Қонуни тиб

Низ, муқл, говшир ва пиҳи гудохта аз барои он дардҳои зону ва пайвандгоҳҳо, ки аз балғами хом падид омадаанд, сахт судманд буванд.
Зимоде, ки [хилтҳоро] макида, ҳал кунад: Натрун, мавизаки асалӣ, уша ва оҳакро гирифта, аз инҳо зимод созанд ва ё уфурбиюнро гирифта, бо равғани савсан бисованд ва тило кунанд.
Як зимоди қавӣ: Бура, шакар, оқирқарҳо, мавизак ва оҳакро гирифта, ҳамаро биомезанд ва бо ангубину каме аз сирко бар пайвандгоҳҳо тило кунанд.
Як зимоди хуби ҳалкунанда: Аз уша ва ҳузаз бахшҳои баробар гирифта, бо шароби куҳан, равғани зайтуни норасид ва орди боқилӣ бисованд ва ба шакли гарм зимод кунанд. Зимоди хокистари артанисо бо сирко ва ангубин сахт шигифтовар аст.
Як гурӯҳ зимодҳоеанд, ки аз барои тақвияти андом ва ҳал сохтани пасмондаҳои [модда] бад-онҳо ниёзмандӣ бувад, вале ин ниёзмандӣ баъд аз истифроғи пурра бошад.
Аз ҷумла зимоди зерин ба шумор биравад: аз абҳал, гавзи сарв ва устухонҳои сӯхта бахшҳои баробар, аз замч шашяк бахш, аз зог шашяк бахш ва аз сирешми моҳӣ ба қадре бигиранд, ки аз барои ҷамъсозӣ кифоят бошад. [Як зимоди] дигаре ҳаст, ки аз барои бисёр бемориҳо суд дорад, яъне [суддаҳо] бикушояд, хору устухонпораҳои пӯсидаро аз андарун берун бикашад ва аз истирхо ба таври намоён суд бахшад: бист мисқолӣ тухми поккардаи газна, кафки бура, навшодир, зарованди гирд, бехи ҳанзал ва сақизи набатӣ, даҳ мисқолӣ шанбалит, мурч ва дорфилфил, дувоздаҳ мисқол уша, даҳ мисқолӣ муқл, қардамоно, шохаҳои баласон, кундур, мурр, пиҳи буз ва ротинаҷ, се ратл мум, ҳашт ратл мавизаки асалӣ, ҳашт мисқол шири анҷири даштӣ, равғани савсан ба миқдоре, ки аз барои гудохтани доруҳои тар кифоят бошад ва аз шароби беҳтарин ба миқдоре бигиранд, ки аз барои сириштани доруҳои хушк кифоят бошад ва ҳамаро биомезанд, бисованд ва ба кор баранд.
[Як доруи] дигар, ки аз барои қавин, дарди дасту пой ва дарди дигар пайвандҳо зуд суд бахшад: Ҳулбаро андар ҷогаҳи сафолин гирифта ва бар сараш ба миқдори кифоят сиркои омехта рехта, то нарм шудан бар болои оташи лахча биҷӯшонанд. Сипас, ба миқдори кифоят бар вай ангубин рехта, бори дуввум бар оташи лахча биҷӯшонанд. (621) Баъд, онро каме нигоҳ дошта, ангубин биафкананд ва бори севвум биҷӯшонанд. Баъд аз он вайро гирифта, [то ба вақти ҳоҷат] нигоҳ доранд.
[Як доруи] дигаре, ки бад-он монад: Се ратл зифти маъданӣ, ду ратл дурди хушконидаи сӯхтаи сирко, якуним ратл бура, як ратлӣ аз самғи санавбар, мум, гӯгирди носӯхта ва мавизак, ним ратл оқирқарҳо ва як қист қардамоно.
Чарбҳои аз барои ин ғарази ёдшуда [лозим]: Равғани ҳанзал; равғани гунди бедастар; равғани хардал; равғани гавзи румӣ ва хусусан агар онро бисӯзонанд ва равғанаш битаровад. Равғани қуст хусусан бо майъа ба ғоят хуб аст. Равғани ҳанзале, ки фишурдаи онро бо равғани гул то хушк шудани об ҷӯшонида бошанд ва ё равғани қуст бо ангужад низ ҳамчунинанд. Яке аз чарбҳои суд
манд равғани зайтунест, ки андар он афъӣ ҷӯшонида бошанд ва ин яке аз он доруҳоест, ки шифои комил бахшад.
Аз ин ҷумла равғани кӯршабпара бувад, ки сифаташ чунин аст: дувоздаҳ кӯршабпараи забҳшуда, як ратлӣ фишурдаи барги марвхуш ва равғани зайтуни куҳан, чаҳор дирам зарованд, се дирам гунди бедастар ва се дирам қустро гирифта, ҳамаро якҷоя ба қадре биҷӯшонанд, ки об биравад ва равған бимонад.
Яке аз пухтаковҳое, ки андар ин маънӣ оромкунандаю судманд аст, пухтакови зерин бувад: Ҷав ва коҳуро гирифта, бо сирко то пухта нарм шудан биҷӯшонанд ва бо он [маҳалли дардро] бишӯянд. Ин аз барои дарди гарммизоҷ созгор аст. Низ: марзангӯш, шибит, барги даҳмаст, судоб, саътар ва зираро гирифта, биҷӯшонанд ва бо он пухтаковрезӣ кунанд. Яке аз тадбирҳои судбахшанда бахур кардани пайвандгоҳҳо ва зону бо бухори сиркоест, ки андар он баробари як бахш аз вай шашяк бахш испанди кӯфта андохта бошанд. Андар он сангчаи тофта андохта, ба зери ҷома ва ё чизи дигар андароварда, бахур кунанд. Гоҳе беморро андар оби ҷӯшонидаи гӯрхаре нишонанд, ки ҳамаи андомҳои онро ҷамъ сохта, бо шибит, намак, тухмиҳо, гандано ва монанди инҳо ҷӯшонида бошанд. [Андар] ҷӯшонидаи кафтор ва рӯбоҳ [низ нишинанд] ва сифати он чунин аст: обро ба қадре сахт биҷӯшонанд, ки аз се ду ҳиссаи он биравад, сипас андар он кафтор ва рӯбоҳро ё зинда ва ё забҳ намуда, бо хунашон афкананд ва то дам кардан биҷӯшонанд. Баъд, оби онро биполанд ва беморро андар он нишонанд. Ё андар он об равғани зайтун афканда, то омехта шудан ва ё то рафтани обу боқӣ мондани равған биҷӯшонанд ва [беморро] андар он нишонанд. Гоҳе онҳоро, чунонки ҳастанд, андар равған биҷӯшонанд.
Гармобаҳои гуногун аз барои ин гуна [беморон]: Гармобаҳои тари гарм, ба ҷуз обҳои гармчашма ҳама эшонро зиён доранд, аз баҳри он ки хилтҳоро бигудозанд ва гузаргоҳҳоро фарох созанд. Аммо гармобаҳои хушке, ки баробари он бо натрун ва намак молиш бидиҳанд ва [инчунин] зери реги гарм кардану арақ овардан аз барои эшон судманд бувад.
Доруҳои гарму нарме, ки дардро ором кунанд: Шанбалитро гирифта, бо сиркои омехта то нарм шудан бисованд. Сипас бар вай ангубин рехта, то баста шуданаш биҷӯшонанд. Баъд, онро мисли ғолия бар зерсанг совида, бо пораи катон бар маҳалли [дард] бибанданд ва дусе рӯз бигузоранд. Хушкшавияшро бо равғани гул пешгирӣ кунанд. Ин дору андар аввалҳои беморӣ ва ҳангоми болоравии он созгор аст. Инчунин, аз барои ҳангоми оғозёбии дард ва аз барои осори боқимондаи он луоби шанбалит ва тухми катонро гирифта, бо равғани кунҷид шикананд ва ба сони ангубин ситабраш созанд. Агар дард чандон сахт набошад, онро бо каранби тар ва карафс ва агар дард қавӣ бошад, бо орди бехи савсани осмонгун, орди ҳулба, орди нахӯд ва бо ёрии шароби ангубин, андаке шароб ва каме равғани ҳино зимод кунанд. Инчунин, хокистари каранбро бо ягон пиҳе [ба кор бибаранд].
Мумравғане, ки бо равғани бобуна сохта шудааст, сахт хуб бувад.
Доруҳое, ки аз тариқи карахтиоварӣ дардро фурӯ нишонанд: Чаҳор мисқол афюн ва як мисқол заъфарон ро гирифта, бо шири гов бисованд, бар вай мағзи нони сафед афканда, нарм кунанд ва аз он зимод сохта, бо барги чугундар ва коҳу бипӯшонанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор