Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Аммо ҳукаки ба сабаби анбозӣ буда мисли ҳукак задани касест, ки ӯро андар ҷигар ва хусусан бари фурӯрафтаи он, ё андар меъда ва ё андар пардаҳои мағз омоси бузурге падид омадааст ва ё қариб аст, ки андар пардаи мағз падид ояд, чунонки ҳангоми шикастагии то ба пардаи мағз расида ва кӯфтагии дардовари бар сар расида чунин бошад. Ё ин мисли [ҳукаке] аст, ки ҳангоми авҷ гирифтани табҳо ва ҳангоми зоҳир шудани нишонаҳои буҳрон ба амал ояд. Ин ба сабаби анбозии тан бувад. Андар бобати муайян сохтани сабаби наздики падид омадани ҳукак ҳангоми омоси ҷигар [пизишкон] тахминҳо задаанд. Касе гуфтааст: «Ин аз он сабаб аст, ки заҳра аз ҷигар ба рӯдаи дувоздаҳангушта бирезад, сипас аз он ҷо ба меъда ва аз меъда ба даҳони он ояд». Гоҳе гуфтаанд, ки сабаби он фишори омос аст ва гоҳи дигар гуфтаанд, ки сабаби он анбозии ҷигару даҳони меъда андар асаби борикест, ки миёни ҳар дуро пайваста бошад.
Агар ягон касро аз сабаби модда ҳукак буда, худ ба худ падид омада бошад, атса задан онро бартараф кунад. Агар қай кунад ва хилтро бигардонад, низ ҳамчунин бошад. Агар қай оварад, вале ҳукакаш нест нашавад, ин далели он бошад, ки ё андар меъда ва андар буни асаби аз сӯи мағз ба сӯи меъда оянда омос аст ва ё андар мағз. Ҳангоми ҳар ду [намуди омос] чашмон сурх бигарданд, вале аз якдигар бо аразҳои омосҳои мағз ва аразҳои омосҳои меъда фарқ кунанд. Ҳукаке, ки андар боби нишонаҳои буҳрон бидарояд, ба ҳасби он чи ки андар боби буҳрон баён хоҳем кард, гоҳе нишонаи хубӣ ва гоҳе нишонаи бад бошад. Андар «Китоби фусул»381 [гуфта шудааст], ки агар қай ҳукакро фурӯ нанишонад ва ба изофаи он андар чашмон сурхӣ бошад, ин нишонаи бад буда, бар омоси даҳони меъда ва ё мағз далолат кунад. Андар «Китоби нишонаҳои марги зуд фарорасанда» гуфта шудааст, ки агар худованди ҳукакро андар бари рост берун аз [ҳадди] табиӣ ва аз ғайри сабаби маълуме омос падид ояд ва агар ҳукак сахт бошад, ҷони ӯ аз сабаби ҳукак пеш аз баромадани офтоб барояд. Андар он китоб [низ гуфта шудааст]: «Ҳар киро баробари (347) ҳукак печиши ноф, қай ва кузоз ба амал омада, ҳушаш биравад, хоҳад мурд».
Нишонаҳо: Ҳар ҳукаке, ки бо қай овардан фурӯ нишинад, сабаби он чизест, ки бо гаронии худ ва ё бо кайфияти худ бар яке аз тариқаҳои ёд шуда озор бидиҳад.
Ҳар ҳукаке, ки аз паси истифроғҳо ва табҳои сӯзон падид ояд ва қай онро фурӯ нанишонад, балки афзоиш диҳад, ин гуна ҳукак аз сабаби хушкист. Аммо ҳукаки ба сабаби мизоҷҳои чи бо модда ва чи бе модда падид оянда бошад, онро аз тариқи далелҳои андар боби ҳамагонӣ ёдшуда донистан мумкин аст. Бар ҳукаке, ки аз сабаби омосҳои меъдавӣ, ё мағзӣ ва ё ҷигарӣ падид омада бошад, аразҳои ҳар яке аз инҳо далолат кунанд ва онҳо андар боби худ ёдшудаанд.
Илоҷ: Қай нофеътарин илоҷ барои он ҳукакест, ки сабабаш пурии зиёд ва ё ягон чизи бо кайфияти худ озордиҳанда бувад. Низ ҳар гуна ҳаракати сахт, ҷунбонидан, дод задан, ба хашм омадан, хурсанд шудан, якбора тарсидан, андӯҳи беандоза, бар рӯй пошидани об, ба тавре ки якбора биларзонад, ҳаракат, варзиш, савора рафтан, сурфаи ангезишёфтаро фурӯ нишондан ва бар ташнагӣ шикебоӣ кардан [ҳама судманданд]. Атсаро

андар кандани моддае, ки ҳукак оварад, таъсири бузург аст. [178] Яке аз чизҳое, ки онро бартараф кунад, нафасро муддати дароз андарун нигоҳ доштан аст, зеро ин кор гармиро ба шӯр оварда, онро барои ҷӯстуҷӯи бод ба даромадан андар масомҳо маҷбур бисозад ва хилтҳои часпакро ба ҳаракат оварда, онҳоро ҳал кунад. Хоби дароз аз барои он сахт нофеъ аст. Бандпеч кардани дасту пой, бар меъда ва бар миёни ду китф ниҳодани миҳҷама ва ҳамчунин гузоштани доруҳои сурхсозанда [ҳама судманданд]. Яке аз муолаҷаҳои аз барои ҳукаки сахти аз пурӣ падидомада ин аст, ки худованди он нахуст қай оварад ва сипас як мисқолӣ ёраи фиқро ва ё фишурдаи афсинтин ва ду донг намаки ҳиндиро гирифта, биошомад. Сипас баъди он ҳалилаи парварда ба кор барад.
Агар сабаби [ҳукак хилти] часпак бошад, бояд андар илоҷи он ба се чиз таваҷҷӯҳ кунанд: якум ҳал кардани модда ва буридани он бо ёрии, масалан, сикангубини унсулӣ; дуввум, агар бо кайфият озор медода бошад, бояд мизоҷи он [модда] гардонида, ба иътидол оварда шавад; ва севвум андаке карахт кардани ҳисси даҳони меъда, то ки озор дидани он аз сӯзонидан камтар гардад.
Қурсҳоеро сутудаанд, ки сифату нусхаи онҳо чунин аст: чаҳор мисқолӣ аз қуст, заъфарон, гули тоза, мастако ва сунбул, ду мисқол асорун, як мисқол сабр ва як мисқол афюнро гирифта, бо фишурдаи тухми аспғул маъҷун созанд ва аз он ним мисқол ба бемор бидиҳанд.
Тухми аспғул ва афюн карахт кунанд, сунбул қавӣ сохта, ҳалкунӣ оварад, асорун рутубатҳоро ба сӯи маҷроҳои пешоб гардонида, аз он тариқ берун ронад, сабр онҳоро ба сӯи маҷроҳои бироз гардонида, аз он сӯ берун кунад ва қусту заъфарон пазонанда, қавигардонанда ва гармсозанда буванд. Бад-ин сабаб ин қурс ҳангоми ҳукаки сахт ва нимгардон шудани нафс ниҳоят нофеъ аст. Агар ҳукак куҳану доманадор шуда бошад, онро равғани кокана ба таври санҷидашуда суд дорад.
Як ошомидании он як кафча ва бо оби гарм бувад. Яке аз чизҳои аз барои ин ғараз судманд ҷӯшонидаи занҷабил андар оби пониз бувад. Агар ҳукак шиддат ёфта, доманадор бигардад, ба маъҷунҳо ва гуворишҳое аз қабили [маъҷуни] зирагӣ бо оби нимгарм эҳтиёҷ биафтад.
Балки гузашта аз ин мумкин аст ба маъҷунҳои сахт бузург ва ба тарёк ниёзмандӣ падид ояд. Филуниёро андар ин бобат суди бузург аст, зеро он ба изофаи қавӣ сохтан, ҳал кардан ва рондан дорои хусусияти карахткунист. Аз ҳаббҳо, масалан, ҳабби сакбина ва ҳабби устумахиқун [ҳукакро] нофеъанд. Қурсҳои «ситора» аз барои ҳукак сахт судманд буванд.
Доруҳое, ки аз барои муолаҷаи ҳукаки аз моддаи сард ва ё мисли он падидоянда суд доранд, инҳост: судоб ва натрун, ки ҳар дуро бо шароб ошоманд; низ оби карафс; сиркои унсулӣ; пудинаи обӣ (ҳабақи обӣ); асорун, нордин; марзангӯш; ангудон, ки ҳатто агар бибӯянд, ҳукакро фурӯ нишонад; зарованд; тухми газари даштӣ; анисун; занҷабил; росани хушккарда; фишурдаи алафи гулӯдард; созаҷ; ваҷ; ва бӯмодарон. Инҳоро чи сода ва чи мураккаб [ба кор баранд]. Доруҳои лесидании аз инҳо сохташуда назар ба доруҳои ошомиданӣ, ки якбора ба қаъри меъда бираванд, меъдаро созгортаранд ва дертар биистанд. Гунди бедастарро андар ин бобат хосияти аҷиб аст. Аз он ним дирам гирифта, андар сеяки як сукарраҷа сирко ва аз се ду ҳиссаи як сукарраҷа об биошоманд. Яке аз чизҳое, ки аз барои ин сахт судманд аст, (348) ошомидани ҷӯшонидаи зерин аст: аз бӯмодарон, пудинаи кӯҳӣ ва мастако бахшҳои баробар гирифта, андар об биҷӯшонанд ва онро бо шароб биошоманд.

пешина
аз 1215
навбатӣ