Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ин агар андар кӯдак падид ояд, синаи ӯро нек фарох шудан ва васеъ гардидан нагузорад ва ин ба андомҳои нафасгирӣ зиён расонида, нафас гирифтани ӯро танг созад. Бинобар ин Буқрот гуфтааст: «Ҳар кӯдаке, ки пеш аз мӯй баровардан ба сабаби дамкӯтоҳӣ ва ё сурфа ба кӯжӣ гирифтор шавад, ба ҳалокат хоҳад расид». Чаро ки ин гувоҳӣ аз он диҳад, ки моддаи ба амал оварандаи [дамкӯтоҳӣ ва сурфа] ба сӯи муҳраҳо гузашта, андар он ҷой хуроҷи қавии устувори ба моддаи ситабр вобастабударо падид овардааст ва агар ин модда ситабр намебуд, аз он кӯжӣ ба амал намеомад.
Модом ки ҳол чунин аст, ин синаро имконият надиҳад, ки аз барои шуш фарох шавад ва кори нафасгирӣ беҳ бигардад, баръакс, аз бад шудани нафасгирӣ чора нест ва ин ба марг бурда бирасонад. Кӯдаконро ҳангоме кужӣ (610) ва кушодани муҳраҳо падид ояд, ки агар пеш аз вақт ба эшон таом бидиҳанд ва аз он хилтҳояшон ситабр гардида, ба сӯи муҳраҳо бигароянд. Соқи худованди кӯжӣ аз баҳри он борик бошад, ки ба муҷиби кӯжӣ баъзе маҷроҳо ва гузаргоҳҳои ғизоро судда падид ояд.
Нишонаҳо: Нишонаи кӯжие, ки аз сабабҳои берунӣ ба амал ояд, воқеъ шудани худи ин сабабҳост. Нишонаи оне, ки аз рутубат хезад, аз нишонаҳои намуди зоҳирӣ, аз чигунагии ба эҳсос андаромадани маҳалли [дард], аз кам ва ё оҳиста ба худ кашидани ин маҳал равғанеро, ки бар вай бимоланд ва аз тадбирҳои тарифизоии пешомада иборат аст. Нишонаи кӯжии аз омос бархоста аз чигунагии ба ламс дарёфтани маҳалли кӯжӣ ва хусусан ҳис кардани дарди сихзананда ва аз табҳое иборат аст, ки худованди онро ориз бигарданд. Нишонаҳои кӯжии аз хушкмизоҷӣ баамаломада далелҳои хушкии тан, азоби табҳои тез ва истифроғҳо кашидан ва зуд чида шудани равғани [молида] мебошад.
Илоҷи кӯжӣ ва кушода шудани муҳраҳо: Илоҷи кӯжии тар ва хушк аз ҷиҳати лузумияти истифроғ ва ё тарки он ва аз ҷиҳати чигунагии зимодҳо, пухтаковҳо ва дигар тадбирҳо чун илоҷи фалаҷ, ташаннуҷи тар ва ташаннуҷи хушк бувад. Қонуни доруҳои кужӣ ин аст, ки ба ҳангоми кӯжии ғайри хушк бояд доруҳо қабзкунанда бошанд то бандакҳоеро кашида доранд, ки суст шудаанд ва [ба иллати он] муҳраҳо ба [дигар] сӯ майл кардаанд, бояд гармиоваранда бошанд, то он [бандакҳоро] қавӣ созанд ва бояд ҳалкунанда бошанд, то рутубатҳои сустиоваранда ва ё ёвари сустиро нест кунанд. Чунки агар танҳо бо доруҳои қабзкунанда кифоят кунанд, ин барои қавӣ шудани бандакҳо имконият диҳад, вале агар модда ҳал нашавад, мумкин, ки он ба андоми дигар ва аксар вақт ба фурӯсӯ – масалан, ба пойҳо – гузашта ба ҳасби тунукию ситабрии хеш ва ё ба ҳасби омехта шуданаш аз тариқи ҷабидану кашида шудан [бо моддаҳои дигар] андар он андом фалаҷ ба амал оварад. Вале агар пеш аз ин поксозӣ ба кор бурда бошанд, аз истеъмоли доруҳои қабзкунандаи [холис] ҳеҷ боке нест. Бошад ки хусусиятҳои қабзкунандагӣ, гармиоварӣ ва ҳалсозӣ андар як дору ҷамъ бошанд, чунонки андар гавзи сарв ва барги он, андар барги даҳмаст, наи бӯё, ушна ва росан ҷамъ омадаанд. Гоҳе доруро аз қабзкунандаҳои сарде аз қабили гул, ақоқиё ва гулнор ва бо чизҳои тези гармиоварандаю ҳал

кунандае аз қабили донаи даҳмаст, гунди бедастар, барги харзаҳра ва ваҷ таркиб диҳанд. Равғанҳои аз барои кӯжии тар судманд аз равғанҳои чизҳои гарми қабзкунанда иборатанд, ки мисоли онҳо равғани сарв ва ё равғани судоб бувад. Бар зимодҳо аз доруҳои сахт ҳалкунанда, масалан, барги харзаҳра, ваҷ, гунди бедастар ва судоб ва аз равғанҳо равғани судоб, равғани гунди бедастар, равғани оқирқарҳо ва фурбиюн ҳамроҳ кунанд ва онҳоро ба сурати зерин бисозанд: бо нисбати як уқия дору ба як ратл равған мурч, гунди бедадастар, оқирқарҳо, дилаи ҳанзал, фурбиюн ва ангужадро андар равғани судоб тар кунанд. Сипас онро андар офтоб бигузоранд ва баъд аз ду ҳафта равғанро полида, аз нав ба он дору изофа кунанд. Ин корро ҳадди ақалл се бор такрор намуда, баъд ба кор баранд.
Як равғане, ки аз барои кӯжии рутубатӣ ва бодӣ таъсири қавӣ дорад: Абҳал, дермана, мӯрд, гавзи сарв, оқирқарҳо, марзангӯш, шоҳафсар, қардамоно, гӯргиё ва салихаро гирифта, андар об нарм биҷӯшонанд, биполанд ва бар ин об ним чанди он равған рехта, биҷӯшонанд. Ин корро якчанд бор такрор кунанд ва баъд андар он гунди бедастар ва фурбиюну абҳали суда афканда, ба кор баранд. Ин [дору] андомро қувват бахшад, бодҳоро пароканда кунад ва рутубатҳои ситабри бегонаро ба таҳлил нест кунад.
Як зимод аз барои кӯжии бодӣ: Як уқиягӣ майъаи равон, қуст, наи бӯё ва абҳал, як дирам уфурбиюн ва ба қадри ҳоҷат равғани нордин бигиранд.
[315] Илоҷи кӯжии омосӣ ин аст, ки онро чун муолаҷаи омосе муолаҷа кунанд, ки ба душворӣ пухта сар оварад ва ё чун ҳал кардани омоси сахт ҳалаш созанд.
Андар баёни як зимоди кӯжии тар, ки зимоди хуб аст: Ваҷ ва росанро реза карда, андар оби сарв биҷӯшонанд ва бо он маҳалли [бемориро] зимод кунанд.
Як зимоде, ки аз барои ҳам кӯжии тар ва ҳам кӯжии бодӣ судманд аст: Росан, абҳал ва ваҷро гирифта, аз тариқи ҷӯшонидан андар шароб онҳоро нек нарм кунанд ва ҳамроҳи онҳо муқлро ҳал карда, онҳоро чун марҳам бигардонанд ва ба кор баранд.
Агар ин гуна муолаҷаҳо бо ёрии доруҳои ошомиданӣ, зимодҳо ва монанди инҳо суд набахшанд, доғниҳӣ ба кор бибар, (611) то истирхо зоил шуда, маҳалли кужӣ сахт бигардад.
Фасли панҷум андар баёни даволӣ

Даволӣ иборат аз фарох шудани рагҳои соқ ва пой бувад, ки он ба иллати бисёр фуруд омадани хун бад-он ҷойҳо падид ояд. Бештари ин хун хуни савдовӣ, гоҳе хуни покизаи ғайри савдовӣ ва гоҳи дигар хуни ситабри балғамӣ бувад. Чи гунае набошад, он хун бошад, на ягон гандагии дигаре, вагарна пой аз решшавӣ ва омосҳои палид эмин намебуд. Аксар вақт ин пайкон, пиёдагардон, ҳаммолон ва касони андар назди шоҳон бар пой бударо рӯй диҳад. Ин бештар вақт, ки ба амал ояд, баъд аз бемориҳои тезе ба амал ояд, ки ба иллати онҳо модда андар касони ёдшудаи омодаи ин беморӣ ба сӯи [пойҳо] биравад.
Гоҳе ин беморӣ аз оғоз чунон ориз бигардад, ки дардҳои бандкушойҳо аз оғоз ҳамин гуна падид оянд ва он аз миёни касони ёдшуда бештар худовандони бемории испурчро рӯй диҳад.

пешина
аз 1215
навбатӣ