Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Гоҳе ин гуна тан ситабри сергӯшту серравған бувад. Ба ҳангоми қавини хунӣ дард ба дарозо давида, яксон бошад ва аз задани раг зуд ором гирад.
Бар моддаи сафровӣ гармии сахте далолат кунад, ки дастро ҳангоми расонидан бисӯзонад ва ба изофаи ин ҳаҷми иллат хурд, гаронию азҳамкашидагӣ кам ва сурхӣ андак буда, дард ба зоҳири пӯст бигарояд, аз сардӣ осудагии зиёд ёфта шавад ва тадбирҳои пешгузашта ва дигар далелҳое далолат кунанд, ки андар боби ҳолати тани сафровӣ ёд кардем. Далели моддаи балғамӣ он бошад, ки ранг дигар нашавад ва ё арзизӣ бигардад, андар ин миён афрӯхтагӣ кам, дард доимӣ ва нишонаҳои хун ва талха нопайдо бошанд, дард ба таври шиддатнок ба паҳноӣ густариш ёбад ва тан фарбеҳ бошад, на сергӯшт, балки серравған бувад. Далелҳои маълуми ин мизоҷ он чизҳоест, ки пеш оварда шуданд. Бар моддаи савдовӣ ноаёнии дард, камии азҳамкашидагӣ ва кам фоида бурдан аз илоҷ далолат кунанд. Пӯсти маҳалли [дард] сӯхтарӯй буда, аз нармию тобиши ранг холӣ бувад ва гоҳе ба тирагӣ бизанад. [318] Бар ин [модда] низ ҳоли мизоҷи мард, ҳолати испурчи ӯ, шаҳвати ба ифрот, тадбирҳои пешгузашта ва дигар далелҳое гувоҳӣ диҳанд, ки мо ба ҳангоми шиносонидани мизоҷи савдовӣ бад-онҳо ишорат намудем.
Бар моддаи хунобагӣ200 гармии сахт бо ҳолате чун хориш далолат кунад ва ба ҳангоми он аз чизи хусусияти гармибахшӣ дошта зиёни сахт ва аз чизи хусусияти сардибахшӣ ва қабзкунандагӣ дошта суди бисёр бигиранд.
Бар моддаи бодӣ азҳамкашидагии зиёди бидуни гаронӣ гувоҳӣ диҳад. Низ кӯчидани дард аз ҷое ба ҷое ва тадбири бодзоянда бад-он далолат кунанд. Аммо бар моддаҳои омехта кам фоида дидан аз муолаҷаҳои гарму сард ва ҳаргоҳӣ будани ҳангоми судбинӣ, яъне гоҳе аз як дору ва гоҳи дигар аз зидди он суд дидан гувоҳӣ диҳанд. Ин аксар вақт, ки ориз бигардад, касони гарммизоҷи заҳравитабиатеро ориз бигардад, ки тадбирҳои ғизоии тарифизояндаю сардиоварандаи балғами хом зоянда ва бо шиками пур ҳаракатҳои гуногун карданро ба кор бурдаанд. Бинобар ин ду хилт бо ҳам омезиш ёфта, ситабри онҳо ба миёнҷии бадрақасозии хилти латифи хунии зардавӣ ба сӯи пайвандгоҳҳо биравад. Ин гуна беморон аксар вақт аз тариқи бо дастҳои бисёр нарм фишор додан суд бигиранд ва дардҳояшон ором ёбанд, аз баҳри он ки хилти хом аз ин роҳ ҳал шуда, бипазад. Эшонро чарбҳои гармияшон муътадил ва оромӣ суд бахшанд, зеро ҷунбиш монеи пазиш бувад.
Муолаҷаҳои дардҳои пайвандгоҳҳо, ниқрис ва дарди қавин: Ҳар гоҳ бидонанд, ки сабаб мизоҷи сода аст, тадбири чунин дард осон бувад, аз баҳри он ки ин аксар вақт афрӯхтагии содаи беомос буда, танҳо дигаргун сохтани мизоҷ кифоят кунад ва бузургтарин коре, ки мумкин аст бад-он эҳтиёҷ афтад, истифроғи сафрои тез ва хун бувад. Ҳамчунин, гоҳе мумкин аст афсурдагию сардии дардоваре ҷой дошта бошад. Андар ин ҳолат [низ] табдили мизоҷ кофист ва эҳтиёҷи аз ҳама бузург ин аст, ки аз барои гарм сохтани хун балғамро истифроғ кунанд.
Бисёр бошад, ки хушкии ташаннуҷоваранда ҷой дошта бошад ва ин, (617) чунонки худ ҳамедонӣ, эҳтиёҷ ба та

рифизоӣ дорад.
Аммо агар сабаби дард модда бошад, бояд аз тариқи кашидани он ба тарафи мухолиф ва ба миёнчии коҳиш додани миқдори он ин моддаро таровидан нагузоранд ва андомро тақвият диҳанд, то ки дигар [модда] напазирад ва моддаи мавҷудро ба таҳлил нест кунад. Андар ҳамаи ин ҳолатҳо бояд ба қонунҳои ҳамагонӣ муроҷаат намуд.
Агар модда хунӣ ва ё ғолиби он хун бошад, бояд ба задани раг аз ҷиҳати мухолиф пардохт, вале агар дард ҳамаи пайвандгоҳҳои танро фаро гирифта бошад, аз ҳар ду сӯ [раг бизананд]. Сипас, хусусан агар дард андар бахшҳои фурӯсӯвин бошад, ба қай овардан бипардозанд, аз баҳри он ки қай аз барои ин дард судмандтар аз исҳол бувад.
Баъд аз он ба исҳол овардан машғул шаванд ва агар адами пухтагӣ ва ситабрии модда монеъ набошанд, исҳолро бо ягон доруи қавие оғоз кунанд, вале нармрафторӣ, беосебтару ба тадриҷ амал намудан созгортар буванд. Баъд, аз паси ин бо исҳоловарандагоне исҳол оваранд, ки ба тадриҷ поксозанда бошанд. Бархе аз мардумон андар оғоз исҳоли пайдарпай нарм ва андар охир ба ҳангоми пухтани [хилт] исҳоли қавӣ фармудаанд. Агар модда тунуки сафровӣ бошад ва агар бубинанд, ки пухтааст, савоб он бошад, ки зуд истифроғ оранд, вале агар ситабр бошад ва агар пеш аз ҳама чизе ба кор бурда шавад, ки моддаро тунук сохта, бипазонад ва барои ронда шудан ба ҷиҳати истифроғ омода созад, боке надорад ва ту андар ин миён бо ёрии табиат кушодани тунуке сабукӣ бидеҳ. Агар модда мураккаб бошад, доруи исҳол ва зимодро мураккаб бисоз, вале аз ҳама оқилонатар он аст, ки нахуст бо дору муолаҷа кунанд ва раг задан ба кор набаранд, чаро ки раг задан хилтҳоро ба шӯр оварда, онҳоро андар тан бигардонад ва чизи мавриди эҳтиёҷ берун наояд. Ҳамчунин, истифроғ ба амал наоваранд ва то зоҳир шудани нишонаи пазиш пайваста оби ҷав ба кор баранд. Агар пурии [шикам] ба рондан маҷбур кунад, бояд ин корро бо ягон доруи ошомидание аз қабили оби коснӣ ва ангури сагак бо хиёршанбар ва ё аз ҳама беҳтар бо ҳуқна ба амал овард, ки тақозои якду бор берун рафтан кунад ва ё агар ҳуқна ба кор баранд, хубтар хоҳад буд. Агар беморӣ рӯ ба пастравӣ биниҳад, инро бо ягон истифроғи ноандешидае халал нарасон, зеро ин мумкин аст хилтҳоро аз ҷойҳояшон беҷо карда, ба сӯи [маҳалли] иллат равона кунад. Буҳронҳо ва он ҳолатеро риоя бикун, ки андар рӯзи чаҳорум, ҳафтум ва ёздаҳум биафтад. Хубтарин ҳангоми буҳрон барои чунин [беморон] рӯзи чаҳордаҳум аст.
Агар имконияти он бошад, ки то вақти пухтан истифроғ пас гузошта шавад ва танҳо бо оби гарм, сард ва нимгарм рехтан аз рӯи қонуне кифоят карда шавад, ки андар боби дорурезиҳо ёд шудааст, чунин кор кунанд ва нахуст аз оби сард оғоз намоянд.
Аммо тилоҳои гарм ва доруҳои карахткунанда ҳама зиён доранд: тилоҳои гарм бо кашиш овардан ва доруҳои карахткунанда бо банд сохтану хом нигоҳ доштани хилтҳо. Тилоҳои сардиоваранда низ хилти ситабрро хом бидоранд ва хилти тунукро карахт карда,201 иллатро ба дарозо бикашанд. Ғайри инҳо аз барои чунин беморон аз он ҷиҳат зиёнвар аст, ки пайвандгоҳҳоро тарӣ оварад.
Сикангубин ба сабаби турушии худ чандон созгор нест.

пешина
аз 1215
навбатӣ