Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

КИТОБИ севвум (II)

андар баёни
бемориҳои ҷузъии
инсон, ки ҳар як
андомро аз сар то пой
падид оянд
Фанни чаҳордаҳум
АНДАР БАЁНИ
ҷигар ва ҳолатҳои он,
ки аз чаҳор мақола иборат аст
Мақолаи нахустин
АНДАР баёни ҳолатҳои ҷигар
Фасли нахустин
андар баёни ташреҳи ҷигар

Ҳарчанд мосориқо ба иллати қуввати ҷигар доштан килусро то андозае ба хун бигардонад, вале маҳз ҷигар он андомест, ки падид омадани хунро ба анҷом бирасонад. Хун ба ҳақиқат ғизои ба шакли ҷигаре гардида аст, ки гӯшти сурх буда, гӯӣ хун аст, вале баста. Вай аз лифи асаб холист ва андар он рагҳое паҳн гардидаанд, ки онҳо аслҳои чизи аз ҷигар рӯида буванд ва андар он мисли лиф пароканда шудаанд, чунонки андар боби ташреҳи рагҳои ором донистӣ. [Ҷигар] килусро ба миёнчии шохаҳои дарвоза, ки «мосориқо» ном дошта, аз бари фурӯрафтаи он растаанд, аз меъда ва рӯдаҳо бикашад ва онро андар хеш ба хун пухта расонида, ба миёнчии раги дарунтиҳие, ки аз сӯи кӯжии он растааст, ба сӯи тан равона кунад, бахши обияшро аз кӯжӣ ба сӯи гурдаҳо, сарҷӯши зарди онро аз тариқи бари фурӯрафта аз болои дарвоза ба сӯи заҳра ва дурди савдовиро низ аз тариқи бари фурӯрафта ба сӯи испурч бифиристад. Он бахши ҷигар, ки аз сӯи меъда аст, фурӯрафта гардонида шудааст, аз баҳри он ки то бар кӯжии меъда хубтар нишинад ва он бахш, ки аз сӯи ҳиҷоб аст, кӯж гардонида шудааст, то бар ҳиҷоб маҷоли ҳаракат танг наояд. Гузашта аз ин [ҳиҷоб] дар як нуқта наздик аст, ки ба [ҷигар] бирасад. Яъне ӯ ба наздики раги бузурги аз [ҷигар] раста ба он бипайвандад ва ин ба ҳам расидани онҳо қавист. [Ин бахши ҷигар низ] аз баҳри он [кӯж гардонида шудааст], ки то паҳлуҳои бар болои он хамида ӯро хубтар фаро бигиранд.
[Ҷигар] бо пардаи асабие печида шудааст, ки аз асаби хурди ба сӯи ӯ оянда падид омадааст, то ба ӯ ҳис бибахшад, чунонки мо инро андар [боби] шуш баён кардем. Ин ҳис аз ҳама беш андар бари фурӯрафта зоҳир аст. Ин [парда низ] аз баҳри он аст, ки то ҷигарро бо дигар андомҳои андарунин бипайвандад. Ба сӯи [ҷигар] раги ҷаҳандаи хурде омада, андар он густариш ёфтааст, ки ба сӯи он рӯҳ биоварад, гармии модарзодияшро нигоҳ дорад ва бо ҷаҳиши хеш онро муътадил бигардонад. Ин раг аз баҳри он ба сӯи бари фурӯрафта гузаштааст, ки [бахши] кӯжии [ҷи

гар] худ ба худ аз тариқи ҷунбиши ҳиҷоб рӯҳ бигирад.
Аз барои хун андар ҷигар на фазои фарохе, балки шохаҳои густурдаи [рагие] офарида шудааст, ки то ҳамаи онҳо килусро бештар фаро бигиранд ва бахшҳои гуногуни килус пурратару зудтар зери таъсири [ҷигар] бошанд. Он рагҳое, ки ба ҷигар пайвастанд, пардаҳои тунуктар доранд, то ки таъсири бахши гӯштии [ҷигарро] ба килус зудтар бирасонанд. Пардае, ки ҷигарро фаро гирифтааст, ӯро бо пардаи рӯдаву меъдаро печидае бипайвандад, ки мо онро ёд кардем Низ ӯро бо пайванди бузургу қавие бо ҳиҷоб ва аз сӯи пас бо пайвандҳои борику хурди дигаре бо паҳлуҳо баста бувад.
Миёни ҷигар ва дил бо раги ҳар дуро пайвасткунанда пайваста аст, ки онро донистӣ ва ба ҳасби ду равия аз дил ба сӯи ҷигар ва ё аз ҷигар ба сӯи дил раста бувад. Пайванди ин раг низ бо ҷигар ба тавассути пардаи сахти ситабре устувор гардонида шудааст, ки он аз болои ҷигар бигузарад. (350) Тарафи аз ҳама тунуктари он ҳамон тарафест, ки аз сӯи даруни [ҷигар] ояд, зеро он ба иллати тамос доштан бо андомҳои тунук аз эминии бештаре бархурдор бувад. Ҷигари инсон аз ҷигари ҳар гуна ҳайвоне бузургтар аст, ки ба андоза қарини ӯст. Гуфтаанд, ки ҳайвоне, ки бештар ғизо бихӯрад ва дилаш заифтар бошад, ҷигараш ҳамон андоза бузургтар бувад.
Миёни ҷигар ва меъдаро асабе пайваста аст, вале он борик бувад. Бинобар он ин ду [андом] ҷуз ба ҳангоми ягон ҳолати бузурге аз қабили омосҳои ҷигар ба ҳам анбозӣ накунанд. Нахустин чизе, ки аз ҷигар растааст, ду раг бошад. Яке аз онҳо аз бари фурӯрафтаи [ҷигар] раста, бештар манфааташ аз кашидани ғизо ба сӯи ҷигар иборат аст ва онро «дарвоза» хонанд. Раги дигар аз бари кӯжии [ҷигар] раста, манфааташ аз расонидани ғизо аз ҷигар ба [дигар] андомҳо иборат аст ва «раги дарунтиҳӣ» ном дорад. Мо ташреҳи ҳар дуи инро андар Китоби нахустин баён кардем1. Ҷигарро фузуниҳоест, ки бо ёрии онҳо меъдаро фаро гирифта, ба он часпидааст, чунонки чизи андар қабза бударо бо ангуштон фаро бигиранд. Бузургтарини фузуниҳои ӯ фузуниест, ки бо номи «фузунӣ» махсус гардонида шудааст ва заҳрадон бар вай ниҳода буда, кашидагии он ба фурӯсӯст.

пешина
аз 1215
навбатӣ