Қонуни тиб

Гоҳе дардҳои пайвандгоҳҳо ба ҳангоми табҳо ва боло гирифтани онҳо авҷ бигиранд ва ҳамчунин гоҳе ба ҳангоми онҳо ба амал оянд.
Қавин аз ҷумлаи дардҳои пайвандгоҳҳо буда, дардест, ки аз пайвандгоҳи сурин бархезад ва аз пас ба сӯи рон фуруд омада, гоҳе то зону ва шитоланг бирасад. Ҳар қадар ки дер давом кунад, бештар фуруд ояд ва ин ба ҳасби (615) камию бешии модда бувад. Гоҳе то ба ангуштон рафта бирасад ва аз сабаби он пой ва рон лоғар бигарданд.
Андар охири ин [беморӣ бемор] аз зер кардан ва бо сари ангуштон оҳиста роҳ рафтан роҳат ёбад ва хаму рост кардани қомат барояш душвор бошад. Гоҳе ба ҳангоми он табиат биравад ва бемор аз он суд бинад. Ё мумкин аст он боиси аз ҳуққа баромадани сари рон, яъне «гӯяк»
бигардад.
Дарди сурин бошад, бемориест, ки ба ҳангоми он дард андар сурин бимонад ва ҷуз аз тариқи табдил ёфтан ба қавин фуруд наояд. Ин бисёр вақт ба сабаби заъфе ориз бигардад, ки суринро аз нишастан бар чизҳои сахт, ё аз кӯфт хӯрдан ва ё аз бисёр савора рафтан расида бошад.
Сабабҳои ин низ айни сабабҳои [дарди пайвандгоҳҳост], вале аз сабаби [балғами] хом бештар ориз бигардад. Гоҳе ба тариқи интиқол аз дардҳои деринаи заҳдон, ки муддати дароз, яъне қариб даҳ моҳ боқӣ монда бошанд, падид ояд. Гоҳи дигар мумкин аст аз сабаби моддаҳои гарми омехта, аз пурии рагҳои сурин бо хун ва аз омосҳои андар умқи ин ҷойҳо пинҳоне низ рӯй диҳад, ки ба иллати андар умқ ҷой доштан на мисли омосҳои дигар пайвандгоҳҳо намудор бигарданд. Гуфтаанд, ки ҳар киро дарди сурин бошад ва андар ронаш сурхии қавии бедарде ба қадри се ангушт падид омада, ба ҳангоми он ӯро хориши сахт ба амал ояд ва иштиҳои тараҳо кунад, андар рӯзи бисту панҷум бимирад. Ҳар андоме, ки андар он дарди пайвандгоҳҳост, харобу лоғар бигардад.
Он дардҳои пайвандгоҳҳое, ки ғайри қавин ва ниқрисанд, агар муолаҷа карда, моддаи онҳоро аз бун бибаранд, зуд барнагардад. Аммо қавин ва ниқрис бошанд, аз қабили чизҳоеанд, ки бо андак сабабе зуд боз оянд ва ин ба вазъи андом алоқаманд бувад. Ин иллатҳо ва хусусан ниқрис аз ҷумлаи бемориҳои ирсӣ мебошанд. Моддаи қавин аксар вақт, ки ҷой дошта бошад, андар пайвандгоҳ ҷой дошта, аз он ҷой ба асаби паҳн бигузарад.
Ҳар гоҳ [пайвандгоҳ] дардманд шавад, барои пазируфтани моддаҳое омода бигардад, ки ба изофаи моддаҳои андар оғози кор бандгардида аз тамоми ҷасад ва аз барсӯ ба сӯи он бирезанд. Гоҳе чунин иттифоқ биафтад, ки на андар пайвандгоҳ, балки андар асаби паҳн ҷой дошта бошад. Бисёр бошад, ки рутубати хилмӣ андар мағокии гӯяк ба фаровон ҷамъ шавад ва бандакҳоеро суст кунад, ки миёни фузунӣ ва мағокӣ ҷой доранд ва бинобар он сурин берун ояд. Вале пеш аз ин ҳолате миёни ҷойгирию баромадагӣ ориз бигардад, яъне гӯяк зуд барою даро намуда, сахт ноустувор бошад.
Қавин сахттарини дардҳои пайвандгоҳҳост ва доғ ниҳодан аз ӯ эмин созад. Ниқрис ҳам аз ҷумлаи дардҳои пайвандгоҳҳо буда, гоҳе аз сӯи ангуштон ва [хусусан] аз нарангушт, аз сӯи пошна, гоҳе аз зери пой ва гоҳе аз ба
ри он бархоста, сипас густариш ёбад. Вай гоҳе то ба рон бирасад ва боиси омосидани он бигардад. Чунин ба назар бирасад, ки он на андар ватарҳо ва асаб, балки аз рӯи гуфтаи Ҷолинус андар пайвандакҳо ва ҷисмҳое рӯй диҳад, ки пайвандгоҳҳоро аз берун иҳота кардаанд. Бинобар он ҳеҷ чунин иттифоқ наафтад, ки ҳолати омосҳову дардҳои касони ба ниқрис гирифтор боиси ташаннуҷ шавад. Он чи, ки худовандони ниқрисро ориз бигардад, ин дароз шудани пӯстҳои хоягони эшон бувад. Ниқриси заҳравӣ бисёр бошад, ки хусусан ба ҳангоми сардифизоии зиёд ба марги ногаҳонӣ бикашонад.
Нишонаҳо: Яке аз он сабабҳои ин бемориҳо, ки бояд онро нахуст бо ёрии нишонаҳо бидонӣ, ҳоли содагии мизоҷ ва ё бо модда мураккаб будани он мебошад. Мизоҷи сода кам ва ба нудрат рӯй диҳад ва дард ба ҳангоми он бе гаронӣ, бе дамиш, бе гардидани ранг ва бе нишонаи ягон модда ҷой дошта бошад. Ба ҳангоми мизоҷи моддӣ нахустин чизе, ки бояд дониста шавад, ҷинси модда аст ва онро бо роҳҳои зерин бишиносанд: ё аз тариқи ранги маҳалли [беморӣ]; ё аз тариқи ранги омоси бо дард будаи он, чунонки ба ҳангоми балғами хом ҳамин гуна бувад; ё аз тариқи бо ламс сард, ё афрӯхта ва ё мисли ҳамешагӣ ёфтани он; ва ё аз тариқи муайян кардани аразҳои дард, ки оё он бо афрӯхтагии зиёд ва дилзанист, ё бо афрӯхтагии муътадил ва азҳамкашидагӣ ва ё танҳо бо як худи азҳамкашидагӣ ҷой дорад. Онро инчунин аз тариқи доруе бишиносанд, ки суд бахшида, дардро ором кунад, вале ин ба шартест, ки карахтсозӣ ба ғалат бурда, ба сабаби созгорияш бо чизи сард чунин гумонро ба миён наорад, ки гӯё модда гарм будааст, балки он мумкин аст ба сабаби карахтиоварияш созгор афтида бошад, ё афзудани дард ба ҳангоми сардифизоии афсурдакунанда ба ғалат бурда, чунин гумонро ба миён наорад, ки гӯё модда сард будааст ва ё аз ором ёфтани дард (616) ба ҳангоми ҳалсозӣ набояд ба ғалат афтода, гумон кард, ки модда сард будааст, балки мумкин аст он гарм бошад, вале ба ҳангоми ҳал кардан ҳал шуда, аз дардоварӣ бимонад. Баръакс, бояд ҳамаи ин ҳолатҳо ба назар гирифта шаванд. [Ҷинси моддаро] ё ин ки аз тариқи вақти дард ва афзоиши он бадин гуна, ки оё он ҳангоми холигии шикам ба вуҷуд ояд ва ё ҳангоми пурӣ, аз тариқи зуд ва ё дер падид омадани омос ва ё аслан ба амал наомадани он, ки ин далели хилтҳои тунуки гарм, ё мураккаб ва миёна ва ё хоми холис бувад ва аз ҳоли гаронӣ бишиносанд, чаро ки гаронӣ андар моддаҳои тунуке, ки мумкин аст якбора ба миқдори зиёд ҷамъ шаванд, бештар хоҳад буд. Ҷинси моддаро андар бисёре аз ҳолатҳо аз тариқи пешоб ва чизи андар он ғолиббуда ва аз тариқи бироз, ғолиб будани ягон чизи сафровӣ ва ё хилмӣ андар он ва чигунагии ранги бироз бишиносанд. Ба ҳангоми дардҳои сурин ва қавин бештари бироз чизи хилмӣ бувад. Гоҳе онро аз тариқи синну сол, аз тариқи одати ҳамешагӣ, аз тариқи тадбирҳои пешгузаштаи хӯрданӣ, ошомиданӣ, варзиш, осоиш ва акси он ва ба воситаи анбозии мизоҷи тамоми тан муайян кунанд. Бар моддаи хун сурхии маҳалли дард далолат кунад, ба шарте, ки сахт фурӯрафта ва ё ноаёну ғайри намудор набошад. Бар вай инчунин азҳамкашидагии сахт, муқовимат нишон додани [маҳалл], дилзанӣ, га ронӣ, тадбирҳои пешгузашта ва ҳолатҳои хунии маъруфи тан гувоҳӣ диҳанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор