Қонуни тиб

Агар сабаб омос бошад, бахши ба он наздики [сурхной] танг шуда, он ҷой дардманд бигардад. Омоси гарм агарчи андар бештари ҳолатҳо чандон қавӣ набошад ҳам, вале аксар бе таб нахоҳад буд. Агар омос гарм бошад, гармӣ ва ташнагӣ низ бар вай далолат кунанд. Агар омос гарм набошад, таб падид наояд. Гоҳе мумкин аст сабаб хуроҷе бошад, ки на чандон гарм бувад. Андар ин ҳолат дарди андаке ҳис карда шавад, ки ба изофаи он гоҳ-гоҳе боиси табларза ва таб бигардад. Гоҳе мумкин аст омос рим карда, бикафад ва [бемор] рим қай карда, бо ҳамин ҳолати ӯро рӯйдода сабук бигардад ва иллат ба реш табдил ёбад. Ҳангоми он тангие, ки муқаддимаи кузоз ва шах шудан аст, ҳамаи далелҳои [ёдшуда] аз он гувоҳӣ диҳанд.
Илоҷ: Агар сабаб омос ва ё бе ҷой шудани ягон муҳра бошад, илоҷаш муолаҷаи онҳост. Агар сабаб бадмизоҷӣ буда, [148] андар сатҳи даҳон афрӯхтагӣ, сӯзиш ва гармӣ ҳис карда шавад, бояд миёни ду китфро бо фишурдаҳо ва доруҳои сард марҳамбандӣ кунанд, аз ин [чизҳои ёдшуда] ошом сохта, [ба бемор] бидиҳанд ва ба ӯ дӯғи туруш ва монанди он ошомонанд. Агар сабаб сардии мизоҷ бошад, ки ин аксар вақт рӯй диҳад, бояд бо зимодҳои гармиоварандае, ки аз барои муолаҷаи меъдаи сардмизоҷ ба кор баранд, бо равғанҳо ва доруҳои чарбии гармиоварандаи андар ин бобат ёдшуда ва бо равғани баласон, равғани турб, равғани мушк ва ғайра онро муолаҷа кард. Низ бо зимодҳои гунди бедастар, уша, мурр, фаросиюн ва ғайра [муолаҷа кунанд]. Агар ба сабаби мизоҷи тари ниҳоят ковоккунанда ба амал омада бошад ва инро аз тариқи анбозии сатҳи даҳону забон бишиносанд, баъд аз пок сохтану дуруст кардани меъда, (агар бад-ин эҳтиёҷ бошад), онро бо доруҳои хушбӯйе муолаҷа кунанд, ки дорои қабзкунандагӣ бошанд. Ин гуна доруҳо, масалан, анисуни бирён, баҳман, сунбул, нордин, созаҷи ҳиндӣ, кундур ва кӯфтаи он ва мурр мебошанд. Агар эҳтиёҷ бад-он афтад, ки бо инҳо доруҳои гармкунандаи қавитар ва ба изофаи он барои шикастани гармии доруҳои гармкунанда қабзкунандагони сарди ниҳоят хушкифизое аз қабили гул, гулнор ва монанди он ҳамроҳ карда шаванд, низ чунин кунанд. Ба наздики ман ангудон аз барои ин [иллат] сахт судманд аст.
Агар сабаб хушкӣ бошад, зидди ин кор кунанд ва (288) лесиданиҳои тарифизои мизоҷро муътадилсозанда, хояҳои нимбиришт, пиҳҳо, маска ва мағзҳои устухон ба кор баранд ва тану меъдаро тадбир кунанд, зеро андар бештари ҳолатҳо сурхной аз ҷиҳати мизоҷ тобеъ ба мизоҷи даҳони меъда бувад.
Фасли панҷум андар баёни омосҳои сурхной
Онҳо мумкин аст гарми фалағмунӣ, мошароӣ, сарди балғамӣ ва сахт бошанд. Аксар вақт пазиши онҳо ба душворӣ бувад ва дер бикашад.
Нишона: Далели омосҳо ин аст, ки ҳангоми фурӯ бурдан сурхной дард кунад ва андар ғайри фурӯ бурдан дард ба сӯи паси сар гузашта, баробари он маҳалли фурӯ бурдан танг бигардад. Ҳангоми омоси гарм таби ғайри шид
датнок ба амал ояд. Гоҳе мумкин аст ҳар сари чанд вақт мисли таби якрӯзӣ дарафтад ва гоҳе аз паси он табларза падид ояд. Лекин ҳангоми чунин [омос] ташнагии сахт ва ҳарорат ба амал ояд. Ҳар гоҳ бипазад, табларза биравад. Чун бикафад, бемор рим қай кунад. Агар омос омоси гарм набошад, маҳалли фурӯ бурдан мисли тангии ҳангоми омоси гарм буда танг бигардад, вале бе ҳарорат, таб ва ташнагӣ бувад.
Илоҷ: Доруҳои он бархе ошомиданӣ ва бархе доруҳоест, ки аз берун бигузоранд. Доруҳои аз берун гузошташавандаро бояд андар миёни ду китф гузошт. Бояд доруҳо доруҳои пасгардонанда ва қабзкунандае бошанд, ки аз райҳонҳову меваҳо бар қиёси доруҳои ҳангоми муолаҷаи омосҳои меъда ба кор раванда сохта шуда бошанд. Сипас андар онҳо, масалан, уша, муқл, шоҳафсар, сақизи набатӣ ва анҷир афзуда, дар айни ҳол онҳоро аз доруҳои қабзкунанда ва аз пиҳҳо низ холӣ надоранд.
Агар инҳо суд набахшанд ва эҳтиёҷ ба таҳлили бештаре биафтад ва ё агар омос аз бех сахт бошад, бояд бо ин доруҳо доруҳои сахт ҳалкунандае аз қабили донаи даҳмаст, оқирқарҳо, қардамоно, зарованд, бехи савсани осмонгун ва баласон ҳамроҳ кунанд. Гоҳе мумкин аст аз тариқи зимод ниҳодан ба истеъмоли доруҳои кафонандаи омос, аз қабили хардал, софсиё ва ғайрае эҳтиёҷ афтад, ки андар боби кафгиракҳои синаву шуш ёд шудаанд ва ҳатто мумкин аст кор ба дараҷаи истеъмол кардани саргини кабӯтар ва ғайра бирасад.
Аммо доруҳои ошомиданӣ бад-ин гуна аст, ки ҳангоми муолаҷаи омоси гарм бояд доруҳои лесиданӣ ба кор бурд, то ки онҳо аз маҳалли [дард] пайваста ва оҳистаоҳиста бигузаранд ва бояд ба рӯзҳои аввал доруҳои аз қабили наск ва табоширро бо луоби, масалан, тухми аспғул, тухми хурфа, оби каду ва ғайра билесанд. Сипас ба истеъмоли доруҳои аз доруҳои пасгардонандаву ҳалкунанда омехтае гузаранд, ки андар онҳо андаке аз анҷир, оби бодиён ва бобуна афзуда бошанд. Сипас таркиби онҳоро афзоиш дода, андар онҳо хурмо ва шанбалит омехта кунанд. Низ ошомҳоро ба кор баранд. Нахуст ошомҳои пасгардонандаеро ба кор баранд, ки масалан, аз орди ҷав ва наск сохта, бо чизҳои бароят маълум онҳоро туруш карда бошанд ва ё туруш нокарда ба кор баранд. Ҳар гоҳ омос ба пухтан оғоз кунад, ошомҳоро мисли зағир ва монанди он барин чизҳо биафкан. Сипас андар онҳо, масалан, орди говдона ва нахӯд биафзой. Ҳар гоҳ омосро ба кафонидан расонидӣ, туро эҳтиёҷ бад-он бошад, ки ба ошомҳо қуввати бехи савсани осмонгун, бодоми талх ва фаросиюн ва андаке аз хардал, анҷир ва хурмо биафзой.
Муолаҷаи омосҳои сарди андар сурхной падидоянда: Андар ин ҳол он чизеро ба эътибор бигиранд, ки оид ба омосҳои сарди меъда гуфта шудааст ва доруҳои нармкунандаю пазонанда ба кор бибаранд. Аммо аз дарун, масалан, доруҳои лесиданӣ ва ошомҳоеро ба кор баранд, ки мо аз барои пазонидан ёд кардем, аз қабили орди говдона ва орди ҷав ва андар онҳо ангубин ва қуввати бехи савсан, бехи ширинбаён ва ғайра ҷой дошта бошанд. Аз берун бо зимодҳои пазонандае муолаҷа кунанд, ки мо онҳоро ёд кардем ва андар таркиби онҳо шанбалит, бо буна, шоҳафсар, муқл, сақизи хинҷак, уша ва бехи савсани осмонгун бидароянд ва қувваи атрҳоро дошта бошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор