Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Мақолаи дуввум
АНДАР БАЁНИ дардҳои ин андомҳо
Фасли нахустин
андар баёни дарди пушт

Дарди пушт андар мушакҳо ва ватарҳои дарунӣ ва беруние биафтад, ки гирди сутунмуҳраро печидаанд. Ин чи гунае набошад, ё ба сабаби сардии мизоҷ ва балғами хом, ё ба сабаби мондагии бисёр ва ё ба сабаби бисёр ҷимоъ кардан падид ояд. Гоҳе агар сабабҳои кужӣ ҳанӯз устувор нашуда бошанд, аз онҳо ба амал ояд. Дарди пушт мумкин аст ба анбозии бархе аз андомҳои андарунӣ низ рӯй диҳад, чунончи мумкин аст ба иллати нотавонии гурда ва лоғарии он, ба иллати пурии зиёди раги бузурге, ки бар сутунмуҳра ниҳода аст ва ё ба иллати ягон омос ва хуроҷе андар нои шуш пушт ба дард омада, ин гуна дард андар миёни пушт рӯй диҳад. Гоҳе ин ба анбозии заҳдон ба амал ояд, чунонки ба наздики омадани хуни ҳайз, ё ихтиноқи заҳдон ва ё ба наздики дарди заҳ чунин рӯй диҳад. Дарди пушт низ гоҳе яке аз нишонаҳои буҳрон бувад.
Нишонаҳо: Дарди сард ва аз балғами хом бавуҷудомадаро аксар вақт роҳ рафтан ва варзиш фурӯ нишонанд, оғози он андак-андак бувад ва гоҳе ба ҳангоми он сардӣ ҳис карда шавад. Бар дарде, ки аз мондагӣ, бардоштани ягон чизи гарон ва монанди он ва ё аз ҷимоъ бархоста бошад, ба амал омадани пешакии яке аз ин сабабҳо далолат кунад. Дарде, ки ба гурда алоқаманд аст, ба наздики миён биафтад ва баробари он боҳ суст гардида, яке аз сабабҳои маълуми заъфи гурда ҷойдошта бошад. Бар дарди ба сабаби гарми сода падидоянда афрӯхтагӣ ва сӯзиш далолат кунанд ва баробари он сабукию адами дилзанӣ ҷойдошта бошанд. Бар дарди ба сабаби пурии рагҳо ҷой дошта ба дарозии пушт кашида шудани дард ва ба изофаи он ҷой доштани гармӣ, афрӯхтагӣ, дарди дилзананда ва пурии тан гувоҳӣ диҳанд. Бар дарди ба сабабҳои кӯжӣ алоқаманд он чизе далолат кунад, ки мо андар боби [кӯжӣ] баён кардем. Дардҳои пушт ё ба чанг задан ва ё ба рост истодан маҷбур кунанд.
Ба чанг шудан маҷбуркунанда он дардҳоест, ки ба ҳангоми онҳо ягон сабаби ташаннуҷоваре аз қабили омоси сахт ва ё дигар сабабҳои кӯжӣ ҷой дошта бошанд. [316] Тақозокунандаи рост истодан он дардҳоест, ки ба ҳангоми онҳо зарурати мухолифат намудан ба хостаи нафс, яъне осуда доштани мушакҳо аз хамшавию беҷошавии дарднок, ба миён наояд. Агар даст дардро дарёбад, пас, сабаби он бар зоҳир аст ва агар дарнаёбад, сабаби он андарун бошад.
Илоҷи дарди пушт: Ба ҳангоми ин бояд ба дармонҳои дардҳои пайвандгоҳҳо, ки мо онҳоро ёд хоҳем кард ва низ ба дармонҳои кӯжӣ ва кушодагии муҳраҳо муроҷаат намуд, зеро тариқаи ҳамаи инҳо як аст. Дарди сардро аз ҷиҳати сардӣ бояд бо доруҳои ошомиданӣ, зимодҳо ва чарбҳои андар бобҳои гузашта ёдшуда муолаҷа кунанд ва аз ҷиҳати он, ки андар он ҷой [балғами]

хом ҷой дорад, бояд бо ёрии ёраи дилаи ҳанзал ва ҳабби бадбӯй истифроғ оварда шавад. Дарди аз мондагӣ ва монанди он падидомадаро (613) бо ғизои хуб, чарбҳои муътадил ва равғанҳои нимгарм муолаҷа кунанд.
Илоҷи миёндарди аз ҷимоъ падидомада чун илоҷи касест, ки аз ҷимоъ заиф гардида бошад. Илоҷи дарди аз сабаби гурда баамаломада муолаҷаи нотавонии гурда бувад. Илоҷи дарди ба сабаби пурии шоҳраг баамаломада он бошад, ки аз босалиқ ва низ аз раги зери зону хун бигиранд ва ин, хусусан агар аз паси он чарбҳоеро аз қабили равғани гул ва ғайра ба кор бурда бошанд, дарҳол дардро ором кунад. Илоҷи дарди ба сабабҳои кӯжӣ вобаста чун илоҷи кӯжӣ бувад. Азбаски бештари дардҳои пушт аз сабаби сардӣ ва ё аз сабаби заъфи гурда ба вуҷуд ҳамеоянд, бояд бештари илоҷ низ аз ҳамин ду ҷиҳат бошад. Мо андар баёни илоҷи гурда пурра сухан рондем ва гуфторро андар баёни гарм сохтани миён андар боби кӯжӣ низ ба пуррагӣ овардем. Лекин яке аз муолаҷаҳои хосси дарди сарди пушт ин ба танҳоӣ истеъмол намудани равғани фурбиюн бувад. Яке аз доруҳои ошомидании аз барои он санҷидашуда тарёки чаҳордору ва ё равғани беданҷир бо оби карафс бувад. Низ бояд ба миқдори зиёд оби таркардаи нахӯди сиёҳ ва ваҷро бо чаҳор дирам равғани гов ва як дирам ангубин биошоманд ва ин [маҷмӯъро] чаҳордаҳ рӯз ба кор баранд.
Хӯрдани морчӯба ва ин корро ба таври доимӣ давом додан сахт хубу судманд аст. Аз ҳаббҳои исҳоловаранда аз барои онҳое аз миёни худовандони ин дард, ки сардмизоҷанд, ҳабби бадбӯй ба шумор биравад. Зимодҳо бад-ин гуна буванд, ки бо харзаҳра зимод кардан дарди деринаро беҳ кунад ва зимод намудан, масалан, бо говшир, муқл, уша, сакбина, гунди бедастар ва фурбиюн чи ба таври сода ва чи ба шакли мураккаб бо равған ва донаи даҳмаст, бо равғани судоб ва тухми он, бо равғани майъа ва равғани беданҷир сахт судманд аст. Аз чарбҳо равғани фурбиюн, равғани қуст, равғани судоб ва хусусан равғани савсан таъсири аҷиб доранд. Беҳтар он аст, ки нахуст пуштро гарм кунанд ва бо пораи дурушт молиш бидиҳанд, сипас равған бимоланд.
Фасли дуввум андар баёни дарди тиҳигоҳ

Ин ба ҳамин боб наздикӣ дошта, аксар вақт бодӣ ва балғамӣ бувад ва илоҷаш низ ба илоҷи ҳамин гуна дардҳо наздикӣ дорад. Яке аз илоҷҳои хосси он чунин аст:
аз шанбалит, сипандон, тухми карафс, нонхоҳ ва занҷабили чинӣ бахшҳои баробар ва аз сакбина як чанди ҳамагон гирифта, аз онҳо фундуқакҳо бисозанд ва ба кор бибаранд. Агар ин дард ба сабаби омосе ба амал омада бошад, ки андар ин андом ва ё андар андомҳои анбози он ҷо дорад, илоҷаш муолаҷа намудани ин [омос] бувад.
Кам рӯй диҳад, ки ин ба сабаби бадмизоҷии гарм ва ё бадмизоҷии бо модда ба амал ояд, вале агар ба амал ояд, он ба тариқи анбозии андомҳои пешоб ва рӯдагон бувад ва нишонаю илоҷи ҳар ду маълуманд.

пешина
аз 1215
навбатӣ