Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ин гуна даволӣ гоҳе илоҷнопазир бошад ва гоҳе онро бибуранд ва аз сабаби буридани он андом бихушкад, аз баҳри он ки рагҳои ғизорасонанда аз байн рафта бошанд. Агар ба ҳангоми намуди савдовии он [рагҳоро] бурида, ин бемориро бартараф кунанд, бемориҳои савдовӣ ва молихулиё ба амал оянд, вале агар хуни пок бошад ва агар [рагҳоро] канда, берун бикашӣ, аз ин бими падид омадани молихулиё нахоҳад буд. Бисёр бошад, ки [моддаи] даволӣ гандида, боиси падид омадани решҳо бигардад.
Фасли шашум андар баёни поғура

Ин фузуниест андар пой, ки ба наҳви ориз шудани даволӣ ориз шавад ва пой ситабру сахт бигардад. Поғура гоҳе ба сабаби хилти савдовӣ, ки ин бештар биафтад ва гоҳе ба сабаби хилти балғамӣ ба амал ояд ва мумкин аст аз сабабҳое ориз бигардад, ки даволӣ аз онҳо падид ояд.
Вай гоҳе аз сабаби хуни хуб бад-ин гуна ба амал ояд, ки хун ба фаровон фуруд омада, пой аз он як миқдор ғизо бигирад ва он нахуст сурх ва сипас сиёҳ бигардад. Сабаб он бошад, ки пурӣ шиддат ёбад, ба иллати бисёрии гармӣ андомро заъф биафтад ва ба иллати шиддатнокии гармии аз ҳаракат бархоста хун ба шиддат кашида шавад. Низ ҳолатҳое аз барои он ёварӣ кунанд, ки даволиро ёвар буванд.
Нишонаҳо: Ҳар яке аз сабабҳои онро бо ранг ва бо тадбири пешгузашта фарқ кунанд. Поғураи савдовӣ сахт ва каме гарм бувад ва сурхи он беосебтар аз сиёҳаш бошад. Поғураи балғамӣ ба нармӣ бигарояд. Гоҳе поғураи савдовӣ зуд рӯ ба тарақидану реш шудан ниҳад. Поғураи хунӣ бошад, худ ба худ маълум аст.
Илоҷи даволӣ ва поғура: Поғура палид буда, кам тасодуф биафтад, ки беҳ шавад ва агар азоб надиҳад, бояд онро ба ҳоли худ бигузоранд. Агар рӯ ба реш шудан ниҳода ва бими хӯра дошта бошад, ба ҷуз аз бун буридан чорае нест. Агар андар оғоз онро бо тадбирҳои истифроғӣ ва хусусан бо қай овардани сахт чорабинӣ кунанд ва агар ба ҳангоми зарурат ба раг задан балғам ва савдоро берун карда, сипас бар пой доруҳои қабзкунанда бимоланд, онро аз ин роҳ пешгирӣ тавон кард. Вале ҳар гоҳ мустаҳкам бигардад, ба суд бахшидани дармон умеди кам бувад. Агар ягон умеде бошад, бояд донист, ки ҷумлаи илоҷи умедноки ин иллат аз муболаға намудан андар илоҷҳои даволӣ ва ба кор бурдани доруҳои ҳалкунандаи қавӣ иборат аст. Гуфтаанд, ки қатрон аз тариқи лесидан ва ё чарб кардан аз барои ин беморӣ судманд аст.
Чораи даволӣ чунин аст, ки бояд аз рагҳои даст хун бигиранд, савдо ва хилтҳои ситабрро истифроғ ва тадбири ғизоро дуруст кунанд, аз ҳар гуна чизи ситабрсозандаи [хилтҳо] бипарҳезанд ва аз ҳаракатҳои ранҷовар

ва рост истодани зиёд дурӣ ҷӯянд. Сипас, рӯ ба ин рагҳо оварда, онҳоро боз кунанд ва ҳар чи аз хуни савдовӣ андар онҳост, берун кунанд ва андар поёни кор раги софин бизананд. Баъд аз он барои пешгирӣ кардани он ҳар сари чанд вақт бо ёраи фиқро ва каме санги ложувард пок сохтани танро вазифа кунанд ва ҳар қадар ки битавонанд, ин корро давом диҳанд ва ё бо оби панир ошомидани афитимунро вазифаи худ созанд. Тамоман тарки ҳаракат кунанд ва бандпечии пойҳоро ба кор бурда, аз фурӯсӯ ба боло ва аз кафи пой то зону банд бипечанд. Ба изофаи он тилоҳои қабзкунандаро хусусан аз зери бастагӣ ба кор баранд. Беморро беҳтар он аст, ки пои нобаста аз ҷой нахезад ва роҳ наравад. Доруҳое, ки хусусан баъд аз поксозии тан аз тариқи задани раги ҳар ду даст ва ё задани рагҳои худи пойҳо бар маҳалли беморӣ тило кунанд, инҳост: хокистари каранб ва ё равғани зайтуне, ки бар вай [хокаи] газ пошида бошанд; боқилии мисрии ҷӯшонида, ки онро ба тариқи тило ва оби онро ба тариқи пухтаков [ба кор баранд]; (612) саргини буз; орди шанбалит; ва тухми турб. Тухми индов низ аз ҳамин қабил аст.
Агар ба ҷуз буридан чизе суд набахшад, гӯштро пора карда, рагҳои фарохшударо пайдо бикун ва онҳоро ба дарозо пора соз. Эҳтиёт бош, ки ба паҳно ва ё ба вуреб пора накунӣ, зеро андар ин ҳол раг [аз зери нештар] гурехта, боиси расидани озор бигардад. Ҳар гоҳ ки чунин кардӣ, ҳар чи қадар хуне, ки андаруни вай аст, берун бирез ва ҳар қадар ки рафтанаш мумкин бошад, бояд биравад. Сипас онро аз тариқи ба дарозо чок кардан пок соз.
Гоҳе рагро берун оварда, аз бун бибуранд. Андар ин ҳол вайро бояд аз бун бибуранд, вагарна зиён хоҳад овард.
Аз ҳама беҳтар он аст, ки ӯро бо доғ ниҳодан берун бикашанд, аз баҳри он ки доғ беҳтар аз буридан бувад. Вале берун кашидани рагҳои сурх равост, на рагҳои сиёҳ ва барои рагҳои сиёҳ он поксозиеро ба кор баранд, ки мо нахуст тавсиф намудем. Бисёр вақт то агар поксозии ба ғоят зиёд ба кор набаранд ва баъд аз он хилтҳои савдовии ситабрро ба исҳол берун накунанд, реш беҳ нашавад. Бояд баъд аз буридан, берун кашидан ва доғ ниҳодан аз чизҳое парҳез намуд, ки хилти савдовӣ бизоянд ва танро пайваста пок сохт, то фазлаи савдовӣ зода нашавад, зеро агар роҳи модда ба сӯи пой баста набошад, беморӣ дубора ба амал ояд ва ё чизи одатан ҳаракаткунанда аз сӯи пой ба сӯи андомҳои гиромитаре ҳаракат хоҳад кард, чунки ба ҳангоми нештар задану пора кардан бими пас рафтани он чизе бошад, ки ба сӯи андоми фурӯмоя ронда шудааст ва андар ин сурат он ба сӯи андомҳои барин биравад. Бад-ин сабаб савоб он аст, ки танҳо баъд аз поксозии ба ғоят зиёд нештар бизананд ва ё кори дигаре бикунанд. Гоҳе домғул поғураро монад ва андар шинохтани он ғалат кунанд, вале домғул андар зери даст биларзад ва поғура бошад, ҳамчунонест, ки ёд кардем.

пешина
аз 1215
навбатӣ