Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Фанни бистуякум
АНДАР баёни
бемориҳои заҳдон,
ки аз чаҳор мақола иборат аст
Мақолаи нахустин
андар баёни [ҳолатҳои] ҳамагонӣ
ва андар баёни боҳ
Фасли нахустин
андар баёни ташреҳи заҳдон

Мо бигӯем: афзори зоише, ки занонрост, заҳдон аст
ва он андар асли офариниш ҳамшакли он афзори зоишест, ки мардонро бувад ва он иборат аз закар ва чизҳои бо он вобаста бувад. Лекин яке аз инҳо пурра ва ба
сӯи берун баромада аст ва дигарӣ ноқис ва ба андарун
баста буда, чунон аст, ки гӯӣ афзори бозгунаи мардон
аст. Гӯё пӯсти хоя пардаи заҳдон ва нара гардани заҳдонанд. Ду хояи занон чун хояҳои мардонанд, вале андар мардон бузурги барҷаста ва дарозрӯяи моил ба гирдиянд. Андар занон бошад, онҳо хурд, гирда ва ниҳоят
моил ба паҳноӣ (муфартаҳ) буда, андар фарҷ пинҳонанд
ва андар ду сӯи он ҷойгир буда, ҳар як сӯеро як тухмист. Онҳо аз ҳам ҷудо буда, ҳар кадомро (556) пардаи
хос аст ва андар як киса ҷамъомада нестанд. Пардаи ҳар
яки онҳо асабист. Чунонки мардонро андар миёни тухм
ва миёни партовгоҳи буни нара мӯриҳои манӣ ҷой доранд, ҳамчунин занонро [286] андар миёни хояҳо ва партовгоҳи ба сӯи заҳдон буда мӯриҳои манӣ ҷой доранд,
лекин онҳое, ки мардонрост, бо эҳтиёти тамом аз тухм
баромада ба сӯи боло бираванд ва андар мағокие бидароянд, ки бандаки тухм аз он ҷой фуруд омадааст. Сипас, дубора ба вуреб фуруд омада, печу хамҳое ба худ
бигиранд, ки андар онҳо манӣ бипазад ва баргашта, дубора то ба маҷрое рафта, аз ду бар бидароянд, ки андар
буни закар ҷой дорад. Андар наздикии он сари гардани
обгаҳ низ ба андаруни маҷро бидарояд. Ин [гардана]
андар мардон дароз ва андар занон кӯтоҳ аст. Мӯриҳои
манӣ андар занон аз сӯи ҳар ду тухм ба сӯи [устухони]
тиҳигоҳ майл намуда, мисли ду шохи чанбарӣ ба тарафи мезанойҳо нигаронанд ва ду сари онҳо ба ҳар ду пайғулаҳо пайваста гардидаанд. Онҳо ба ҳангоми ҷимоъ
таранг шаванд ва гардани заҳдонро аз тариқи кашидан
ба ду сӯй аз барои пазируфтан рост кунанд ва он фарох
шуда, кушода шавад ва маниро фурӯ барад. Инҳо кӯтоҳтар аз ҳамин гуна [мӯриҳои манӣ]партояндаеанд, ки
андар мардон ҷой доранд ва фарқашон аз ҳам андар ин
аст, ки мӯриҳои манӣ андар занон бо тухмҳо пайваст

гардида, андар ду фузунии шохмонанд чизе бидарояд, ки аз ҳар як тухм раста аст ва маниро ба сӯи ҷойгоҳ партояд. Ин ду [чизи растаро] «маниафканҳо» номанд. Мӯриҳои манӣ андар занон барои он бо тухмҳо пайвастаанд, ки мӯриҳо андар занон аз ҷиҳати нармӣ ба тухмҳо монандӣ доранд. Ба сахт будани онҳо ва сахт будани пардаи онҳо эҳтиёҷ нест, аз баҳри он ки онҳо паноҳанд ва эҳтиёҷ ба андохтани дур надоранд. Аммо андар мардон бошад, онҳо бо тухмҳо хуб пайваст нестанд ва агар чунин мебуданд, ҳангоми азҳамкашида шудан ба иллати сахтии хеш тухмҳоро ранҷ меоварданд. Баръакс, андар миёни онҳо миёнчие андаромада аст, ки «эфидидимус»156 ном дорад, яъне ба наздики пизишкон маҳалли ба андарун партояндаи [манист].
Андар шиками заҳдон як тавқи гирдашакли асабист ва сипас андар миёни он чизе мисли тасма вуҷуд дошта, бар вай фузуниҳое чун бавосир растаанд. Заҳдон дорои рагҳои бисёре офарида шудааст, ки аз рагҳои мо ёдкарда панҷа зада растаанд, то ки аз барои ҷанин андар он ҷой захирае ва барои хуни ҳайз баромадгоҳе бошад. Заҳдон ба сутуни пушт бо бандакҳои қавии бисёре баста шудааст, ки ба сӯи ноф, обгаҳ, устухони паҳна ва ҳатто боло аз он рафтаанд, лекин онҳо нарманд. Бархе аз ин бандакҳо аз он асабҳо ва рагҳое раста, ба заҳдон пайвастаанд, ки андар боби ташреҳи асаб ва рагҳо ёд шудаанд. Заҳдон аз гавҳари асабие сохта шудааст, ки ба ҳангоми [бача] доштан ҳамеёзад ва ба ҳангоми ниҳодани он ҷамъ шуда, ниҳоят хурд мешавад. Тиҳигоҳи он танҳо баъд аз тамомият ёфтани болиш пурра бигардад, чунонки ҳаҷми пистонҳо ҷуз баъд аз тамомият ёфтани болиш тамомият наёбад, аз баҳри он ки агар пеш аз он тамомият ёбад, бекор бимонад ва бад-он ниёзмандие набошад. Бинобар ин заҳдони дӯшизагон хеле хурдтар аз обгаҳ157 аст. Заҳдони одамиён ду тиҳигоҳ дорад ва [тиҳигоҳи заҳдони] ғайри одамӣ ба шумораи чочҳои пистони ӯст. Ҷойгоҳи он аз паси обгаҳ аст ва аз боло бар вай чунон ниҳодааст, ки обгаҳ бо гардани хеш аз зер ва рӯда аз пеш онро иҳота кардаанд, то ки барои ӯ аз ду бар оромгоҳу фарши нарме бувад ва андар паногоҳи боэътимоде ҷой дошта бошад. Ғарази на хустин аз ин [эҳтиёткорӣ] на худи заҳдон, балки ҷанин аст.

пешина
аз 1215
навбатӣ