Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Инчунин: мурч, донаи даҳмаст, бура, мум ва равғани зайтуни куҳанро гирифта, аз онҳо марҳам созанд ва бар [фатқ] биниҳанд.
Низ: хокистари [чилғӯзаи] булутро гирифта, бо равғани зайтуне маъҷун созанд, ки аз тариқи ҷӯшонидан ба қивом оварда бошанд, зимод кунанд, ниҳоят судманд бувад. Инчунин: сиҳ дирам натрун, шаш уқия мум, шаш уқия равғани зайтун, сад дона мурч ва ҳаштод дона донаи даҳмастро гирифта, аз он зимоди монда бисозанд.
Гоҳе муқли арабӣ бо оби даҳони инсон истисқои обии хояи кӯдаконро ҳал кунад.
Илоҷи фатқи бодӣ: Ба ҳангоми ин чора он бошад, ки беморро аз тараҳо ва донагиҳои бодангез, аз пурхории беандоза ва қароқуру бадгуворӣ оваранда ва аз ошомидани шароби омехта ва шароби хоми бодангез дур бидоранд.
Ба ӯ доруҳоеро бидиҳанд, ки бодҳоро ҳал кунанд. Мисоли инҳо гувориши зирагӣ, саҷазаниё ва итрифали бузуруг буда, ҳар кадомро бо ҷӯшонидаи хуланҷон [биошоманд].
Як маъҷуни хубе аз барои чунин [беморон]: Аз барги судоби хушк, динорӯя, зира, нонхоҳ, тухми панҷангушт, бура ва пудина бахшҳои баробар ва аз афитимун як чанди онҳо гирифта, ҳамаро бо ангубин ҷамъ созанд.
Низ, бо судоб, зира, панҷангушт, пудина, ваҷ, донаи даҳмаст, марзангӯш, дермана ва майъа зимод созанд. Равғанҳое, ки бо онҳо чарб кунанд, бояд аз равғани қуст, равғани занбақ ва хусусан равғани нордин иборат бошанд.
Гармибандиҳоро бо ёрии доруҳое ба амал оранд, ки ҳалкунандаи бодҳо буда, борҳо ёд карда шуданд. Ҳар гоҳ дард шиддат ёбад, шиёфҳои ислоҳкунандаеро ба кор бибар, ки аз ангубин, натрун, сакбина, говшир, зира, тухми судоб, барги судоб ва гунди бедастар сохта бошанд ва ба ҳасби ҳоҷат ё ҳамаи инҳоро якбора ва ё қисман бигиранд.
Андар баёни истисқои гӯштии хоя ва истисқои рагии он: Илоҷи инҳо чун илоҷи омосҳои сахт бувад. Бисёр бошад, ки ба ҳангоми истисқои рагии хоя молидани марҳами босалиқун, пиҳҳои нармиоваранда ва мағзҳои устухон кифоят кунад.
Фасли севвум андар баёни баромадани ноф

Гоҳе нофро баромадагӣ рӯй диҳад, ки он ё ба тариқи фатқи маълум ва ё (609) ба тариқи истисқо буда, андар худи он маҳалл ба танҳоӣ рутубате ва ё боде гирд ояд. Гоҳе сабабгори он ягон раги варидӣ ва ё шараёне бошад, ки ба сӯи он хун ҷорӣ шудааст ва гоҳе дигар ин ба сабаби ягон омоси [314] сахт ва ё гӯшти зиёдатие андар зери пӯст ба амал ояд.
Нишонаҳо: Ба ҳангоми он баромадагие, ки ба сабаби берун омадани чодарпиҳ ва ё рӯда ба амал ояд ва хусусан ба ҳангоми фатқи рӯдагон ранги [ноф] айнан мисли ранги ҷасад бошад, вале ниҳоди он ҳар гуна бувад. Фатқи рӯдагонро як миқдор дард ҳамроҳӣ кунад ва он ба ҳангоми зер кардан нопадид гардад ва гоҳе нопадид шуданаш бо қур-қур ба амал ояд. Ба кор бурдани тадбирҳои нармиоваранда аз қабили гармоба, равғанмолӣ ва ҳаракат бузургии онро афзоиш диҳанд. Он баромадагие, ки аз сабаби рутубат рӯй додааст, бо фишурдан барнагар

дад ва нарм буда, аз зер кардан миқдораш тағйир наёбад. Ранги он чун ранги тан бувад. Он баромадагие, ки аз сабаби бод падид ояд, нармтар буда, камтар аз баромадагии рутубатӣ муқовамат кунад ва аз ӯ садои дуҳул ояд. Баромадагии аз сабаби хун баамаломада хунгун ва сиёҳгун бувад. Он баромадагие, ки ба рӯидани гӯшт ва ё ягон сахтие алоқаманд аст, фишурдаи сахт буда, мисли ҳамгинони хеш пахш нашавад.
Илоҷ: Ба ҳангоми он баромадагие, ки аз сабаби кушода шудани рагҳои чи ҷаҳанда ва чи ғайри ҷаҳанда ва ё аз бод ба амал омада аст, набояд ба муолаҷаи он пардохт, чаро ки агар ба муолаҷаи он бипардозӣ, ба буридану дӯхтани он низ хоҳӣ пардохт. Аммо ғайри онро бадин гуна дармон кунанд, ки беморро рост бимонӣ, ба ӯ бифармоӣ шикамашро таранг намуда, нафасашро андар хеш бибандад, то баромадагӣ намудор шавад ва он гоҳ гирди онро бо ягон ранги фарқкунанда хат бикашӣ. Сипас беморро бар пушт бихобон ва баъд доираро бо сардук чунон бардошта, ҷудогона бигир, ки танҳо мароқро дар бар бигирад, на чизи андар зери он бударо ва сӯзанро дароварда, онро аз ҷое бидӯз, ки сӯзан ба ҷисми зери он нарасад. Сипас онро нештар зада, танҳо чизи андар зери мароқ бударо берун овар. Агар андар зери он ягон рӯдае ҷой дошта бошад, ба фурӯсӯ зераш кун, вале агар чодарпиҳ бошад, онро аз ҳам бикаш ва зиёдатиҳоро198 бибур. Баъд аз он маҳаллҳои даридаро бо риштаҳои акси якдигар ва сахт бидӯз, онҳоро ба сӯи якдигар кашида, бар устухони паҳна бибанд ва [чокро] дӯхта аз риштаҳо чаҳор сар бароварда бинеҳ. Мурооти онро бикун, ки фазлаҳо биафтанд ва боқӣ фароҳам оянд ва бикӯш чок моил ба андарун фароҳам ояд, на барҷаста фароҳам омада, баднамуд бинамояд. Тадбири баромадагии бодӣ низ шикофтану буридан буда, баъд онро ба тарзи ёдшуда бидӯзанд.
Фасли чаҳорум андар баёни кужӣ ва кушодани муҳраҳо

Кужӣ иборат аз лағжидани муҳраҳост, ки он ё ба андаруни пушт ва ба сӯи пеш буда, ин кужии пешгоҳӣ бошад ва гурӯҳе онро «тақсеъ» номанд, вале агар ба анбозии устухони сари сина ба амал ояд, онро «қаъс» ва «тақсеъ»
хонанд, ё он ба беруни пушт ва ба сӯи пас буда, ин кужии пасгоҳӣ бошад ва ё мумкин аст он ба сӯи паҳлуҳо буда, онро «каҷӣ» хонанд. Сабабҳои он ё берунӣ буда, аз қабили кӯфт хӯрдан ё афтидан ва дигар чизҳои ба ҳамин монанд бувад ва ё баданӣ буда, аз рутубати ташаннуҷовар иборат аст, вале аксар вақт аз сабаби рутубати фалаҷовар ба амал ояд. Гоҳе мумкин аст кӯжӣ «каҷӣ» буда, на ба сӯи пеш ва на ба сӯи пас бувад. Баъзан кӯжӣ ба сабаби боди пахшкунандаи дарафтида, ё ягон омос ва хуроҷе ба амал ояд, ки сифоқҳоро ба сӯи хеш бикашанд. Бисёр бошад, ки кӯжии омосӣ аз шикамрави хуние199 беҳӣ ёбад, ки он далели пухтагии омос ва кафидани он бувад.
Бисёр бошад, ки ин омос [омоси] сахт бошад. Кужӣ мумкин аст ба сабаби кашидагии ташаннуҷии бандҳо ба амал ояд, вале ин намуд кам биафтад ва зуд бикушад. Ҳамаи инҳо ё ба анбозии якчанд муҳра ва ба тадриҷ ба амал оянд ва ё мумкин аст чунин набошанд.
Кӯжӣ хусусан агар ба сӯи дарун бошад, ҷои шушро танг созад ва боиси баднафасӣ бигардад.

пешина
аз 1215
навбатӣ