Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ҳангоми [беҳушии] аз сабаби нотавонии даҳони меъда баамаломада бояд бар [даҳони меъда] зимодҳои қависозандае аз қабили зимоде, ки аз мастако, биҳӣ, сандал, заъфарон ва савсан сохта бошанд, бимоланд. Ҳамчунин бояд зимодеро бо шароб молид, ки аз мушк ва савсан бо шароб сохта шудааст. Вале чунин [беморон] аз молиш додани дасту пой ва бандпеч кардани онҳо сахт суд бигиранд. Беҳушии аз гуруснагӣ баамаломадаро мумкин аст як дирам нон аз байн бибарад. Навбати беҳушии аз хушкӣ ва ё аз хушкии табиат ба амал ояндаро бояд бо луқмаҳои нони андар оби анор ва ё шароби себ таркарда пешгирӣ кард.
Гоҳе ҳангоми бемориҳои тез ба сабаби беҳушӣ мумкин аст ба додани шароб эҳтиёҷ афтад ва аз ҳама созгори он шароби бемаза бувад. Худовандони беҳуширо ба ситам бедор доранд ва сухан гуфтан нагузоранд.
Фасли севвум андар баёни ногаҳон афтидани қувват

Ин аксар вақт ҳангоме рӯй диҳад, ки на ягон дарде, на исҳоле, на омоси бузурге ва на истифроғи сахте ҷой надошта бошанд. Ин ба ҳақиқат аз сабаби хилтҳои обӣ падид ояд ва кам бошад, ки он хилтҳо хунӣ буванд, зеро хун то даме, ки нахуст аразҳои дигарро падид наоварад, ҳолаш ба дараҷаи якбора афтонидани қувват нахоҳад расид. Ағлаб сабаб хилтҳои ситабри меъда ва ё рагҳо буда, онҳо роҳҳои нафасро бибанданд.
Бидон, ки афтидани қувват гоҳе ба дараҷаи беҳушӣ бирасад ва гоҳе камтар аз он буда, қувват аз асабҳо ва мушакҳо бекор шуда, онҳоро тарк карда бошад. Андар ин ҳол инсон ҷуз ба кӯшиши зиёд на ҷунбидан ва на аз ҳоли ростӣ ва ё хобидагияш берун омадан битавонад.
Сабаби ин бархе аз чизҳоест, ки мо ёд кардем. Ин ҳолат агар шиддат ёбад, қувват пурра биафтад ва агар шиддат наёбад, қувват аз мушакҳову асабҳо биафтад. Бисёр бошад, ки [афтидани қувват] хусусан ҳангоми табҳо ба сабаби тунук будани гавҳари хилтҳо ва таҳлилпазирии онҳо ба амал ояд. Феълҳои идоракунии чунин [беморон] бо вуҷуди ба такрор тез-тез рӯй додани [навбати афтидани қувват] ва таҳаммулпазирии он мумкин аст беосеб бимонанд.
Илоҷ: Илоҷи чунин беморон ба илоҷи худовандони беҳушӣ наздикӣ дорад. Илоҷи он бахш, ки аз пурии хунӣ ба амал омадааст, раг задан бувад, вале ҳангоми

оне, ки ба сабаби ягон хилти дигаре аз хилтҳои ситабр падид омадааст, бояд худованди онро ҳангоми ба ҳуш омадан бо ёрии, масалан, ёраҳо думодум истифроғ оваранд. Гоҳе мумкин аст танҳо ба истеъмоли ёраи фиқро, ки бо турбид, намаки ҳиндӣ, ғориқун, афитимун ва монанди инҳо мураккаб гардонида шудааст, қаноат варзанд. Гоҳе мумкин аст, масалан, маҳмуда аз [муолаҷаи он] бениёз бигардонад ва ин яке аз чизҳоест, ки доруҳои дигарро ба амалиёт оварад. Ҳангоми ин [беморӣ] бояд баъд аз исҳол қай ба кор баранд, пайваста [ба бемор] доруҳои қависозандаи дил бидиҳанд ва онҳоро ба эшон бибӯёнанд. Молидани дасту пой яке аз василаҳоест, ки гармии модарзодиро зиндатар кунад, чунонки борҳо ёд шуд. Баъди он варзиши муътадил ба кор баранд.
Ғизои [бемор] бояд аз қабили оби нахӯд бо хардал, равғани зайтун ва равғани бодом чизҳои латифе бошанд, ки латифифизою буранда буванд. Аз шаробҳо шароби тунуки куҳанро ба кор баранд. Баъд аз истифроғ ба гармоба кардан бипардозанд ва равғанҳое [бар тан] бимоланд, ки гармии модарзодиро зиндатару латиф созанд. Сипас баъд аз гармоба шароби холис, шароби ангубин, шароби афсинтин ва монанди инҳоро ба кор баранд. Ҳар гоҳ [бемор] ба ҳуш омадан гирад, бояд бо ғизои қувватбахшандаи зудгувор тадбир кунанд ва инро ту аз он чи ки бароят ёд карда шуд, ҳамедонӣ. Бидон, ки қувват аз ғизову шароби созгор, аз хушбӯӣ, аз осудагӣ, аз шодӣ, аз дур будан аз андӯҳу нороҳатиҳо, аз дубора ба корҳои дӯстдошта машғул шудан ва муошарат бо дӯстон афзоиш ёбад. (279) Фасли чаҳорум андар тадбири касе, ки ӯро нишонаҳои падид омадани омоси гарм андар дил зоҳир шуда бошанд

Агар ин омос омоси [пурра] шуда бувад, беморро ё
кушта бошад ва ё хоҳад кушт. Аммо агар пеш аз он хафақони бузург, афрӯхтагии шадид ва нишонаҳои ёдшуда падид оянд, пас, ӯ андар остонаи марг аст. Агар чизе
ӯро наҷот медода бошад, ин ба ҷуз задани босалиқ чизе
нест. Гоҳе мумкин аст ба умеди офият ёфтани ӯ шараёни андар бахшҳои фурӯсӯви тан бударо бизананд, синаашро бо барф, кофур, сандал ва оби кашнизи тоза сард
бисозанд ва ба вай пайваста якқултӣ барфоб бо кофур
бидиҳанд.339

пешина
аз 1215
навбатӣ