Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Низ се уқия мастако, дорчинӣ ва унсулро гирифта, андар як қист сирко биҷӯшонанд ва аз он кам-кам як чанд рӯз биошоманд. Инчунин аз барои [ҳукаки] тари сард натрунро бо оби ангубин ба кор баранд. Низ хуланҷонро бо ангубин сиришта, аз он саҳару бегоҳ ба қадри як ҷавза ба бемор бидиҳанд. Дигар, як доруест, ки таркибаш чунин аст: ду дирамӣ аз қуст, сабр, гӯргиё, наммоми хушк, пудинаи рӯдӣ, наъно, судоб, тухми карафс, кундур ва асорун ва ним дирамӣ аз афюн382 ва гули хушк бигиранд. Кабари андар сирко хобондаро андар ин бобат сутудаанд. Гоҳе ин доруҳоро ба кор бурдани доруҳои атсаоваранда ёварӣ кунанд.
Агар сардии [мизоҷ] сода бошад, доруҳои ёдшуда аз барои он суд бахшанд. Онҳоро бо сирко ва об биошоманд. Бо онҳо гардан, сари сина ва зери сари паҳлуҳоро тило кунанд ва ё онҳоро бо равғани зайтуни куҳан, ё равғани бобуна ва ё бо равғани хиёри даштӣ383 бар сари сина ва гардан бимоланд. Ҳамчунин ҳамаи равғанҳои гарм худ ба танҳоӣ ва хусусан равғани бобуна ва ё равғане, ки андар он гунди бедастар, зира ва ангудон ҷӯшонида бошанд, ҳама судманданд. Ё аз гунди бедастар ва қуст якуним дирамӣ ва аз фатросолиюн як дирам гирифта, бо оби сисанбар384 ва ё бо ҷӯшонидаи пудина, анисун ва мастако [ба бемор] бидиҳанд. Ё пӯсти берунии сурхи пистаро бо бехи гӯргиё гирифта, андар об биҷӯшонанд ва аз пухтакови он биошоманд. Бархе аз [пизишкон] гуфтаанд, ки агар пӯсти шукуфаи хурморо хушконида, бисованд ва аз он ба қадри як мисқол бо оби розиёна ва тухми судоб биошоманд, сахт судманд бувад, вале гумон намекунам, ки [ҳукаки] аз сабаби сардӣ бударо суд бахшад.
Ҳар гоҳ ҳукак шиддат ёфта, доманадор бигардад, аз гузоштани миҳҷамаи бе буриш бар меъда ва аз паси он ба кор бурдани доруҳои сурхсозанда чора нест. Аз барои ҳукаке, ки аз боди андар даҳони меъда, ё андар меъда ва ё андар сурхной бандгардида падид меояд, ба кор бурдани гармоба ва хӯрдани як миқдор кундури суда бо об судманд аст. Сипас аз болои он ба бемор кам-кам як қултӣ оби гарм бидиҳанд. Росани хушконида андар ин бобат бағоят хуб аст. Агар [ҳукак] аз сабаби хилти сӯзонандаи андар он ҷой падидомада ва ё бад-он сӯй рехташуда ба амал омада бошад, худованди онро агар имконият бошад, бо доруҳое ба қай овардан маҷбур кунанд, ки мисли ӯро қайоваранда бошанд ва ё бо мисли ёра бо сикангубин ва ё шароби афсинтин исҳол оваранд. Гоҳе мумкин аст, ӯро ошомидани сирко ва об ва як қултӣ хӯрдани маска ва ё равғани бодом бо оби гарм кифоят кунанд. [Бемор] бояд ба хоб рафта, ҳар қадар, ки мумкин бошад, бештар бихобад. Ҳамчунин оби ҷав ва хусусан бо оби анори ширин ва моил ба ширинӣ ниҳоят судманд аст. Оби ҳар ду навъи анор низ ба сабаби поксозӣ ва қувватбахшияшон суд бахшад.
Агар сабаби [ҳукак] хушкии оризшуда бошад, илоҷаш ин аст, ки ба ошомидани шири навдӯшида, обҳои нимгарм бо равғани бодом ва равғани каду, сипас ба ошомидани оби ҷав, оби каду, оби бодранг ва луобҳои сард бипардозанд. Инчунин бо онҳо аз берун [андомҳо] ва пайвандгоҳҳоро чарб кунанд ва обзан ва дигар чизҳо ба кор баранд. Аммо ҳангоми ҳукаки аз паси қай баамаломада, агар бемор ҳис кунад, ки боқимондаи хилт озор

медиҳад ва ба изофаи он андаке маниши гаштан ҷой дошта бошад, ӯро ба як чанд бор думодум атса задан маҷбур соз ва пеш аз ин ба ӯ ягон чизи хилтро лағжонандаи аз қабили рубби олу ва хурмои ҳиндӣ бидеҳ ва хусусан агар ба ӯ газидани хурмои ҳиндӣ фармоӣ, [беҳтар хоҳад буд]. Агар бемор чунин ҳолро ҳис накунад, балки азҳамкашидагӣ ҳис кунад, даҳони меъдаро бо марҳамҳои муътадил зимод кун ва ба ӯ ошомҳои нармкунандае бидеҳ, ки андар онҳо чизҳои ғашёнангез набошанд, балки андар онҳо ягон чизи ғизобахше аз қабили дилаи гандум, ягон чизи таскиндиҳандае мисли равғани бодом, ягон чизи хушбӯйсозандае мисли кашниз ва ягон чизи қависозандае мисли оби мурғчӯҷа мавҷуд бошанд. Ҳангоми ҳукаке, ки аз омоси ҷигар ва ғайра падид ояд, бояд омос муолаҷа карда шавад, агар эҳтиёҷ ба раг задан афтад, раг бизананд ва меъдаву даҳони онро, масалан, об, оби анор, оби ҷав, оби коснӣ ва зимодҳо ба иътидол оранд.
Фасли ёздаҳум андар баёни ҳолатҳое, ки мароқ ва сарҳои паҳлуҳоро ориз бигарданд

Гоҳе андар ин ноҳияҳо ба сабаби моддаҳои андар он ҷойҳо буда паридан ориз бигардад. Гоҳе мумкин аст ин [моддаҳо] бад буда, офати онҳо ба сӯи мағз бигузарад ва аз он, чунонки гуфтем, молихулиёи заҳравӣ (349) ва саръи заҳравӣ падид оянд. Гоҳе навъе аз ин паридан ба наздики даҳони меъда ва ё андар худи он ба амал омада, шабеҳ ба хафақон бошад. Бисёр бошад, ки [мароқро] дамиши доимӣ ва гароние падид ояд, ки аз ҷиҳати далолат ба [паридан] наздикӣ дорад ва мумкин аст бар омосҳои дарунӣ далолат кунад. Ҳар гоҳ ҳис карда шавад, ки мароқ ва сари паҳлуҳо ба боло кашида шудаанд, ин гоҳе бар қай гувоҳӣ диҳад. Ҳангоми табҳои тез [179] шояд ба сардарди падидоянда, ё хуни бинӣ, ё қай, ба тавре ки андар ҷои худ мо инро муфассал баён хоҳем кард ва ё ба гузаштани моддаи омос ба сӯи боло далолат кунад. Агар кашидагии онҳо ба сӯи поин ва ноҳияҳои ноф бошад, ин далели ба фурӯсӯ гузаштани [модда] ва омадани исҳол бувад ва ин далелро печиши ноф тақвият диҳад.
Ба сӯи боло кашида шудани сарҳои паҳлуҳо яке аз ҳолатҳоест, ки аксар вақт ҳангоми табҳои вабоӣ рӯй диҳанд. Гоҳе ин ба сабаби хушкие бошад, ки аз гармӣ ва ё сардӣ вобаста аст ва гоҳе мумкин аст ба сабаби омосҳои дарунӣ, агарчи инҳо андар бахшҳои поёнӣ бошанд ҳам, падид ояд. Аммо он омосҳое, ки андар бахшҳои барсӯвин ба амал оянд, ба сабаби ҳам хушкӣ ва ҳам тангӣ овардан [сари паҳлуҳоро] ба сӯи боло бикашанд.
Ин гуна дамиш ҳангоми бемориҳои гарм бад аст ва он ярақони ҷигариро ҳамроҳӣ кунад. Гоҳе ин андомҳо, яъне сарҳои паҳлуҳо ва мароқро ба сабаби бемориҳои ҷигар, бемориҳои испурч омосҳои мушакҳо ва ҳангоми табҳо ва буҳронҳо дардҳои сӯзанда ва дардҳои азҳамкашанда падид оянд.

пешина
аз 1215
навбатӣ