Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Баъд аз он ба бемор шароби райҳонӣ ошомонда, ғизоҳои сутуда бидиҳанд.
Илоҷи [беҳушиеро], ки ҳангоми оғози табҳо ва ба сабаби омосҳо падид ояд, андар он ҷое оварем, ки андар он ҷой илоҷи аразҳои табҳоро ёд хоҳем кард. Умуман, бояд дасту пои беморонро молиш дода, гарм созанд ва бандпеч кунанд, то ки қувват ва модда андарун нараванд. Эшонро аз хӯрдани таому шароб боз доранд ва хоб рафтан нагузоранд, магар ин ки [беҳушӣ] андар оғози [табҳо] ба сабаби нотавонӣ рӯй дода бошад. Ҳар киро аз беҳушшудагон эҳтиёҷ ба ғизо биафтад, бояд ба ӯ ду-се соат пеш аз фаро расидани навбати [таб] ғизо бидиҳанд ва бояд ғизои ӯ писти ҷави сардгардонида ва ё нон бо чизҳои нордон бошад. Бояд ба ӯ (277) хушбӯӣ бӯёнида шавад. Агар андар ин ҳол гирифтагии шикам ҷой дошта бошад, ба ӯ аз ғизоҳо чизе бидиҳанд, ки мисли сапедбоҳо ва монанди инҳо нармӣ биоварад. Ошомондани шароби себ бо сикангубин андар ин гуна ҳолат судманд аст. Агар эҳтиёҷ ба ғизоҳои латифибахш биафтад, масалан, оби гӯшт, зардии хоя ва ошомеро ба кор баранд, ки аз мағзи нон ва оби гӯшт сохта бошанд. Гоҳе мумкин аст зарурати он бошад, ки инҳоро бо андаке аз шароб биомезанд. Агар ба изофаи он эҳтиёҷ ба қавӣ сохтани меъда биафтад, бояд бо онҳо руббҳо ва фишурдаҳои меваҳои хушбӯеро биомезанд, ки қабзкунандагӣ доранд. Аммо ҳангоми навбати [таб] аз ошомидани шароб чора нест.
Беҳушии аз аразҳои нафсонӣ падидомадаро низ бо мисли чизҳои гуфташудае чорабинӣ кунанд, ки ба кор бурдани хушбӯиҳо, бастани бинӣ, қай овардан, молиш додани дасту пой ва меъда, хӯрондани оби гӯшт бо нони кок ва додани шароби сард ва ё гармкарда иборат аст. Вале агар андар мисли ин ҳолат бибинанд, ки беҳушӣ аз сабаби пайдарпай қай кардани талхаи зард ба амал омадааст, бояд шароб омехта [бо об] бошад. Ҳангоми беҳушии аз дард падидомада низ чунин кунанд. Аммо он чи ки ба қулинҷ тааллуқ дорад, мо онро андар боби [қулинҷ] ёд хоҳем кард.
Беҳушие, ки аз паси раг задан ба амал ояд, аксар вақт худовандони меъдаи сафровӣ, рагҳои танг ва меъдаи нотавон ва ё касоне, ки талхаи сафровӣ андар танашон ғолиб аст ва касонеро, ки ба хунгирӣ одат накардаанд, рӯй диҳад. Ба ин гуна шахсон бояд пеш аз раг задан баъзе руббҳое дода шавад, ки қависозандаи меъдаву диланд.
Агар эшон беҳуш шуда бошанд, кореро кунанд, ки ёд карда шуд ва ошомондани шароби омехта ва сардгардонида, хусусан бо дигар фишурдаҳо, меъдаи эшонро қавӣ сохта, муҳофазат кунад.
Бояд аз сар бигӯем, ки гоҳе ҳангоми муолаҷаи беҳушӣ ба қабз овардан эҳтиёҷ биафтад, то ки пеши истифроғҳо гирифта шавад, андомҳои сустшудаи барои ҳалшавӣ ёридиҳанда қавӣ гардонида шавад ва масалан, даҳони меъда баста шуда, чизи ба сӯяш резандаро пазируфтан натавонад ва [низ] ба қувваи зуд гузаронандае аз қабили шароб [эҳтиёҷ] биафтад, ки то рӯҳро ғизо бидиҳад. Ин ду монеи феъли якдигаранд. Бинобар ин, бояд миёни ду ҳолати истеъмоли онҳо фарқ ниҳода, доруи қабзкунандаро ҳангоми ба ҳуш омадан ва ё баъди ба кор бур

дани доруи дигаре ба кор баранд, ки барои [143] зиндатар кардани қувват ба истеъмоли он шитофта бошанд ва он андар бемор таъсир карда, зиндатаршавӣ ба амал оварда бошад. Дуввумиро ҳангоми эҳтиёҷ афтидан ба зуд зиндатарсозии қувват ба кор баранд ва доруи қабзкунандаро пеш аз он истеъмол накунанд, вагарна онро аз нуфуз кардан боз хоҳад дошт.
Гоҳе хусусан агар беҳушӣ аз сабаби гуруснагӣ ва ё ҳалшавии зиёд ба амал омада бошад, эҳтиёҷ ба додани чизе биафтад, ки беш аз шароб ғизодиҳанда бошад. Азбаски шароби сода ҳар гоҳ бар тани чунин [беморон] бидарояд, зиён оварда, боиси парешонақлӣ ва ё ташаннуҷ бигардад, бинобар ин барои эшон ҳеҷ чиз мисли оби гӯшти ёдшудае хуб нест, ки бо шароб ва ё бо фишурдаи себи ба ҳасби ду ҳолати гуногун ё туруш ва ё ширин омехта ба кор баранд.
Агар ҳеҷ боздорандае андар миён набошад, аз ҳама беҳтар он аст, ки андар ин [об], масалан, мехак ва мушк биафзоянд, зеро меъда онро хубтар бипазирад, қувваи меъда бо ёрии он сахттар ҳушёр шавад ва дил онро бештар ба сӯи худ бикашад. Гоҳе эҳтиёҷ бад-он бошад, ки агар бемор дер боз ғизо нахӯрда бошад, андар чизи ба бемор диҳанда нони сафед ҳал кунанд, дасту пояшро молиш диҳанд ва онҳоро бандпеч кунанд. Инчунин ҳангоми ҳама гуна беҳушӣ қай ангехтан судманд аст, вале на ҳангоми он беҳушие, ки аз арақ ва дигар чизҳо падид омада, ин [чизҳо] боиси ба берун баромадани рӯҳ гардида бошанд. Ин гуна [беҳушӣ] бештар ба таскин додан эҳтиёҷ дорад ва набояд [рӯҳ] ба ҷунбиш оварда шавад, ё қай оварда шавад ва ё дасту пойҳо бандпеч карда шавад. Яке аз чизҳое, ки эшонро қай оварад, оби нимгарм бо равғани [мураккаб], ё бо равғани зайтун ва ё омехта бо шароб додан бувад. Бояд пеш аз он меъда ва атрофи онро гарм созанд. Дасту пойҳоро низ бояд гарм сохт, то ки қай ба осонӣ ояд.
Бидон, ки молиш додан, гарм сохтан ва бо равғанҳои молиданӣ хушбӯй кардани дасту пойҳо ва муаттар гардонидани даҳони меъда бо чарбҳои хушбӯе аз қабили равғани нордин ва бо доруҳои гармифизояндае аз қабили хардал ва оқирқарҳо аз барои касоне, ки ба сабаби рехтани хун, ё хилт ва ё пурӣ беҳуш шудаанд ва гузашта аз ин барои бештари касоне, ки беҳушияшон аз сабаби ҳаракати хилтҳо ба сӯи берун нест, сахт созгор хоҳад буд.
Бояд соқҳо ва андомҳои чунин [беморон] якчанд бор пайдарпай бандпеч ва боз карда шаванд. Ин гуна чорабиниро ба тақозои [бастани] тарафи муқобили истифроғ пеш гиранд. Эшонро банд печидани зери бағал, пошидани оби сард ва молиш додани даҳони меъда суд дорад ва ин низ (278) барои касоне [хуб аст], ки аз истифроғ беҳуш шуда бошанд. [Инчунин додани] шароби омехта, ба шарте ки ягон монеае аз қабили омос, ё хилти нопухта, ё дарунрав ва ё сардард андар миён набошад, [судманд аст]. Касеро, ки ҳоҷат ба қависозӣ бузург бошад, низ бояд шароб биошомонӣ ва аз ин парво накун, зеро ҳангоми беҳушии вазнин чунин кунанд.
Гармоба барои касоне созгор аст, ки аз зараб ва ҳайза беҳуш шуда бошанд, вале агар беҳушӣ аз сабаби хунравӣ ба амал омада бошад, [гармоба] сахт зиён дорад. Агар беҳушӣ аз арақи зиёд падид омада бошад, низ ҳамчунин аст. Гармоба низ барои он баҳушомадагоне созгор аст, ки андар даҳони меъда афрӯхтагие ҳис кунанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ