Қонуни тиб

Лекин суринҷон меъдаро зиён дорад ва бояд онро, масалан, бо мурч, занҷабил ва зира биомезанд. Гоҳе онро бо сабр ва маҳмуда барин чизҳо омехта кунанд, то ки исҳоловарияш қавӣ бошад. Бархеҳо чунин ёд кардаанд, ки «пои зоғ» таъсири суринҷонро дошта, меъдаро зиёнвар нест. Санги арманӣ аз барои дардҳои пайвандгоҳҳо судманд аст. Аз доруҳои маъруф ҳабби (619) «фирӯзибахш», ҳабби «бадбӯй» ва ёраи Руфус аз барои қавин ва ниқрис суди азим доранд ва хаскадонаи ҳиндӣ (ҳаббу-н-нил) низ судманд бувад. Моҳудона, бузайдон, моҳизаҳра,202 «гиёҳи кабӯтарон», қантуриюн, ҳанзал, сабр, фошро, фоширастин ва испандро [гирифта], бо онҳо уша, анзарут, муқл, турбид ва оқирқарҳо ҳамроҳ кунанд.
Як нусхаи доруе, ки ба нармӣ исҳол оварад: Як дирам занҷабил, ним дирам мурч, ним дирам ғориқун, ду дирам хасакдона ва се дирам бехи «пои зоғ» бигиранд.
Як ошомидании он аз ҳаждаҳ қирот то бисту чаҳор қирот бошад, ки ин шаш-ҳафт бор қазои ҳоҷати судманд орад. Инчунин: Ним дирамӣ зираи кирмонӣ, занҷабил ва суринҷон ва ду дирам сабрро бигиранд ва чун дуним дирам хокаи ин маҷмӯъро бо оби ҷӯшонидаи шибит [ба бемор] бидиҳанд, дарҳол суд бахшад. Низ: равғани гавз ва анзарут ва ё равғани беданҷиру анзарутро як рӯз бо ёраи фиқро ва як рӯз бе он гирифта, ҳафт рӯз ба кор баранд.
Гоҳе инро бо оби ҷӯшонидаи шикуҳанҷ ва шибит истеъмол кунанд. Ё суринҷон, бузайдон, моҳизаҳра, мурч, занҷабил, анисун ва тухми газари даштиро гирифта, бо ангубин маъҷун созанд ва ҳар рӯз аз он биошоманд.
Инчунин: Сиҳ дирам суринҷон ва даҳ дирам дилаи ҳанзалро гирифта, бо понздаҳ ратл об то се ратл боқӣ мондани он биҷӯшонанд. Ҳар рӯз ним ратл аз онро агар бо се уқия шакар биошоманд, таъсири ниҳоят шигифтоваре бахшад.
Як доруи исҳоловари сабук ва судманд: Се дирам анзарути сурх ва се дирам суринҷонро совида, бо равғани сад дона гавз биомезанд ва аз болои оби шибит [бар бемор] бидиҳанд. Ин бидуни ягон ранҷе исҳол ва сабукӣ оварад.
Як қайоварандаи қавӣ, ки аз миёни худовандони дардҳои пайвандгоҳҳо ва қавин худовандони рутубату савдоро судманд бувад: Як уқия сабр, як уқия тухми харбақи сиёҳ, як уқия маҳмуда, ним уқия фурбиюн ва ним уқия натрунро203 гирифта, бо фишурдаи каранб маъҷун созанд. Агар бо ин қай оваранд, иллатро аз бун барканад.
Доруҳои ошомидании исҳол: Яке аз доруҳое, ки чунин [беморонро] суд бахшад, доруи буссад буда, ба сифати зерин аст: якуним мисқол буссад, ки онро гурӯҳе хайрии сурх пиндоштаанд,204 панҷ дирам мехак, як уқиягӣ мурр, фовониё ва тухми шибит, дувоздаҳ нувот гесугуна ва ду уқиягӣ аз ҳар ду навъи зарованд бигиранд ва як нувот аз ин [маҷмуъро] бо оби ангубин ба бемор дода, нуҳ соат ба ӯ ғизо надиҳанд ва ин корро даҳ рӯз давом диҳанд.
Низ, як доруест, ки онро ҳар вақте ба кор баранд, аз тариқи пешоб тозондан танро пок созад: аз ҳар кадоми ка
мофитус, камозариюс ва ҷентиёно нуҳ уқиягӣ ва аз тухми судоби хушк низ нуҳ уқия гирифта, бикӯбанд ва аз элак бигузаронанд. Ҳар рӯз як кафча аз инро ношито баъд аз гуворида шудани таоми пеш хӯрда бо се уқия оби сард биошоманд.
Инчунин: Як доруи дигари аз буссад сохташудаест, ки ба гуфтаи бархе муддаиён он хайрии шукуфасурх бошад. Нусхаи ин ба нусхаи якумӣ наздик буда, ба таври зерин аст: ду уқиягӣ рованди чинӣ, фовониё, мурр ва сунбул, як уқия созаҷи ҳиндӣ, понздаҳ дона мехак, ним уқия буссад, яъне хайрии ёдшуда ва чаҳор уқиягӣ аз ҳар ду намуди зарованд бигиранд. Як ошомидании он ҳар рӯзе се қиротӣ буда, ошомиданро аз рӯзи Наврӯз оғоз кунанд ва панҷоҳ рӯз давом диҳанд. Баъд, бисту панҷ рӯз тарк намуда, сипас ошомиданро аз нав ба ҳамин дастур тамоми сол, ба истиснои якуним моҳ аз баромадани ситораи Шиъро ва ба ҳасби кишвар, давом диҳанд. Агар бемор тамоми сол онро ошомидан натавонад, бояд андар як нимаи сарди он биошомад. Агар тамоми сол ошомиданӣ бошад ва чун баъди дусад рӯз аз он гузаштан як ва ё ду рӯз андар миён биошомад, боке надорад. Бояд хӯрданиро ҳеҷ набошад то намози дигар аз ӯ дур бидоранд. Бояд дигар тадбирҳоро дуруст кунанд ва аз чизҳое бипарҳезанд, ки барои худовандони дардҳои пайвандгоҳҳо зиёнваранд.
Гурӯҳе чунин тасдиқ кардаанд, ки (620) гуё яке аз чизҳои санҷидашудаи бешубҳа ба бемор доданӣ устухони сӯхтаи одамист. Инро фурӯмоягони яҳуд истеъмол намуда, аз қавин ва дардҳои пайвандгоҳҳо ҳатман шифо меёфтаанд. Ёраи Ҳурмус суди азим дорад ва ҳар ки онро баҳорон якчанд рӯз биошомад, пайвандгоҳҳояш қавӣ бигарданд. Ин дору фазлаҳоро берун кунад, ки аксари он аз тариқи арақоварию пешобтозонӣ бувад ва бад-ин восита қавин шифо ёбад.
Агар омосҳо ва дардҳои пайвандгоҳҳо куҳан шуда бошанд, чунин тадбири зерине суд бахшад, ки мансуб ба Ҳунайн бувад: чаҳоряки як кайлача абҳали хушкро гирифта, бо об ба қадре, ки онро бипӯшонад, бар оташи нарм то сиёҳ шудани об биҷӯшонанд. Як ратл аз равшанкардаи онро гирифта, бар вай се уқия равғани кунҷид бирезанд. Сипас бемор онро биошомад ва аз болои он ғӯрабо дам кашад. Аз барои дарди сурин чунин тадбири сабук аст: агар онро гармоба, оби гарм ва тухмиҳо шабонгоҳӣ хусусан баъд аз таоми бадгавҳар ором кардан натавонанд, қай овардан бо оби нахӯд ва исҳол овардан бо обҳои тараҳо ва хиёршанбар онро ором хоҳад намуд.
Зимодҳое, ки аз барои дардҳои ситабрхилти пайвандгоҳҳо ва дардҳои хилташон андар тариқи сангшавӣ буда судманданд: Як зимоди хуб: се уқия донаи беданҷири поккардаро гирифта бо як уқия равғани гов нарм бисованд ва бар вай як уқия ангубин биафкананд, то часпон шавад. Сипас онро хусусан бар пайвандгоҳҳои хушкида зимод кунанд. Гоҳе бо он як уқия сиркои тез ҳамроҳ кунанд. Зимод намудани [320] саргини гов ба ҳангоми дардҳои пайвандгоҳҳо, пушт ва зону таъсири қавӣ дорад ва анқариб аз бисёр чизҳои дигар фозилтар бувад.
Як зимоди қавӣ: Якуним ратл равғани зайтуни куҳан, як ратл натруни искандаронӣ, як ратл сақизи хинҷак, як уқия уфурбиюн, ду уқия бехи савсани осмонгун ва якуним ратл орди ҳулбаро гирифта, аз онҳо зимод бисозанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор