Қонуни тиб

Фасли севвум андар баёни дардҳои пайвандгоҳҳо ва дардҳои ҳамагонии ниқрис, қавин ва ғайра
Сабаби феълпазири ин бемориҳо андоми пазиранда ва сабаби фоил мизоҷҳо ва моддаҳои бад буванд ва сабаби афзорияш инҳост: фарохшавии маҷроҳои табиӣ, ки ба ягон аразе ва ё офариниш вобаста аст; падид омадани маҷроҳои ғайри табиӣ, ки ҳаракат онро падид оварда бошад; ва камторупудию ковок шудане, ки ба сабаби аразӣ ва ё офаринишӣ алоқаманд аст, чунонки андар гӯштҳои ғуддаӣ ҳамин гуна ҳол ҷой дорад. Сипас ҳар як аз ин бахшҳо ба фаслҳо тақсим хоҳанд шуд. Андоми пазиранда бад-ин гуна сабаби падид омадани ин бемориҳо бигардад, ки ё он ба сабаби бадмизоҷии устуворгардида ва хусусан бадмизоҷии сард заиф шуда бошад, ё на аз ҷиҳати мизоҷ, балки аз бози офариниш заиф бошад, ё хусусан ба ҳангоми ёварии ҳаракат, дардҳо ва сабабҳое аз берун гармии он кашида шавад, вале ин бахш аз бахши мизоҷӣ чандон дур нест ва ё мумкин аст андар зери андомҳои дигар, яъне андар ҷое ниҳода шуда бошад, ки моддаҳо ба табъ бад-он сӯй ҳаракат кунанд ва бинобар он ин гуна [дардҳо] аксар вақт андар пойҳо ва сурин падид оянд. Аммо сабаби фоил бадмизоҷиест, ки андар тамоми тан ва ё андар андомҳои сарвари он ҷой дошта, он афрӯхтагиоваранда, ё сарду афсурдакунанда ва ё хусусан агар бо он рутубати бегона омезиш ёфта бошад, хушксозандаи қабзкунанда бувад. Моддаҳо бошанд, ё хуни сода, ё хуни балғамӣ, ё хуни сафровӣ, ё хуни савдовӣ, ё балғами сода, ки бадтарини он балғами хом аст, ё талхаи сода, ё ягон хилти аз балғаму талха таркибёфта, ё ягон чизе аз ҷинси хуноба ва ё бодҳои гиреҳзада буванд. Ин дардҳо аксар вақт аз балғами талханок, сипас аз балғами хом, баъд, аз сафро ва бисёр ба нудрат (614) аз савдо бархезанд.
Сабабҳои бахшҳои ин ҷинс сабаби бархе аз сабабҳои гузашта ва назлаҳову зукомҳо мебошанд. Муолаҷаи қулинҷ ба наҳве аз ҷумлаи онҳост, ки агар ба ҳангоми ин муолаҷа рӯдагон қавӣ бигарданд ва фазлаҳои одатӣ чун ба сӯи ин рӯдагон ронда шаванд, пазируфта нагарданд ва ба сӯи андомҳои тарафӣ бираванд. Ғизоҳои зояндаи он ҷинс аз моддаҳо, ки падидоварандагони ин гуна дардҳоянд, камгуворишӣ, осудагӣ, оромӣ, варзиш накардан, ҷимоъи бисёр, думодум маст шудан, баста гардидани истифроғҳои одатии ҳайз, мақъад ва дигар истифроғҳое аз қабили раг задану исҳол овардан, ки ба маҷрои одат даромада бошанду, вале тарк карда шаванд, инчунин бо шиками пур варзиш кардан, бо шиками пур ҷимоъ намудан, гармоба кардан аз паси таом ва ношито пеш аз ғизо бисёр ошомидан, ки ба асабҳо ранҷурӣ оварад, ҳама аз ҷумлаи ин сабабҳо буванд. Ҳар гоҳ андар тан хилтҳои хом ҷамъ шаванд ва на аз тариқи табиӣ ба шакли бирозу пешоб ва на ба тариқи сунъӣ берун наоянд, онҳо ночор агар ба сӯи пайвандгоҳҳо бираванд, боиси дарди онҳо
бигарданд ва ё агар андар [рагҳо] боқӣ монда, гандида нашаванд, боиси падид омадани табҳо хоҳанд шуд. Аммо агар табиат онҳоро аз тариқи бироз ва ё пешоб берун биронад, пешоб пайваста ситабр, ғайри тунук ва хом дарёфта хоҳад шуд. Андар ин ҳол беҳтар он аст, ки аз зиёни онҳо эҳтиёт карда шавад, вале агар чунин накунанд, яке аз он ҳолатҳое рӯй диҳад, ки ёд кардем. Агар ба ин моддаҳои хом ҳаракати ранҷовари пайвандгоҳҳо ва ё ягон афтидан ёварӣ кунад ва ё ба изофаи заъфи қувваҳо ягон хашму андӯҳе ба амал омада, қувваҳоро заифтар созанд ва моддаҳои хомро бикашанд, онҳо гузарандаву андарун раванда гардида, аз ин дардҳои пайвандгоҳҳо ба амал оянд. Бештари ин хилтҳо фазлаҳои гувориши дуввум ва севвуманд ва аз ҳама беш андар пирон, худовандони бемориҳои деррав ва касони аз беморӣ бархостае рӯй диҳанд, ки хештанро тадбири дуруст накарда бошанд. Аз баҳри он ки хусусан агар эшон аз тариқи таскиндиҳӣ, на истифроғи кофӣ ва рондани ба ғоят зиёд, муолаҷа карда бошанд, қувваҳояшон заиф шуда, хуб гуворидан натавонанд.
Дардҳо аз баҳри он аксар вақт андар пайвандгоҳҳо биафтанд, ки онҳо холитар аз дигар андомҳоянд, серҳаракаттаранд, мизоҷашон аз ҳама заифтару сардтар аст ва онҳо андар гӯшаҳо ҷойгирифта, аз инояти чорасози аввал дур афтодаанд. Бисёр бошад, ки моддаҳо ва хусусан балғами хом андар миёни пайвандгоҳҳо санг шуда, чун гаҷсанг бигарданд ва низ бисёр бошад, ки андар миёни пайвандгоҳҳои чунин касон ва хусусан андар миёни ангуштҳо гӯшт бирӯяд ва аз он ангуштон каҷу кӯжпушт шуда, гоҳе ба шиддат ва гоҳе оҳиста дард кунанд. Аксари ин гуна ҳолат андар худовандони мизоҷҳои гарм рӯй диҳад. Бисёрии гӯшт ҳангоме бирӯяд, ки агар модда хунӣ бувад. Бештари касонеро, ки дардҳои пайвандгоҳҳо падид оянд, эшонро нахуст ниқрис ориз бигардад. Дардҳои пайвандгоҳҳо аз ҷумлаи бемориҳои ирсиянд, аз баҳри он ки манӣ бар мизоҷи падару модар биравад. Бисёр бошад, ки муолаҷаи дарди пайвандгоҳ, тақвият додани он ва рондани [317] моддаҳо аз сӯи он боиси ҳалокат бигарданд, чаро ки он фазлаҳое, ки одатан ҷудо шуда, ба сӯи пайвандгоҳҳо бирезанд, ба сӯи андомҳои сарвар бираванд ва агар дубора ба сӯи пайвандгоҳҳо кашида нашаванд, худованди хешро андар маърази хатар қарор бидиҳанд. Созгортарини фаслҳо аз барои падид омадани дардҳои пайвандгоҳҳо ва ниқрис фасли баҳор аст, чунки андар ин ҳангом хун ва хилтҳо ба ҷунбиш оянд ва низ хазон бувад, аз баҳри он ки андар он хилтҳову гувориш бад бигарданд ва пеш аз ин андар тобистон масомҳо фарох шуда бошанд. Дардҳои пайвандгоҳҳо андар шабонарӯзӣ рӯзона шиддат ёбанд. Агар дардҳои пайвандгоҳҳоро андар оғози пайдоиш чорабинӣ кунанд, ба осонӣ муолаҷа шаванд, вале агар устувор шуда, одатӣ бигарданд ва хусусан агар аз хилтҳои зодашудаи гуногун ба амал омада бошанд, муолаҷа нахоҳанд шуд. Агар худовандони дарди пайвандгоҳ ва ниқрисро даволӣ падид ояд, ин шифои эшон бувад. Бархе аз касони ба дарди пайвандгоҳ гирифтор ин дардро худ ба иллати бадтадбирӣ ба сари хеш оваранд ва бархе дигар аз он сабаб чунин дардҳоро ба сари хеш оваранд, ки ҳайати андомҳояшон фосид бошад ва маҷроҳои рагҳояшон васеъ буда, андар онҳо ба сабаби бадмизоҷии андомҳои аслӣ хилтҳои бад зода шаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор