Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Аз маҳалли растани сифоқ, аз ду бар фузуние баромадааст, ки аз он ва аз шохаҳои ду раги ҷаҳанда ва ғайри ҷаҳандаи бар рӯи меъда тӯлкашида гавҳари чодарпиҳ бофта шудааст. Вай аз ду табақа ва ё ба ҳасби ҷойҳои муносиб аз якчанд табақаи пиҳие иборат аст, ки рӯи ҳам ҷойгир шудаанд. [Чодарпиҳ] ба бари ҳамвори меъда гузашта истода меъда, рӯдаҳо, испурч ва мосориқоро пӯшидааст. Ин чодарпиҳ бо вуҷуди ҷудогона будан ба ёрии меълоқҳое бо он [андомҳо] овехтааст, ки аз меъда, фурӯрафтагии испурч, аз маҳаллҳои шараёнҳои он ва аз ғуддаҳои миёни рагҳои макандаи бо номи «мосориқо» маъруф ва миёни рӯдаи дувоздаҳангушта растаанд. Лекин ин меълоқҳо кам ва нотавонанд. Гоҳе мумкин аст бо ҷигар ва паҳлуҳои дурӯғин ба таври ноаён пайваст бошад.
Ин меълоқҳо маҳаллҳои растани чодарпиҳанд, ки нахустини онҳо аз меъда бувад. Ин чодарпиҳ мисли ҷуволест, ки агар андар он чизи обакиеро бигиранд, онро нигоҳ бидорад. Агар ба таҳқиқ нигарӣ, дар ҳақиқат пӯст ва пардаи гӯштини баъди он оянда ва мушакҳои андар табақаи болоии табақаҳои мушакҳои маълуми шикам ҷойгирифта андар ҷумлаи мароқ бидароянд ва табақаи поинии табақаҳои мушакҳои шикам ҳамроҳи пардаи тунуке, ки ба ҳақиқат сифоқ аст, андар ҷумлаи сифоқҳо бидароянд.
Чодарпиҳ мисли остари сифоқҳо ва абраи меъда бувад.
Ҳамаи ин ҷисмҳо андар гармсозии меъда бо ҳам ҳамкорӣ кунанд, чунонки андар ҳимояти он низ ҳамкорӣ доранд.
Андар бахши фурӯсӯви меъда сӯрохест, ки рӯдаи дувоздаҳангушта бо вай бипайвандад ва ин сӯрохро «дарбон»
номанд. Вай тангтар аз сӯрохи барсӯвин аст, аз баҳри он ки ин гузаргоҳи чизи гуворидаи тунукгардида ва он гузаргоҳи чизи акси он бувад. Ин сӯрох то тамом шудани гувориш пӯшида бимонад ва сипас то ронда шудани чизи гуворида боз биистад.
Бидон, ки меъда аз се тариқа ғизо бигирад яке аз ин тариқ, ки ҳангоми кор кардани он ғизо андар меъда бидарояд; дуввум бад-ин гуна, ки ғизо бо рагҳои ҳангоми ташреҳи рагҳо ёдшуда ба сӯи он бигузарад; ва севвум ин, ки ҳангоми гуруснагии сахт аз ҷигар хуни сурхи покиза ба сӯи он бирезад ва ӯро ғизо бидиҳад. Бидон, ки пешиниён ҳар гоҳ «даҳони меъда» мегуфтанд, гоҳе даромадгоҳи меъдаро, яъне маҳалли тангшудаеро дар назар доштанд, ки яке аз бахшҳои аз паси сурхной оянда буда, ҳанӯз фарох нашуда бошад ва гоҳе дигар маҳалли бартари даромадгоҳеро дар назар доштанд, ки ҳадди муштараки миёни сурхною меъда бувад. Бархе онро «фуод»
ва «қалб» хонанд, чунонки баъзе одамон ё ба сабаби муштаракии ном ва ё фарқ карда натавонистан, андар сухан «даҳони меъда» гуфта, ба дил ишорат кунанд. Эшон пизишкони хеле пешгузашта буванд. Аммо Буқрот бисёр вақт «фуод» гуфта, ба ҳасби таъвил даҳони меъдаро дар назар дорад.
Фасли дуввум андар баёни бемориҳои сурхной

Гоҳе сурхнойро намудҳои гуногуни бадмизоҷӣ рӯй диҳад ва кори ӯ, ки фурӯбарист, заиф бигардад. Гоҳе ӯро ҳамаи бемориҳои афзорӣ ва муштарак биафтанд ва андар он
омосҳои гарм, сард ва сахт падид оянд. Бештар чизе, ки

аз бемориҳои афзорӣ ба амал ояд, суддаҳост. Онҳо ё ба сабаби фишордиҳандаи берунае аз қабили муҳраи беҷойшуда ва ё омоси андоми ҳамҷавор ва ё ба сабаби омосе ба амал оянд, ки андар худи сурхной ва ё андар мушакҳои онро нигоҳдоранда рӯй дода бошад. Яке аз бемориҳои муштараке, ки аксар вақт сурхнойро ориз бигарданд, рафтан ва ҷаҳидани хун аст.
Фасли севвум андар баёни чигунагии фурӯ бурдан

Бидон, ки фурӯбарӣ аз тариқи сурхной бо ёрии қувваи кашандае ба амал ояд, ки бо ёрии лифи ба дарозо буда таом кашида шавад. Андар ин кор ӯро лифи бар паҳно буда бад-ин гуна ёварӣ диҳад, ки аз паси луқма дошта, онро барои фурӯ рафтан ба фурӯсӯ ва ҳангоми қай овардан ба барсӯ фишор диҳад. Қай ҳам бо ёрии сурхной ба анҷом расад. Лекин фурӯбарӣ аз он осонтар аст, аз баҳри он ки вай ҳаракати ба равиши табиӣ буда, бо ҳамкории ду табақа ба амал ояд: яке табақаи дарозлиф ва дигарӣ табақае, ки болои онро пӯшида, лифҳояш бар паҳно бошанд. (287) Аммо қай ҳаракатест, на бар равиши табиӣ ва он бо ёрии танҳо табақаи остарии фишордиҳанда ба амал ояд.
Фасли чаҳорум андар баёни тангии гузаргоҳи луқма ва душвории фурӯбарӣ

Тангии гузаргоҳи луқма ё ба сабабе вобаста аст, ки андар худи сурхной ҷой дорад ва ё ба ягон сабаби ҳамҷавор.
Сабабе, ки андар худи сурхной бошад, ё омос аст, ё хушкии беандоза ва ё хушкидани рутубатҳо ба сабаби таб ва ғайри он бувад. Ё ин ки [тангӣ] ба ягон намуде аз намудҳои бадмизоҷии ба ифрот, афтидани қувват ва заиф шудани он, хусусан андар поёни бемориҳои тези бади ҳавлнок ва ғайра, вобастагӣ дорад. Сабаби ҳамҷавор фишори ягон чизи фишордиҳанда буда, он ё омоси мушакҳои ҳанҷара аст, чунонки ҳангоми хуноқҳо ва ғайри онҳо ва гоҳе низ ҳангоми зиқи нафас чунин бошад, ё [омоси] андомҳои гардан аст, ё ба сӯи андарун гароидани муҳра аст, ё боди гирди сурхнойро гирифтаест, ки ӯро фишор диҳад ва ё ташаннуҷ ва кузозест, ки падид омадан бихоҳад ва ё аллакай ба падид омадан оғоз карда бошад, зеро [тангии гузаргоҳи луқма] аксар вақт муқаддимаи кузоз ва шах шудан аст. Бархе аз ошноёни моро ба сабаби дармондани чизи номаълуме андар гузаргоҳи луқма душвории фурӯ бурдан рӯй дод, ки ӯро мисли хуноқ ранҷур карда буд. Сипас ӯро маниши гаштан падид омада, кирмҳои бисёре аз қабили морҳо гардонд ва баробари гардонидан фурӯбарияш осон шуда, хуноқаш аз байн бирафт. Пас маълум шуд, ки сабаб банд шудани [кирмҳо] андар он ҷой будааст.
Нишонаҳо: Оне, ки ба сабаби муҳраҳост, ҳангоми бар пушт хоб рафтан тангӣ биафзояд ва ҳангоми фурӯ бурдан ба наздики муҳраи беҷойшуда дард ҳис карда шавад.
Далели оне, ки ба сабаби бадмизоҷии заифсозанда аст, ин аст, ки муддати гузаштани луқма дароз бикашад ва ба изофаи он андар тамоми тӯли масофа сустӣ ва камҳиссии бедарде ҳис карда шавад, вале агар [бадмизоҷӣ] андар ягон бахши сурхной, ки ёридиҳандаи [фурӯравист], ҷой дошта бошад, он ҷой танг шуда, ба наздики он дармондани луқма ҳис карда шавад.

пешина
аз 1215
навбатӣ