, пӯсти анор ва дигар қабзкунандагон бипош. Албатта, моддаро ба берун ҳаракат надиҳанд. Вале ин гуна пошиданиро андар беҳушии истифроғии аз дарун буда ба кор нахоҳанд бурд, балки андар ҳар гуна беҳушии истифроғӣ бо наздик овардани бӯйҳои таомҳои иштиҳоафзой ва дигар чизҳое, ки ёд шудаанд, бояд қувватро қавӣ бисозанд. Агар сабаб дарде бошад ва агар қатъи сабаби он номумкин бошад, онро карахт созанд, чунонки қулинҷро бо филуниё ва монанди инҳо чунин қунанд. Агар сабаб заҳрҳо бошад, [ба бемор] подзаҳрҳои санҷидашуда, доруи мушк ва доруҳое, ки андар боби заҳрҳо ёд шудаанд, якқултӣ биошомонанд. Вале агар [беҳушӣ] суст буда, [бемор] андаке ҳушёр бошад, тадбири ин низ ба изофаи андаке афзоише, ки андар мисли ин гуна ҳол мумкин аст, мисли тадбири аввалӣ бувад. Мисоли андар ин [тадбир] мушоракат доштани ҳар ду ин аст, ки масалан, бояд доруҳои судманд ба ҳасби ҳолатҳое дода шаванд, ки андар боби хафақон ёд карда ва дониста шуданд ва бояд андар ин кор шитоб кунанд. Мисоли афзоиши мумкинбудаи [тадбир] андар ин ҳангом он аст, ки агар [беҳушӣ] аз сабаби пурие андар даҳони меъда [ба амал омада] бошад, кӯшиш кун, ки онро бо қай берун созӣ, зеро ин кор шифобахш аст. Ҳамчунин агар андар он ҷой пурие ҷой дошта бошад, бояд беморро гурусна бидоранд, ба кашиш ғизо бидиҳанд, варзишҳои барои чунин касон таҳаммулпазир бидиҳанд, ҳамаи андомҳо ва ҳатто меъдаву обгаҳро молиш диҳанд ва ба ҷуз шаробе, ки барои ҳолати беҳушӣ ёд шудааст ва аз он чора нест, ба бемор бо додани ғизо гаронӣ наоваранд. Бисёре аз пизишкони нодон кӯшиш мекунанд ба бемор ғизо бидиҳанд ва эшон гумон доранд, ки ин кор [ба бемор] хуб аст ва қувваташро зиндатар хоҳад кард. Бад-ин восита эшон гармии модарзодии [беморро] дамгир карда, ӯро ба ҳалокат бирасонанд. Ин гуна беморонро сикангубин ва хусусан, агар андар он доруҳое аз қабили зуфо ва ғайра ҷӯшонида бошанд, ки дорои латифифизоӣ ва бурандагист, судманд аст.
Агар сабаби [беҳушӣ] суддаҳое бошанд, ки андар андомҳои нафаскашӣ ва атрофи онҳо ба амал омадаанд, ба бемор якқултӣ сикангубин бидиҳанд ва ҳар ду соқу бозувонашро молиш бидиҳанд. Ба тозондани пешоби амсоли инҳо бипардозанд, ба эшон аз шаробҳо шароби тунук бидиҳанд ва ин ҳангоме бошад, ки агар андар ин миён ҳарорат ҷой дошта бошад. Агар [беҳушӣ] аз сабаби истифроғ ва ё нотавоние ба амал омада бошад, [ба бемор] якқултӣ оби муаттари гӯшт ва масуси нони андар шароби райҳонӣ таркардаро андар атри бо оби гул омехта ҳамроҳ намуда бидиҳанд. Гоҳе мумкин аст ӯро ошомидани дӯғи сардкарда суд бахшад. Ин корро ҳангоме кунанд, ки баробари истифроғ ҳарорат ҳам бошад. Низ оби ғӯра [бидиҳанд], вале рубби турушаи турунҷе аз он афзалтар аст, ки баргашро ҳам андар он афканда бошанд.
Умуман, ҳар киро баробари беҳушӣ тоса ва афрӯхтагӣ падид ояд ва агар [беҳушияш] аз сабаби бисёр арақ овардан ба амал омада бошад, бояд ҳар чи ки ба ӯ бидиҳанд, сард гардонида бошад, агарчи он чизе бошад, ки аз он гармифизоӣ мехоста бошанд. Яке аз чизҳои барои ӯ судбахш додани оби гӯшти сахт ҷӯшонидаест, ки бо он ба андозаи даҳяки миқдори он шароби райҳонӣ, андаке зардии хоя ва андаке фишурдаи себи ба ҳасби тақозои ҳол ё ширин, ё нордон ва ё туруш ҳамроҳ карда бошанд. Агар аз зиёд шудани гармӣ бим дошта бошӣ ва ба додани шароб ҷуръат накунӣ, [ба бемор] роиби сардгардонидае бидеҳ, ки андар он нони сафед ҳал карда шуда бошад ва ба ӯ намудҳои гуногуни масусе бихӯрон, ки бо руббҳои меваҳо омода карда шудааст.
Агар худованди беҳушӣ баробари он, ё баъд аз он ва ё ҳангоми ошомидани чизҳои сардиовар хусусан андар андомҳои дарунӣ сардӣ ҳис кунад, ба ӯ [маъҷуни] мурчӣ, худи мурч ва афсинтин бидеҳ. Гоҳе ба ӯ шароб низ бидиҳанд. Агар ҳангоми муолаҷа эҳтиёҷ ба поксозӣ афтад ва бемор ба ҳуш омада бошад, бояд ба қавӣ сохтани меъда пардохта, нахуст бо мисли шароби афсинтиние, ки бо ангубин ҷӯшонида шудааст, ба ин кор оғоз кунанд ва зимодҳои ёдшудаи қависозандаи меъдаро ба кор баранд.

пешина
аз 1215
навбатӣ