Қонуни тиб

Маҷмӯи фузуниҳои ҷигар чаҳор ва ё панҷ фузунист.
Бидон, ки ҷирми ҷигар на андар ҳамаи мардумон бо паҳлуҳои пушт часпида ва ба онҳо сахт такя дорад, ҳарчанд андар бештари эшон чунин бувад. Анбозӣ ба ҳасби ин [ҳолат] аст, яъне муроди ман анбозии ҷигар бо паҳлуҳои пушт ва ҳиҷоб бувад. Бахши гӯштии ҷигарро ҳеҷ ҳис нест, вале он бахши ӯ, ки аз сӯи парда аст, ба сабаби аз бахшҳои пардаи асабнок андаке аз [ҳискунӣ] ҳосил намудан дорои ҳис бувад. Бинобар он ин анбозӣ ва ҳукмҳои он андар мардумон ба гунаҳои мухталиф аст. Ту донистӣ, ки хун андар ҷигар падид ояд ва андар он заҳраи зард, савдо ва бахши обӣ ҷудо карда шаванд. Гоҳе ҳолати ин ду [амалиёт] вайрон бигардад: гоҳе ҳолати падидоии хун вайрон гардаду вале ҳолати ҷудошавии [заҳра, савдо ва об] вайрон нагардад. Ҳар гоҳ [ҳолати] ҷудошавӣ вайрон гардад, ҳолати падидоии хуни хуб низ вайрон хоҳад шуд.
Гоҳе вайрон шудани [ҳолати] ҷудошавӣ на ба сабаби ҷигар, балки ба сабаби андомҳоест, ки чизҳои ҷудошударо аз [ҷигар] бикашанд. Андар ҷигар ҳар чаҳор қувваи табиӣ мавҷуданд, лекин бештари қувваи гуворанда андар бахши гӯштӣ ва бештари қувваҳои дигар андар ғайри2 [бахши гӯштӣ] ҷой гирифтаанд. Аз эҳтимол дур нест, ки ҳамаи ин қувваҳо андар мосориқо мавҷуд бошанд. Вале бархе аз баъд омадагон [ақидаи] пешиниёнро рад карда гуфтааст: «Ҳар кӣ барои мосориқо қувваи кашанда ва қувваи нигоҳдоранда қоил шуда бошад, хато кардааст, чаро ки [мосориқо] роҳи чизи кашидашаванда аст ва раво нест, ки дорои кашиш бошад». Ӯ андар ин бобат ҳуҷҷатҳое овардааст, ки ба ҳуҷҷатҳои заифи андар ҳар бобат меовардаи ӯ монандӣ доранд ва гуфтааст: «Агар мосориқро қувваи кашанда мебуд, онро қувваи гуворанда низ мебуд, лекин онро қувваи гуворанда нест. Чӣ гуна онро қувваи гуворанда бошад, ки ғизо андар он ба андозаи мунфаил гардидан таваққуф намекунад?» Ӯ [давом дода], гуфтааст: «Агар онро қувваи кашанда мебуд ва ҷигарро низ мебуд, гавҳари ҳар ду ба иллати якхелагии кувваҳо, албатта, якхела мебуд».
Ин шахси нотавонназар надонистааст, ки агар қувваи кашанда андар маҷрое бошад, ки аз тариқи он кашида мешавад, бештар кумак хоҳад кард. Ҳамчунин агар қувваи ронанда андар маҷрое бошад, ки аз тариқи он ронда мешавад, чунонки андар рӯда чунин бувад, ин [низ] бештар ёварӣ хоҳад кард. Вай будани қувваи кашандаро андар сурхной, ки он маҷрост, фаромӯш кардааст ва надонистааст, ки агар андар бархе аз гузаргоҳҳо қувваи кашанда бошад, вале қувваи гуворанда на чандоне бошад, ки қобили эътибор бувад, чандон боке надорад, зеро андар онҳо на ба гуворидан, балки ба кашидан ниёзмандист. Ӯ фаромӯш кардааст, ки килус андар мосориқо то андозае дигаргун бигардад ва мавриди инкор нест, ки сабаби он қувваи гуворандаи андар мосориқо будааст ва андар он қувваи нигоҳдоранда [низ] ҳаст, ки агарчи зиёд ҳам набошад, андаке нигоҳ ҳамедорад.
Ӯ фаромӯш кардааст, ки намудҳои лиф аз барои корҳои муайян ҳархелаанд ва номумкин донистааст, ки андар чизе як миқдор гувориш бошад, ки гузариш аз он зуд ба
амал меояд. Вале ин номумкин нест ва пизишкон гуфтаанд, ки андар худи даҳон як андоза гувориш ҳаст ва эшон андар рӯдаи тиҳӣ будани қувваи рондан ва гувориданро инкор накардаанд, ҳол он ки вай андомест, ки чизи андар хеш доштаро зуд тиҳӣ ҳамесозад. Ӯ фаромӯш кардааст, ки равост гавҳарҳои андомҳо гуногун бошанд, вале онҳо андар кашидани ягон чизе, ҳарчанд [чизи кашидашаванда] аз тариқи ягон чиз ба ҳамаи андомҳо биравад, ба ҳам муттафиқ бошанд. Ӯ фаромӯш кардааст, ки кашидани аз ҳама бештари ҷигар бо ёрии лифи рагҳои ӯст, ҳол он ки вай бо гавҳари мосориқо ҳамҷинс буда, аз он чандон фарқ надорад. [Бибинед], ин мард андар ҳукми хеш чи андоза хато кардааст.
Аммо он чи ки Ҷолинус гуфтааст, мурод аз он кашиши нахустини қавии андар ҷое вуҷуддошта аст, ки он ҷой саргаҳи як андоза ҳаракати қобили эътибор бувад.
[180] Ғаразаш (351) дармонкунандаеро аз ақидааш гардонидан аст, ки аз ғайри пардохтан ба муолаҷаи ҷигар танҳо ба муолаҷаи мосориқо кифоят кунад. Далели ин гуфтаи [зерини Ҷолинус] аст: «Ҳар кӣ ҳангоми ин иллат ба муолаҷаи мосориқо пардозад ва муолаҷа кардани ҷигарро тарк кунад, мисли касе бошад, ки бар зимод ниҳодани пои ба истирхо гирифторе бипардозад, ки аз сабаби офати андар ҳароммағзи пушт афтода рӯй дода бошад ва муолаҷаи мабдаъ ва асл, яъне ҳароммағзро тарк кунад». Ин буд гуфтаи Ҷолинус, ки бо он гуфта алоқаманд аст. Ту худ медонӣ, ки пой аз қувваҳои табиӣ холӣ нест ва ин қувваҳо қувваҳои ҳаракатдиҳанда ва ҳассосеанд, ки аз ҳароммағз буванд. Вале фарқ миёни қувваи пой ва қувваи ҳароммағз ин аст, ки қувваҳои ҳассос ва ҳаракатдиҳанда барои яке аз ин ду андом аввалӣ ва барои дигаре дуввумианд.
Ҳоли мосориқо чунин аст ва он низ аз қувва, ҳарчанд сарчашмаи он ҷигар бошад ҳам, холӣ нест. Чӣ гуна [аз қувва холӣ] бошад, ки он то андозае афзор аст. Афзорҳои табиие, ки бо ёрии онҳо на ба тариқи ҳаракати маконии мисли андар мушакҳо буда аз ҷои дур [чизҳо] кашида мешаванд, аксар вақт аз қуввае холӣ нестанд, ки андар онҳо сироят дорад ва бо чизи таҳти таъсир қароргирифта дучор ояд. Ҳатто оҳан бад-ин гуна аз мағнотис мунфаил бигардад, ки бо он оҳани дигарро кашидан битавонад ва ҳавои миёни оҳан ва мағнотис ба наздики аксари аҳли таҳқиқ низ чунин бувад.
Фасли дуввум андар баёни роҳҳое, ки аз тариқи онҳо бар ҳолатҳои ҷигар огоҳӣ пайдо кунанд
Аз ҳолатҳои ҷигар гоҳе бо ёрии ламс кардан огоҳӣ пайдо кунанд, чунонки гоҳ-гоҳ ба ҳамин тариқ аз омосҳои
он низ огоҳӣ ҷӯянд. Инчунин аз тариқи дардҳои хоси он,
ё бо ёрии феълҳои аз он содиршаванда ва ё аз тариқи анбозӣ бо андомҳои бад-он наздик мисли меъда, ҳиҷоб, рӯдаҳо, гурдаҳо ва заҳрадон огоҳӣ пайдо кунанд. Ё мумкин аст аз тариқи анбозии андомҳои аз он дуртар мисли
ноҳияҳои сар ва мисли испурч далел бигиранд. Гоҳе бо
ёрии ҳолатҳои ҳамагонии тамоми тан, аз қабили ранг,
намуди зоҳирӣ ва чигунагии эҳсоси басовандагӣ огоҳӣ
пайдо кунанд. Ё мумкин аст бо ёрии он чи ки аз мӯй ан дар ноҳияҳои он растааст, бо ёрии он чи ки аз қабили рагҳои варидӣ аз вай растаанд, аз тариқи ҳайати андомҳои дигар, аз тариқи он чи ки андар вай раста ва аз он паҳн гардидааст, бо ёрии чизҳои мувофиқ ва мухолиф, аз тариқи синнҳо, одатҳо ва он чи ки бад-он алоқаманд аст, [аз ҳолатҳои ҷигар] огоҳӣ пайдо кунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор