Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Тухмиҳои қавии мисли тухми бодиён гоҳе фазлаҳоро бисӯзонанд ва санг созанд. Ҳар гоҳ пазиш ба анҷом бирасад, масалан, бо ёрии суринҷон, бузайдон ва ё ҳаббҳои аз онҳо сохташуда истифроғ биовар ва ба нармӣ раг бизан.
Андар ин ҳангом инчунин бо обсабз ва монанди он тило бикун. Зинҳор андар оғози кор ба бемор доруи камқувват надиҳӣ, чаро ки он моддаро ба ҳаракат оварда, ягон чизи қобили мулоҳазаеро наронад, балки мумкин аст моддаҳои сахти дигареро тунук сохта, ба сӯи андом фиристонад. Ҳар кӣ дору ошомидан бихоҳад, бояд ин корро бомдод бикунад, ғизо хӯрданро ба таъхир андозад, сипас баъд аз се соат даҳ мисқол нонро бо шароб ва каме об тановул кунад, баъди шаш соат ба гармоба бидарояд ва шустушӯй кунад ва сипас ягон чизи мувофиқ бихӯрад. Баъд аз он пешоб битозонад, зеро пешоб тозондан моддаи дардҳои пайвандгоҳҳоро биканад, аз баҳри он ки чунонки ҳамедонӣ, ин модда ва хусусан моддаи ниқриси гарм фазлаи гувориши ҷигар ва рагҳо бувад. Бисёр касон аз аҳли дардҳои сарди пайвандгоҳҳо ва мизоҷҳои тар аз исҳоли чи ба тариқи ошомидан ва чи ҳуқна рехтан ба амал оварда чандон суде набинанд, вале агар бо доруҳои пешобтозонанда муолаҷа карда шаванд, шифо ёбанд. Аз миёни касони лоғар бархеҳо таҳаммули исҳолу пешобтозониҳои бисёр надоранд ва аз ин гуна [тадбирҳо] эшонро сӯхтани хун ба амал ояд. Ҳамаи ин ҳолатҳоро бояд ба назар гирифт. Тарёк низ аз барои дарди сард ва хусусан баъд аз истифроғ судманд аст, зеро он пасмондаҳои моддаҳоро ба нармӣ пок сохта, онҳоро ба таҳлил бибарад ва ҳамаи андомҳоро қувват бахшад.
Аммо [тадбири] пас гардонидани модда аз сӯи андом набояд ба ҳоле ба кор бурда шавад, ки модда қавӣ ва таровиш миқдоран зиёд бошад, зеро ин боиси ду оқибати нохуш бигардад. (618) Якум ин ки ба модда фишор оварда, ба ҳаракатҳои он муораза карда шавад ва бинобар ин дарди бузурге падид ояд. Ҳар гоҳ ин гуна ҳолат биафтад, [аз пасгардонӣ] худдорӣ бикун ва ба истеъмоли доруҳои нармкунанда бипардоз. Дуввум ин ки мумкин аст модда ба сӯи андомҳои сарвар ронда шавад ва ин боиси хатар бигардад. Ҳар гоҳ модда бисёр набошад ва ё мададёбияш кам бувад, андар оғози ҳар гуна дарде ба ғайр аз қавин пас гардонидан бад нахоҳад буд, вале пас гардонидан ба ҳангоми қавин моддаро андар умқ банд созад. Бинобар он бояд ин тадбирро кам ва суст ба кор бибаранд ва ё тарки он намуда, ба истифроғ машғул шаванд. Аммо андар поёни [беморӣ] агарчи бо гузоштани миҳҷамаҳо аз тариқи буришу макидан ва доғ ниҳодан бо доруҳои сурхиоварандаю обилакунанда бошад ҳам, бояд ба тадбирҳое пардохт, ки моддаро ҳал карда, латиф созанд ва аз умқи тан ба зоҳир бароранд. Бо ёрии ин [тадбирҳо] моддаро равон кунанд ва [ҷароҳатро] то муддате фароҳам омадан нагузоранд. Аз ҷумлаи обиласозандагон сир ва пиёз ба шумор бираванд, вале ҳеҷ чиз ба ангубини балозур намерасад ва баъди он ширҳои растаниҳои испедакширӣ ва шири анҷир биистанд. Бояд ҳал сохтану обила кунондан омехта бо нармсозӣ ба амал оварда шаванд, вагарна онҳо боиси санг гардидани пайвандгоҳҳо хоҳанд шуд. Обилаоварӣ низ аз он ҷиҳат мисли ҳалсозист, ки хилти ситабрро бихушконад. Бо до

руҳои ҳалкунанда ва обилаоваранда омехтани пиҳҳо ва дур сохтани сардӣ судманд бувад. Андар оғози беморӣ ва пеш аз истифроғ набояд ба инҳо доруҳои сахт ҳалкунанда омехта шаванд, чаро ки онҳо моддаҳои бисёреро бикашанд ва бахши латифи онҳоро ҳал намуда ва боқиро фишурдаю банд бисозанд. Бояд ин қоида низ андар бештари ҳолатҳо ва хусусан ҳангоме риоя шавад, ки модда часпаки савдовист.
Ҳар гоҳ дардҳо шиддат ёфта, таҳаммулнопазир бигарданд, аз доруи чи ошомиданӣ ва чи андудании оромкунандаи дард чора нест. Доруҳои андуданӣ ё аз тариқи оҳиста ҳал кардани модда ва ё аз тариқи карахтӣ овардан дардро ором кунанд. Доруҳои карахткунандаро ба кор набаранд магар ба ҳангоми зарурат ва ба андозае, ки сахтии дардро паст кунад. Ба ҳангоми [бемориҳои] гарм онҳоро бо ҷуръат, бебокона ва ба миқдори бештар ба кор бибар. Бисёр вақт карахтсозӣ аз ҷиҳати он судманд бувад, ки моддаи фурудояндаро ситабр сохта, бибандад. [319] Бояд донист, ки аз як дору ба доруи дигар гузаштан хуб аст, зеро мумкин аст як дору як андомро суд бахшад, дигар андомро не ва ё мумкин аст андар як ҳангом судманд бошад, вале баъди он зиён оварда, дард биангезад.
[Беморон] бояд то пурра шифо ёфтан ва гузаштани чаҳор фасл аз шароб бехӣ парҳез кунанд. Каси одаткарда бояд ба тадриҷ онро тарк кунад ва ба ҳангоми тарки он кардан доруҳои пешобтозонанда ба кор бибарад. Шароби ангубинафзуда бо доруҳои пешобтозонанда аз барои чунин касон судманд бувад. Аз миёни худовандони дарди пайвандгоҳҳо касони савдовӣ эҳтиёҷ бад-он доранд, ки испурчашонро ислоҳ ва савдояшонро истифроғ намоянд ва танашонро тарифизоӣ карда, бо ғизоҳо, чарбҳо ва ғайра нарм созанд. Чунонки андар аслҳои ҳамагонӣ донистӣ, аз барои чунин [беморон] набояд ба таъкид ҳалсозии холис ва бидуни нармиоварии бисёр ба кор бурда шавад. Бояд эшон ҳатто ба ҳангоми намуди сарди ин беморӣ низ аз гӯшт парҳез кунанд, вале агар лозим ояд ва ҳеҷ илоҷе набошад, андар ин ҳол бояд гӯшти мурғи кӯҳӣ, харгӯш, оҳу ва ҳар гуна гӯштеро [бихӯранд], ки камфазла бувад. Агар дард нахуст андар пушт падид омада, сипас ба сӯи дастҳо бигузарад, аз даст хун бигир, то хилт аз сӯи майли хеш берун ояд.
Исҳол овардани ин гуна [беморон]: Набояд балғами танҳоро, балки якҷоя бо сафро исҳол оваранд, зеро агар эшон танҳо балғамро исҳол оваранд, муваққатан суд бинанд ва сафро бори дигар балғамро аз нав ба сӯи андом равона кунад. Бояд давоҳои исҳоловарандаи эшон бисёр гарм ва чандоне сахт қавӣ набошанд, ки хилтҳоро бигудозанд ва ба миқдори ду чанди [ба исҳол рафта] ба сӯи андом биронанд. Андар ин ҳангом суринҷон боваринок ва серманфаат аст, аз баҳри он ки хилти сардро зуд ба исҳол оварад ва низ хусусияти дигаре ҳам дорад, яъне баъд аз исҳол қабз оварда, тақвият бахшад ва бинобар ин ду хусусият фазлаҳое, ки бо ёрии дору кашида шудаанд, вале ба истифроғ дучор нашуда бошанд, имконияти пас гаштан нахоҳанд ёфт. Ба изофаи он ин [хусусият] пеши он хилтҳоеро бигирад, ки аз таъсири доруи исҳоловаранда тунук шуда бошанд ва онҳоро андар маҷроҳо ҷорӣ шудан нагузоранд. Ин буд таъсири су ринҷон, ки бар хилофи таъсири дигар доруҳои ҳалкунанда ва истифроғоварандаи гарм бувад, чаро ки бештари инҳо гузаргоҳҳоро фарох сохта, онҳоро ба ҳоли фарохӣ бигузоранд.

пешина
аз 1215
навбатӣ